Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЗЕҲНӢ — МАСЪАЛАИ МУБРАМ

Мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир ҳар як мамлакатро водор мекунад, ки ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ, аз ҷумла захираи зеҳнии миллат, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи амнияти зеҳнҳо, чун ҷузъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ин нуктаро 21-уми майи соли равон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Зиёӣ зимни суҳбати гирди миз, ки дар мавзӯи «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» баргузор шуд, таъкид намуд.

Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзида, мавзӯъҳои «Ҷангҳои менталӣ дар ҷаҳони муосир ва мавқеи Тоҷикистон дар раванди муборизаҳои иттилоотӣ», «Амнияти зеҳнӣ – ҷузъи муҳими амнияти миллӣ», «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳамчун кафили амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ», «Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон – калиди амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Раванди муҳоҷирати зеҳнҳо ва таъсири он дар амнияти иқтисодии кишварҳо (таҷрибаи ҷаҳонӣ)» ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба масъалаи амнияти зеҳнӣ ва нақши он дар таъмини истиқлолияти миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Абдураҳмон Қурбонов зимни баромад зикр кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таваҷҷуҳи беандоза ба илму фарҳанг, ҳамчунин, соҳаи маорифро «пояи асосии рушд ва амнияти кишвар» номидаанд. Масъалаи муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ, ки бо унвонҳои «муҳоҷирати зеҳнҳо», «гардиши мағзҳо», «фирори мағзҳо», дар маҷмӯъ аз кишвар баромада рафтани мағзҳо вомехӯранд, дар адабиёти илмии дунё, солҳои 50-уми асри гузашта мавриди истифода қарор гирифт ва аз ҳама кишвари осебпазир Эрон маҳсуб мешуд. То солҳои 90-уми асри ХХ дар адабиёти илмии тоҷик мафҳуми «амнияти зеҳнӣ» вуҷуд надошт. Ҳоло зери ин мафҳум масоили марбут бо неруи зеҳнии миллат, ҳимояи моликияти зеҳнӣ, нигоҳдории маҳсули меҳнати фикрӣ фаҳмида мешавад. Бешубҳа, аз кишварҳо рафтани олимону мутахассисони лаёқатманд ба раванди глобалӣ табдил ёфта, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ масоили ҳалталаб гардидааст. Мувофиқи маълумоти Хадамоти федералии омори давлатии Федератсияи Россия, аз соли 2007 то 2014 аз Тоҷикистон 123 номзад ва 92 доктори илм дар ин кишвар барои зиндагии доимӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ба амнияти зеҳнии ҷумҳурӣ бетаъсир намемонад. Дастовардҳои муҳоҷирон моли ҳамон кишваранд, ки дар он иқомат доранд.

Зикр гардид, ки барои таҳкими неруҳои зеҳнии ҷумҳурӣ ва пешгирии муҳоҷирати неруҳои ақлонӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор тадбирҳои судманд андешида шавад, зеро таъмини амнияти зеҳнӣ дар кишвар ба онҳо вобаста аст.

Дар охир, донишмандону коршиносон оид ба синну соли ба нафақа баромадани кормандони илм ва ҳавасмандгардонии онҳо, ба манзили зист таъмин кардани олимону мутахассисони ҷавон, ки дар захираи амнияти зеҳнии кишвар саҳм доранд, пешниҳодҳои муфид намуданд.

 Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

http://sadoimardum.tj/maorif/ta-mini-amniyati-ze-n-mas-alai-mubram/ 



Омори сомона

828293
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
269
572
4420
816517
14560
30475
828293