Суҳбат дар атрофи мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз
Дар асоси дастуру супоришхои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми солонаи хеш 26 декабри соли 2018 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баён доштанд, саннаи 08-07-2019 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии ноҳияи Дарвоз вохӯрии Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзод ва намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Аҳмад бо иштироки раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сардорони идораю муассисаҳо баргузор карда шуд.
Нахуст, Директори маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзод оид ба мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои конститутсионӣ, принспҳои қонуният, волояти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ маълумот доданд.
Инчунин, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқов Аҳмад дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд суханроӣ намуданд.