Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Шавҳари Файзинисо Воҳидова: Дар марги ҳамсари ман дойира нанавозед!

Дар алоқамандӣ бо марги адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова,

ки бо изҳори назару мавқеъгириҳоиҳуқуқии хеш дар сатҳи ҷомеаи кишвар шинохта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаю сайтҳоиҷонибдори ТЭТ ҲНИ ахбори мухталифе интишор ёфтанд. Онҳо боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар зеҳни хонандагон гардиданд. Хабарнигори мо ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала, бевосита бо Ғайратҷон Воҳидов - шавҳари адвокати марҳум Файзиниссо Воҳидова, суҳбате доир намуд, ки муҳтавои он ба хонандагон манзур мегардад.

- Бо арзи салому изҳори эҳтиромқаблан ба Шумо дар иртибот ба даргузаштиҳамсаратон таслият мегӯям ва ба Шумо ва аҳли хонаводаатон сабри ҷамил орзумандам.

-Ташаккур.

- Баъдан узр мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои барои Шумо андӯҳбор аз мусибати сангини ба сари хонаводаатон омада ёдрас мегардем. Баъзе аъзои ТТЭ  ҲНИ ва гурӯҳи ба ном “паймони зиддимиллӣ”, бо сӯиистифода аз хабари реҳлати  ҳамсари Шумо, дар фазои иттилотӣҳангома бардошта, мехоҳанд марҳумроҳамчун як нафарҳамфикруҳамсангари худ нишон диҳанд. Хоҳишмандам, мегуфтед, ки инқазия то кадомҳад воқеият дорад?

- Дуруст аст, дар давоми чанд рӯзи охир бо вуҷуди гирифторӣдарғамуғуссаи худ, ба фарзандонам расонидаанд, ки дар “Ахбор.ком” ном сомонае дар бораи мусибати мо матлабе ба нашр расидааст. Дарвоқеъ,ҳамсари марҳуми ман як зани озодандешуҳақиқатталош буд.Ӯдоир ба баъзе масъалаҳоиҷузъӣва усулу услубҳои пешбурди кори ниҳодҳо ва хидматчиёни  давлатӣгоҳе интиқод  мекард, дидгоҳи худро дошт ва онро ба хотири ислоҳи вазъ ошкоро баён менамуд. Аммо манҳаргиз дар тӯли зиндагии якҷояамон,ҳатто дар муҳити хусусӣҳам мушоҳида накарда будам, киҳамсарам нисбати сохтор ва шакли давлатдорӣ, яъне дунявӣва демократӣбуданиҷомеаи мо ихтилофи назар дошта бошад.Ҳаргиз нашунида будам, киӯба тарафдорӣаз сохтори давлатдории диниву теократӣҳарфе гӯяд. Баръакс, доимо аз суханҳоиӯ  ва гузашта аз ин, аз рафтори амалии  ӯ  бараъло маълум буд, ки марҳумҳамешаҷонибдори сохтори давлатдории дунявӣва демократӣбуд.

Мавқеъгирии интиқодииҳамсари марҳуми ман нисбат ба ниҳодҳои давлатӣаз мавқеъгирии ифротгароёнаиҲНИ, ки аз бунёд бо сохтори давлатдории милливу дунявии мо муқобил буда, тарафдори таъсиси давлати диние чун давлатҳои исломии минтақа дар Тоҷикистонанд, куллан тафовут дошт. Набояд гумон кард, киҳар шахси дилсӯзуғамхори миллат, ки гоҳе ба хотири ислоҳи нуқсонҳоиҷузъииҷойдоштаиҷомеаи мо сару садо баланд мекунад, мухолифи давлати демократии мост ва гузашта аз ин боҳизби беобрӯе чунҲНИҳамсӯвуҳамқадам аст.

Худқазоват кунед, ки кадом рафтор ва кирдориҳамсари марҳуми ман бо бунёдгароии  диниву мазҳабӣва аъмоли мутаассибонаву дунявиситезонаи наҳзатиҳо умумият дорад? –Ҳеҷкадом.Ӯзане буд табиатан озода ва озодманиш. Боҳеҷбанду басте ва маҳдудияте сари созиш надошт. Чӣрасад ба таассубгароиву мазҳабгароӣ. Мантиқи зиндагии озодманишонаиҳамсари ман ва умуман,ҳаёти хонаводагии мо худ далели рӯшануғайриқобили инкори ин масъала аст. Ӯ либоси аврупоӣ мепӯшид. Дар маърифатнокӣ, илмомӯзӣ, савод, аз ҳама муҳим, фарҳанги андеша, гуфтор ва рафтор бо ҲНИ-чиҳои ДОИШмаоб аслан дар муқоиса набуд. Дар ин ҳолат, ӯ чӣ гуна метавонист аз террористҳо пуштибонӣ кунад?

