Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Шароити имрӯзӣ ва масъулияти зиёӣ

Таърихи зиндагии инсонї гувоњи он аст, ки дар њамаи давру замон ќишри пешрави љомеа

– равшанфикрону зиёиён барои сохтани давлат ва љомеаи адолатпарвар, озодихоњ, инсонгаро, мардумсолор ва њувиятсоз бо неруњои муњофизакор, истибдодї ва аќибмонда шадидан мубориза бурда, дар ин роњи муќаддас ва ифтихорманд љонбозињо кардаанд. Албатта, масири муборизот дар њавзањои сиёсию мадании башарї якранг ва муштарак нест ва тарзу шеваи ибтикороти сиёсї, фарњангї, фикрї ва иљтимоии равшангарон тайи таърихи инсонї, бо назардошти шароиту вазъ мутафовит аст.

       Мусаллам аст, ки зиёиён ва равшанфикрон бо љањолат, хурофот, таассуб, суннаписандї ва вопасгаройї, ки умдатан, бо иртиљоъпарастї ва муњофизакорї тавъаманд (иртиљойї --вежагии он кї ба ќавонин ва суннатњои гузашта пойбанд аст ва бо дигаргунї ва пешрафти љомеа мухолифат мекунад, дар љињати њифзи вазъи гузашта мекўшад ва бар зидди низому усули нав ва мутараќќї талош меварзад – ниг.: Анварї Њасан. Фарњанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Њасан Анварї. -Тењрон: Сухан, 1383.-С.45; муњофизакор – он кї тарафдори аќоид ва суннатњои кўњна ва мухолифи таѓйиру дигаргунї аст – ниг.: Анварї Њасан. Фарњанги кучаки Сухан. Ба сарпарастии Њасан Анварї.-Тењрон: Сухан, 1383.-С.925), њамвора дар муборизаву муќовимати шадид қарор гирифта, умдатан, алайҳи хурофотиёну мутаассибон мешӯранд. Ин шӯришу муќовимати њадафмандона хатти машши зиёиро аз табаќоти дигари иљтимої људо мекунад. Роњу масири њаракати зиёї дар њар давру замоне муайян ва мушаххас аст: њалли мушкилот ва масоили  фикрї, аќидатї, иљтимої, фарњангї ва сиёсии љомеа ва дар зимн, огоҳ кардани ҷомеа аз хатар ва вабои доимо таҳдидкунанда хурофоту таассуби диниву дунявӣ. Дар ин амр зиёї бо гарави љон рисолати иљтимої, фикрї ва дар маљмўъ, инсониашро сомон медињад.

       Мубориза бо артиши бузурги хурофотию ифротгаро љабњаи муборизаи зиёиёни асили миллиро, чи дар гузашта ва чи дар шароити феълї ташкил дода ва медињад. Дар асрњои миёна њавзањои дарсии файласуфони мутафаккирони миллӣ боиси огоњмандии баъзе табақоти иҷтимоӣ ва як идда насли љавони љомеа гардида буд, вале муњитњои мадрасї, ки дар онњо улуми дунявї (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, њандаса, нуљум, љуѓрофиё, кимиё ва амсоли инњо) тадрис мешуданд, мавриди тањољуми сиёсї, мафкуравї ва њатто физикии хушкандешони мазњабї ќарор мегирифтанд ва тањдиду фишори амиќ болои тоифаи ба истилоњ, файласуфону њакимон, ки дар ќолаби зиёиёну бузургони миллї инсиљом меёбанд, љиддї мушоњида мешуд. Эътирозоту интиќодоти бузургони асримиёнагии миллї, мисли Рўдакї, Даќиќї, Фирдавсї, Ибни Сино, Носири Хусрав, Суњравардї, Мавлоно Љалолуддини Балхї, Саъдї, Њофиз ва дигарон, ки алайњи хушкандешии мазњабї сурат гирифта, фиребу найранги ононро рўйирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи зиёиёни бумӣ дар таърихи миллї мањсуб меёбад. Бузургони миллї дар таърих мисоли зиндаи шахсиятњои мубориз алайњи беадолатињои иљтимої ва динї-мазњабї буданд ва њастанд, ки њељ гоњ нагузошта ва намегузоранд, ки нињоди љањолатписанд ормонњои миллї ва мардумиро зери по кунад ва роњи тараќќиёту рушди инсониро бо муште хурофоту таассуби мазҳабї бубандад. Ба сухани дигар, ҳаракати зиёигарии миллӣ дар асрњои миёна бо селаи хурофотиёни динї-мазњабї муќовимат карданд ва тавассути пофишорињои илмї ва фарњангї иљоза надоданд, ки рўњи илму дониш ва огоњї шикаста гардад.

