Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Суханронии навбатии Зариф Ализода дар конфронси САҲА дар Варшава

ЗАРИФ АЛИЗОДА, РАИСИ ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИИ ҶТ ДАР ҶАЛАСАИ САҲА (ш.Варшава, 16-26.09.2019с.)

Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як қатор таѓйиротҳо ба системаи интихоботӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла баъзе пешниҳодҳо амалӣ карда шуданд. Дар Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ коркард ва қабул гардид.

Салоҳияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба интихобот доимоамалкунанда мебошад. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун машваратчӣ иштирок мекунанд. Мувофиқи қонун иштироки намояндагони мустақил ва хориҷӣ дар интихобот пешбинӣ гардидааст.

Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламентӣ ва президентӣ баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони БДИПЧ САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям.

 

Вобаста ба вазъи парламент ва демократия қайд менамоям, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад. Аз онҳо 3 ҳизб дар парлумон намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст. Ташкилоти «Гурӯҳи-24», ки қаблан баромад намуд, мувофиқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст. Беш аз ин, қайд менамоям, ки таҳқири Ҳукумати ҶТ дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, истифодаи калимаҳои «фюрер» нисбати роҳбари давлат имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи қассосгирӣ табдил дода шавад.

Наврро инҷо бинед: https://www.youtube.com/watch?v=dyxUB18bXbw&feature=youtu.be



Омори сомона

1517559
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
39
1551
1590
1504499
39
31315
1517559