ЁДЕ АЗ РОДМАРДИ ГУЛШАНИ АДАБ
Сайф Раҳимзоди Афардӣ 20-уми ноябри 1953 дар деҳаи Афардии ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз кӯдакӣ ба нависандагӣ шавқу рағбати беандоза дошт ва барои ба ҳадафи бузурги хеш расидан ҳамеша кӯшиш ва саъю талош менамуд.
Шодравон Сайф Раҳимзод яке аз нависандагон ва рӯзноманигорони барҷастаи охири асри 20 ва ибтидои асри 21 ба ҳисоб меравад. Навиштаҷоташ таҷассумгари меҳру муҳаббат, эҳтиром, сулҳу субот ва арзишҳои инсонӣ мебошад. Устод Раҳимзод дар мусоҳибаҳояш ба худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ таъкид менамуд. Вай дар нигориши сухан сабку услуби хоси худро дошт. Бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии мамлакат бо афроди афкорашон барои ҷамъият хавфнок бо қалам мубориза мебурд. Ин рӯзноманигор ва нависандаи забардаст дар тарғиби таҳкими ғояҳои давлатдории сохти конститутсионӣ нақши босазое дорад.
Бо ташаббуси устод Сайф Раҳимзоди Афардӣ ҳангоми раҳбарии Кумитаи радио ва телевизион дар фаъолияти васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон навгониҳо ба амал омаданд. Ӯ ҳамеша аз заруроти дастрасии ҷомеа ба озодии сухан мегуфт. Сайф Раҳимзоди Афардӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷа низ ҳамчун нависанда ва рӯзноманигор шинохта буд.
Устод Раҳимзод илова бар камоли касбияташ ҳамеша дар пайи омӯзиш буд. Шуғли дӯстдоштаи устод китобхонӣ буд. Ӯ дар ҷомеа, дар миёни омма хеле муаддабона муносибат мекард. Устод Афардӣ шогирдони зиёде дорад, ки ҳоло аз устодашон бо ифтихор ёд мекунанду набуданашро эҳсос мекунанд. Ҳайҳот, ки халқи тоҷик ба мисли ин гуна фарзандони муваффақи худро аз даст додааст. Устод Афардӣ дар оила хеле мушфиқу меҳрубон буд. Фарзандонро дар роҳи меҳри илму маориф, худогоҳиву худшиносӣ ва садоқат ба Ватан тарбия мекард.
Дар тӯли фаъолияташ ӯ аз он ифтихор дошт, ки Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол гаштааст. Мехост дар он вазъи саргумии халқи тоҷик миллати тоҷикро бовар кунонад, ки ояндаи дурахшон ва мутараққӣ онро интизор аст.
Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар тарғиби таҳкими сиёсати Ҳукумати навтаъсиси демокративу ҳуқуқбунёди Тоҷикистон пешсаф буд. Мардумро ба сулҳу субот ва оромӣ даъват менамуд. Вай ҳамчунин, дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоии худ ҷиҳати ҷалб намудан ва бархурдории мардум аз адабиёту санъати суннатии худ таъкид медошт.
Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҳрони сиёсӣ қарор дошт, гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин бо назардошти бастани Созишномаи истиқрори сулҳ онҳо аз ибтидо ваъдашиканӣ менамуданд. Сайф Раҳимзоди Афардӣ аз ҷумлаи он ашхосе буд, ки чунин гурӯҳҳоро зери тозиёнаи танқиди шадид қарор медод. Ӯ дар суханрониаш меафзуд, ки на бояд бо чунин ғояҳои паст дар ҷаҳони мутамаддин даъвои қудрати сиёсӣ дошта бошанд. Ба ақидаи Сайф Раҳимзод чунин афкори носолим моро ба гузашта бармегардонад. Мутаасифона, 20-уми марти соли 2000 дар наздикии хонаи истиқоматиаш устоди суханро гумоштагони гурӯҳи иртиҷоии ТЭТ ҲНИ бо фармони роҳбарони он мавриди ҳамла қарор доданд, ки бар асари он ба ҳалокат расид. Халқи тоҷик муборизи қаламбадасти худро аз даст дод. Боз як суханвари мумтози адабистони тоҷик аз байни мо тоҷикон рафт. Воқеан, мусибат аст, вақте ки як равшанфикр аз ҷомеа дур мешавад. Чунки чароғи дониши он ба ҳама нурпошӣ мекарду ҳоло ки хомӯш шудааст, ҷомеаро хатари ҷаҳолат таҳдид мекунад.
Рустам Акрамов, сокини ш.Душанбе