Ёдбуди шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат
Рӯзи 20-май соли 2019 дар асоси Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия дар бинои қасри фарҳанг 87-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат бо иштироки бевоситаи Раиси ноҳия Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмони , муовинони раис, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия ва МИҲД, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сардорони идораю муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот баргузор карда шуд.
Ҳамчунин, дар ин маҳфили адабӣ-мусиқӣ, ки ба хотири ёдбуди устоди зиндаёд ташкил карда шуда буд, наздикон, дӯстон, шоирон, ҳаводрон ва хешу таборон иштирок доштанд.
Нахуст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз, муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон суханронӣ намуда ба 87-солагии устод Мӯъмин Қаноат табрику муборакбод намуданд.
Сипас, Акбаршо Ҳайдаров, Пирмуҳаммади Орзу ва Мизонов Каримҷон аз лаҳзаҳои ҳаёти шоир Мӯъмин Қаноат ёдоварӣ намуда, шеърҳои навиштаи худро дар сугвории шоир пешкаши аҳли толор намуданд.
Дар чорабинии мазкур хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони бахши фарҳанг бо шеъру сурудҳои худ аз ашъори устод таъби бинандагонро болида сохтанд.