Зариф Ализода: «Қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигори шинохтаанд, ки маҳз аз дасти наҳзатиён кушта шуданд»
Тавре қаблан иттилоъ додем, 16 сентябри соли 2019 дар шаҳри Варшава ҳамоиши навбатии САҲА ба кори худ оғоз кард. Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар ин ҳамоиш, аъзои ҳайати расмии Тоҷикистон дар чанд ҷаласа суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, роҳбари ҳайати давлатӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода диққати ҳозиринро ба масъалаи иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таъмини арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҷалб кард.
З. Ализода дар мавриди тағйирот ба низоми интихоботӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон изҳори назар карда, афзуд, ки баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як қатор тағйиротҳо ба системаи интихоботӣ ворид карда шуд. Дар ҳамин замина якчанд пешниҳодҳо амалӣ гардиданд. Дар Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ коркард ва қабул шуд. Салоҳияти ин комиссия васеъ гардида, он ба ниҳоди доимоамалкунанда табдил дода шуд. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун машваратчӣ иштирок мекунанд. Мувофиқи қонун иштироки намояндагони мустақил ва хориҷӣ дар интихобот пешбинӣ гардидааст.
Роҳбари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон Зариф Ализода гуфт, ки соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламентӣ ва президентӣ баргузор мегардад. «Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям»,-илова намуд ӯ.
Вобаста ба вазъи парламент ва демократия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд. Аз онҳо 3 ҳизб дар парламенти кишвар намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст.
Роҳбари ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон тазаккур дод: «Ташкилоти «Гурӯҳи-24», ки қаблан баромад намуд, мувофиқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ дар қаламравии ҶТ мамнӯъ эълон шудааст. Беш аз ин, қайд менамоям, ки роҳ додан ба таҳқири Ҳукумати ҶТ ва роҳбарияти кишвари мо дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи қасосгирӣ табдил дода шавад».
Дар идомаи суханронии худ, роҷеъ ба иқдомоти давлати Тоҷикистон дар заминаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, З.Ализода зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии ҳимояи журналистон пурра таъмин аст. Соли 2012 аз Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаҳо оид ба таҳқир бардошта шуданд. Акнун масъалаи паҳн намудани маълумоти бардурўғ аз ҷониби журналистон ҳамчун мурофиаи гражданӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои монеагузорӣ ба фаъолияти журналистон ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
«Мутаассифона мо дар самти ҳуқуқ ва озодиҳҳои журналистон суҳбат менамоем, аммо уҳдадории ин категорияро баррасӣ намекунем. Танҳо баррасии якҷояи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва уҳдадориҳо метавонад, мушкилиҳоро дар соҳаи журналистика ҳал намояд», — таъкид намуд Зариф Ализода.
Роҳбари ҳайати расмии ҳукуматии Тоҷикистон Зариф Ализода фишор болои журналистон дар Тоҷикистонро қатъиян рад намуда, изҳор дошт, ки баъзе журналистон барои гирифтани мақоми паноҳанда дар Аврупо якчанд мақолаи зиддиҳукуматӣ бо муҳтавои экстремистӣ ва бо даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ нашр намуда, ин усулро барои соҳиб гардидан ба санади гуреза ва паноҳҷў шудан истифода мекунанд. Барои онҳо тамоми воситаҳо қобили қабул мебошанд.
Зариф Ализода даъво дар бораи қурбони мақомоти расмии Тоҷикистон шудани журналистонро низ буҳтони маҳз хонда, гуфт, ки қурбониёни воқеӣ даҳҳо рӯзноманигорони шинохтаи ҷумҳурӣ ва берун аз он буданд, ки аз дасти наҳзатиён кушта шуданд. «Мисоли равшани ин гуфта, Отахон Латифӣ аст, ки маҳз аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба қатл расонида шуд. Ин ва даҳҳо далелҳои дигар маълум ва ҷойи баҳс надоранд»,-тазаккур дод ӯ.