Таҷлили бошукуҳи «Рӯзи ҷавон» дар ноҳияи Дарвоз
Санаи 23 май дар маркази нҳияи Дарвоз деҳаи Қалъаихум бахшида ба «Рӯзи ҷавонон» роҳпаймоии ҷавонон зери шиори «Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар роҳпаймоии мазкур зиёда аз 600 нафар ҷавонони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Баъдан, бахшида ба ин рӯз маҷлиси тантанавӣ баргузор гардида, муовини якуми раиси ноҳия Давлатзод Ҳаким Алушӣ суханронӣ намуда, ҷавононро аз номи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон табрику таҳният намуданд.
Дар ҷашни мазкур 4 нафар варзишгар бо унвони устоди варзиш аз намуди гӯштини Дзюдо бо шаҳодатнома ва 4 нофар ҷавони дигар бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мукофотонида шуданд.
Дар охир барномаи пешкашнамудаи бахши фарҳанги ноҳия манзури тамошобинон гардонида шуд.
Солеҳзода С.