Таҷлил аз 25-умин солгарди Қушунҳои сарҳадӣ
Саннаи 28.05.2019 дар маркази ноҳияи Дарвоз қисми низомии 0409 25-умин солгарди Қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Нахуст, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва афсарону сарбозонро ба муносибати ин саннаи таърихӣ табрику муборакбод гуфта, орзӯи тансиҳатӣ, тавонмандии афсарону сарбозонро намуда, дар ҷодаи касби душвор, аммо пуршараф ба онҳо муваффақият таманно намуд.
Дар чорабинии мазкур 6 нафар афсарони қисми низомии 0409 бо ифтихорномаи раиси ноҳияи Дарвоз ва маблағи пулии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 4 нафари дигар бо сипосномаи Ташкилоти маъюбони ҷанги дар Афғонистон барои хизматҳои шоён қадрдонӣ карда шуданд.
Сипас, наваскароне, ки дар даъвати баҳории соли 2019 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида буданд савганди ҳарбӣ ёд намуданд.
Дар охир кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи омоданамудаи хеш табъи тамошобинонро болида сохтанд.