  - Баъзе аз наҳзатиҳо далел оварданӣ мешаванд, ки пайваста бо марҳум алоқаи телефонӣ доштаанд, шодравон аз хатти сиёсии наҳзатиҳои ифротӣ гӯё ҳимоят мекардааст ва ба онҳо тавсияҳоиҳуқуқӣ медодааст…

- Ман дар ҳайратам, ки бо вуҷуди ин ҳама тафовутҳо дар муносибат, баъзе аъзои созмони террористии ба истилоҳмухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯёҳамсари ман бо онҳо ҳамақидаву  ҳамсӯ  буд.  Бадбахтӣ он аст, ки бо ин гуна кирдор онҳо аҳли оилаи мо, фарзандони моро бадном карданӣ мешаванд. Аллакай дарк кардам, ки онҳо бо баҳонаи изҳори ҳамдардӣ ба хонаводаи мо, аслан пайи бардоштани баҳраи сиёсӣ барои аъмоли ватанфурӯшонаи худашон  машғуланд. Аз мусибати хонаводагии мо ба нафъи худҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ашхосе чун Юнуси Истаравшанӣ,  А. Бобоев ва И. Ёқубов  аз маргиҳамсари ман на фақатғамгин нестанд, балки инқазияро хурсандона,ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, барои сиёҳкардани давлатдории тоҷикон  истифода бурдан мехоҳанд. Дар вобастагӣбо маргиҳамсарам онҳо парвое надоранд, дарди фироқва сӯзи хонаводагии мо барои онҳо аҳамияте надорад. Муҳим барояшонҳангомасозӣмебошад, барои худашон ва содалавҳоне, ки мутаассифона дарҷомеа кам нестанд.  

- Шумо дар бораи чунин ашхосе, киҳатто  рӯзи мусибати дигаронро  низ ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳанд, чӣандеша доред ва ба онҳо чӣгуфтан мехоҳед?    

- Фикр мекунам, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯва фурсатталабҳастанд, азҳама чӣваҳама лаҳза ба нафъи худ фоида бурдан мехоҳанд. Инқабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳоиҳамешагиашон дар бораи арзишҳои динӣнаметавонанд ба ягон арзиши муқаддасе сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар пайи манфиатҷӯӣваҷоҳуҷалоли хешанд. Бубинед,ҳатто аз маргиҳамсари ман ва мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ истифода карданианд. Ба ин хотирҳатто омодаанд, ки як марги табииро марги иҷборӣдар назари атрофиён таҷассум намуда, аз мусибат  саҳнаи  сиёсӣ созанд. Куҷост адолату инсоф?  Оё инсониҳақиқатан боимон метавонад чунин коре анҷом диҳад? Не! Имону инсофи онҳо танҳо дар забонашонҳаст. Онҳо умре бо фурӯши имону виҷдон, ватану миллат рӯз гузаронидаанд ва ин амалиғайриинсониашонро идома медиҳанд. Ин фурсатталабонҳатто дар он дунёҳамсари маро ором гузоштанӣнестанд. Шарм надошта мегӯянду менависанд, ки:«Бону аз саломатӣ шикоят надоштанд». Онҳо дарду ранҷиҳамсарам, бедорхобиҳо, шабзиндадориҳои бандаро надидаанд,ҳайронам, ки чаро чунин менависанду, ноҷавонмардона дурӯғмебофанд, ки боҳамсарам гуфтугӯи телефонӣанҷом медодаанд.Ҳайф бар шумо эй номусулмонон, ки нисбати як майит, ки дигар ба шумо посух дода наметавонад, чунинҳарфҳо мегӯеду дарҷомеа бадномаш месозед. Дар куҷост мусулмонии шумо? Агар нисбати занони шумоҳамчунинҳарфҳоро раво бинанд, худро чӣнавҳис мекунед?

