Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

КОРХОНАИ «КАРОН – КАЛСИТ» ДАР ТАЪМИНИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ НАҚШИ МУАССИР МЕГУЗОРАД

 

 karon kalsit

 

  Боиси хушнудист, ки 19-уми августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Дарвоз дар қатори дигар иншоотҳо корхонаи «Карон – калсит»-ро низ мавриди истифода қарор доданд.

 

Корхонаи мазкур дар деҳаи Вищхарви Ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳия ҷойгир буда, фаъолияти густурда дорад.

 

Бо мақсади огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти корхонаи мазкур сӯҳбате доштем бо муовини аввали директори ҶДММ «Карон –калсит» Шӯҳрат Расулов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзномаи «Дарвоз» менамоем:

 

«ҶДММ «Карон – калсит» фаъолияти густурда дошта, дар ду баст зиёда аз 15 тонна 1- микрона хокаи калсит истеҳсол менамояд. Хокаи калситро дар истеҳсолот барои эмулсия, рангҳои гуногун, пластика ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истифода мебаранд.

 

16-нафар кормандони корхона, ки аксарияташон сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ, 2-вақт хӯроки гарм ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

 

То фаро расидани фасли зимистон дар се баст фаъолият мекардем, аммо бинбар сабаби хунук шудани ҳаво ва кам шудани талабот ба маҳсулот дар ду баст фаъолият менамоем. Тасмим гирифтаем, ки шурӯъ аз моҳи март фаъолияти корхонаро истеҳсоли маҳсулотро зиёдтар намоем.

 

Айни ҳол маҳсулоти корхона фақат ба дохили ҷумҳурӣ содирот карда мешавад. Дар оянда кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти корхонаро ба берун аз ҷумҳурӣ низ содирот намоем ва иқтидори истеҳсолии корхонаро баланд бардорем.

 

Корхона мувофиқи талаботи мизоҷон ва талабгорон метавонад, хокаи калсити 2-3-4микрона низ истеҳсол намояд.

 

Аз сабаби хуб будани сифати маҳсулоти корхонаи мо талабот ба он зиёд аст. Ва минбаъд кӯшиш менамоем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро баланд бардошта, шумораи кормандонро зиёд намоем. Ва бо ин восита дар таъмини ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши арзандаи хешро гузорем», -иброз намуд Расулов Шӯҳрат дар охири сӯҳбат.

 

 

                                                                                          П.Ватанов

 

 

 



Омори сомона

1175144
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
306
482
938
1170502
11722
25133
1175144