Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Тољикистон макони рекламаи сатру њиљоби аљнабиён нест

Дар расонањои хабарї бањсу мунозирањо оид ба пешнињоди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати аз љониби занони тољик напушидани либоси ба фарњангу миллати мо бегона, аз љумла сатр ё русарї зиёд ба назар мерасад.

Банда њам вобаста ба њолати ба амал омада мехоњам фикри аќидањои худро пешнињод намоям.

             Бояд ќайд намуд, ки мо мардуми тољик расму анъанањои худро љињати пушидани либоси миллї вобаста ба минтќањои кишварамон аз солњои пешин доштем ва ин анъанањои гузаштагони мо то барњамхурии собиќ Иттињоди Шуравї амал мекард. Баъди соњибистиќлол гардидани Љумњурии Тољикистон ва кушода шудани рафту омади шањрвандони мо ба хориљи кишвар аллалхусус ба давлатњои мусалмонї, аз тарафи занони тољик пушидани либосњои ба миллати мо бегона сатру њиљоб ба ќавле «муд» шуд.  Саволе ба миён меояд, ки чаро занони давлатњои мусалмонї либосњои миллии мардуми тољикро ба бар накарданд?. Њол он ки вобаста ба минтаќањои Тољикистон занони тољик њам сифр либосњои миллии мусалмониро ба бар мекунанд ва ин анъана аз бибию модарони мо то кунун ба мерос мондаанд, онњо низ худро мусалмон мењисобиданд аз рўи талаботњои шариати ислом либос мепушиданду мепушанд.

             Ба аќидаи банда занони ба ном «занњои тољики нави мусалмон» бо ин роњ мехоњанд худро реклама карда ба атрофиён нишон бидињанд, ки гуиё онњо љањонгаштаанду дунёро дидаанд ва бояд чунин тарзи либосњоро ба бар намоянд. Вале бехабар аз онанд, ки бо ин восита таърихи худро анъанањои бибию модарони гузаштаашонро поймол карда ба рекламаи сатру њиљоби ба мардуми тољик бегона машѓул шуда ба соњибкорони ин давлатњо миллионњо маблаѓњои пулї фоида меоранд. Оё занони муњтарами мо медонанд, ки барои соњибкорони давлатњои исломї талаботњои шариати ислом  муњим нест, муњим онаст, ки онњо бояд аз камсаводї ва бефарњангии мо истифода бурда ин либосњои гаронарзиши бесифатро ворид сохта бо ин роњ љайби худро пур кунанд. Аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон низ танњо бо маќсади пешгирї намудани  пушидани либосњои бегонаи сатру њиљоб аз тарафи занони тољики мо мебошад ва то њол ягон далел ба ќайд гирифта нашудааст, ки аз љониби маќомотњои дахлдор русарии зани тољик ба зўрї гирифта шуда бошад. Модарону хоњарони мо бояд ба ин масъала диќќати љиддї дињанд ва барои равнаќи расму анъанањои бибиву модарони гузаштаи мо вобаста ба пўшидани сару либоси миллї кушиш ба харљ дињанд на балки сатру њиљоби барои мардуми бегонаро таќлидкорї кунанд. 

            Аммо баъзе аз занону мардони бехираду каљфањми   мо, дар мисоли Воњидова Ф. ва С.Садриддин дар сомонањои иљтимої оиди масъалаи мазкур ба бањсу мунозира пардохта, масъалаи мазкурро аз љињати сиёсї бањо дода истодаанд.  Яке аз инњо Файзинисо Воҳидова мебошад, ки дар сомонаи интернетї маќолаи ў вобаста ба ин масъала ба чоп расидааст. Охирин ќайд кардааст, ки «Агар воқеъан ин тасмими давлат ҷиддӣ аст, пас чунин маҳдудкуниҳо дағалона вайрон кардани ҳуқуқи занон ба озодии интихоби либос ва озодии эътиқод ба хисоб меравад…». Ба аќидаи ман Ф.Воњидова, ки худ дар умрашон ягон маротиба  сатру њиљоб он тараф истад  либоси миллии тољикиро дуруст ба бар накардааст,  ба ќавле «аз пашша фил сохта»,  бо ин восита мехоњад худро дар байни занон њамчун «ѓамхор» нишон бидињад. Аммо мардум аллакай аз њилаю найранги ин бону хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ў эътибори љиддие  намедињанд. 

          Њамзамон,  Воњидова Ф. ва С.Садриддин бояд донанд, ки занони бошарафи тољик дар давраи Иттињоди Шуравї ва њоло низ бо либосњои миллї, бо руймол ба кор мераванд ва аз љониби ягон роњбари корхона ё шахси масъул далели  аз сар гирифтани руймоли коргарзан  ба ќайд гирифта нашудааст.   Барои њамин лоф задани чунин ашхос аккос задани сагро мемонад ва мардуми сарбаланди тољик њељ гоњ ба аќидањои онњо фирефта намешаванд.

            Дар охир чунин ќайд карданиям, ки бо маќсади ба танзим даровардани пушидани либоси миллї, пешгирии ба бар кардани либосњои ба занњои мо бегона, аз љумла сатру њиљоб, дар Љумњурии Тољикистон амалї гаштани чунин ќонуни ба танзимдароваранда айни муддањо буда, ташаббускори ин ќонун низ модарону хоњарони бофарњангу  миллатдўсти тољик, ки аз расму оин ва таърихи бойи худ огањи доранд,  ба њисоб мераванд ва Тољикистон макони рекламаи сатру њиљоби бегонаи аљнабї нест.

                                                                     Парвини Олимдухт, соњибкор



Омори сомона

1322329
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
952
476
3270
1315378
12289
23181
1322329