То кай аз мусибати мардум манфиат меҷӯед? Азҷанозаи мардумбарои худ василаи худнамоӣмесозед? Чунонки тоқабули  қонуни танзим дар сариҷанозаҳо барои пораи  матоъ вақолине омода будед, ки гиребони  якдигарро гирифта рӯйиҳамро ханҷол кашед, имрӯз бо шеваи дигар, бо пеш овардани мурдаи касон мехоҳед киса пур кунед.

  - Маъзарати зиёд, ки бо тақозои муқаррароти касбӣмаҷбурам аз Шумо саволеро бипурсам, ки бешак боиси ёдовар шудани рӯзҳои охириниҳаётиҳамсаратон ва тоза шудани оташиғаму андӯҳдар дили Шумо мегардад. Оё ин иддао воқеият дорад?

- Бидуни шубҳа  ин иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани мардум,ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Наҳзатиҳо бори аввал нест, ки дарғами мардум ин гуна хурсандӣваҳангомаҷӯию шодмонӣмекунанд. Ману фарзандонам ҳам барояшон ҷузъе азҳамин мардумем.

Асли воқеаи беморӣва маргиҳамсари ман  чунин аст: Марҳум бемории куҳнашудаи “Гепатит Б” дошт.  Солҳо ин  беморӣ  ӯро азоб  медод.  Моҳи декабр бемории ҳамсарам авҷ гирифт, то ҳадде, ки   боиси хунравии дарунӣ гардид. Мо дар таърихи 20-уми декабрӯро ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем ва  дар он ҷо ба муҳлати чор рӯз  бистарӣ буд. Хунравии  шадиди сурхрӯда  ӯро бисёр азият медод. Илова ба  ин, таъсири шамолкашии  шуш низ вазъашро бадтар кард.  25-уми декабр бинобар вазнин шудани аҳволи саломатиаш, ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва дар он ҷо то 03-юми январи соли ҷорӣ табобат гирифт. Баъди андаке беҳтар шудани вазъи саломатиаш  ман ӯро ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров овардам. Мутаассифона, дар ин ҷо нисфи шаб боз бемориаш аз нав авҷ гирифт ва табибон бо тамоми ҷаҳду кӯшиш натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.

- Ташаккур, акаи Ғайратҷон, ки дар чунин рӯзҳои талхи ҳаёт хоҳиши моро рад накардед ва  ба суолҳои мо ва хонандагон посух гуфтед.

-Ҳоҷати узрхоҳӣнест. Ман худ низ аз инҳангомасозиҳо, сӯиистифода кардани баъзе ашхос аз реҳлатиҳамсарам сахтнороҳат будам. Худро дар назди рӯҳи  ӯ  масъул медонистам, киҳақиқатро дар бораи охирин рӯзҳоиҳаёташ бигӯям ва нагузорам, ки касе ё гурӯҳе арвоҳи поки  ҳамсари  покниҳоди маро боҳадафҳовуғаразҳои нопоки худ нороҳат созад.

Ман домангир аз муаллифони мақолаҳо нестам.Инқабил одамон нонгадо буданд, охир ватангадо шуданд. На танҳо дар мурдаиҳамсари ман, балки дарҳар мусибати хурдтарини Тоҷикистон ин ифротиҳо хурсандӣ, рақсу бозӣмекунанд. Ин хелқавм, ин хел тоифа, ин хел бадгавҳарҳо фақат худи инҳо ваҳамин доишиҳоҳастанд. Мусибати дигарон барои онҳо бозори савдост. Сину соли манҳам баҷое расидааст. Онҳо ҳам зану фарзанд доранд. Андеша кунанд. Худо болои сари мост. Бад кардӣ, бадгӯӣкардӣ, туҳмат раво дидӣ, худат онро мебинӣ.  

Ҳамсари ман зане буд, ки арзишҳои волое дошт ва волотаринаш ватанпараст буданиӯбуд. Агар бо ин хиёнаткоронҳамроҳмебуд, метавонист озод ба кишварҳои аврупоӣрафта, чун ин бешарафон бо сиёҳкардани зоду буми хеш  машғул шавад. Вале дар Ватан буд. Шарафмандона зист, бақадри тавони худ бароиҳамватанону барои Ватани худ хидмат кард. Ӯ Тоҷикистонро садоқатмандона дӯст медошт.

 - Ташаккур,  акои Ғайратҷон, орзумандем, ки равони ҳамсаратон шод ва хонаи охираташон обод бошад.

Мусоҳиб Найима Салимхоҷаева, шаҳри Хуҷанд



Омори сомона

1322449
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1072
476
3390
1315378
12409
23181
1322449