      Мутаассифона, имрӯз зуҳуроти хашини тундгаройии динӣ ва мазҳабӣ бо шаклу қолибҳои нав давлат ва ҷомеаҳои миллиро таҳдид мекунад. Муњаќќиќон бар ин назаранд, ки зуњуроти номатлуб ва хашини бунёдгаройї (фундаментализм), тундгаройї (радикализм), ифротгаройї(экстремизм) ва дањшатафканї(терроризм) дар мањрумиятњои фикрї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангї реша дошта, ќишрњои камфаъол ва камзарфияти иљтимої ба ин гурўњњо шомил мегарданд ва дар натиља, миёни љомеа, бахусус ќишрњои осебпазири иљтимої зўроварию ҳуҷум, истибдод ва хушунат тавлид мекунанд. Аз ин рў, дар кишварҳои Шарќи мусулмонї бештар масоили мањрумиятњо ва нобаробарињои иљтимої, иќтисодї, фикрї ва моддию маънавї матрањанд ва бар мабнои он нафрату бадбинї ва ифротгаройии динї-мазњабї дар љомеа ташаннуљ пайдо мекунад. Мафкураи истеъмории динї-мазњабї дар љавомеи суннатї хурофот ва таассубро барангехта, ба ин васила зењнсозињои динї матрањ ва мутадовил мегарданд. Зењнсозињои динї-мазњабї (ин гуна зењнсозињо, одатан бар мабнои бадбинию зўроварињои иљтимої сохта шуда, таассуб-фанатизми динї-мазњабиро дар шакли шадид ва тундутез ривољ медињанд) тадриљан вусъат намуда, пањнои иљтимоъро фаро мегиранд ва дар шакли террорњои аќидатї (мафкуравї) ва љисмонї буруз мекунанд. Мушкил инҷост, ки минбаъд бадбинию танофури динї-мазњабї дар ҷомеа зеҳнсозӣ мешавад ва бинишњои мардум ва табақоти иҷтимоиро шакл медиҳад. Бо мурури замон ин навъи бинишњои хурофотї ва таассубӣ доираи нуфузро тавсеа мебахшанд ва аз як табақа ба табақаи дигари иҷтимоӣ интиќол меёбанд.

       Дар зимн, ифротгаройї ё ба истилоњ экстремизм дар шароити феълии љањонишавї ва ташаннуљи бархўрдњои динї-мазњабї ва сиёсию тамаддунї  ба як анъанаи нописанд ва хушунатбор  табдил ёфта, дар кунљу канори сайёраи замин, махсусан манотиќи гуногуни Шарќи мусулмонї нооромию бесуботии сиёсї, иљтимої, иќтисодї ва фарњангиро ба дунбол меоварад. Аммо ин нукта, аслан абарќудратони љањониро ба ташвиш намеоварад, баръакс, тибќи хоњиш ва тарњњои сохтаи онњо роњандозї мешавад ва натиљатан, ба коми онњо анљом мепазирад. Дар ин замина, як нуктаро таъкид кардан њукми зарурат аст: ќудратњои бузурги сиёсї њамеша ба љомеањое иртибот мегиранд ва тарњњои сиёсї роњандозї менамоянд, ки зарфиятњои тангу мањдуди иљтимої, сиёсї, фарњангї, маърифатї ва иќтисодї дошта, дастнигари дигаронанд. Ба сухани дигар, љомеањое, ки  ба гирдоби хурофту таассуби суннатї ва дақиқтараш, «љањли мураккаб» гирифторанд, аз назари равонї, ахлоќї, фарњангї, сиёсї сахт осебпазир буда, бо вазиши муќаррарии боди њангомаю тавтеа вањшонияташонро буруз мекунанд ва дар пайи дањшат овардан, тахриб сохтан ва мутазалзил кардани давлатҳо ва ҷомеаҳо гом бармедоранд.

         Пурсиши ин ки “Чаро фундаментализм, терроризм, экстремизм ва радикализми динї дар кишварњои Шарќи мусулмонї реша давонда истодааст?”, метавонад посухњои мухталиф дошта бошад. Агар, аз як тараф, баъзе қудратҳои љањонї, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ба сифати бизнеси мувофиќ ва сердаромад корбаст кунанд, аз љониби дигар, аксари мусулмонони дунё аз назари огањї ва иттилоъ, маърифат ва биниш аќибмонда буда, донишу ҷаҳоншиносии онњо бештар рўйи эњсосу тасаввурот ќарор дорад. Ва, азбаски аксарияти ҷомеаҳои Шарқи мусулмонӣ зарфиятҳои маҳдуди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва эҷодӣ доранд, ғолибан таҳти таъсири ақидатии созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ қарор мегиранд ва дар бунбасти маънавӣ ба сар мебаранд. Аз ин ҷост, ки дар сурати бурузи интиќодоти фикрию ақидатӣ, ки ба он њанўз љиддї одат накардаанд, њассосият ва вокуниши шадид нишон медињанд. Ба ин далел, нахуст бояд механизмҳои ҷалби љомеањои ақибмонда ва вопасгароро ба низомҳои сиёсии дунявї ҷустуҷӯ ва пайдо кард. Танҳо дар сурати ворид гардидани ҷомеаҳои баста ва консервативӣ ба муњитҳои муътадилу бози иҷтимоӣ, эљодї ва фарњангї мушкилоти бурузи шадиди њассосияту эњсосоти контролнашавандаи мазҳабиро коҳиш медиҳад ва роҳи ташаккул ва рушди тафаккури интиқодиро, ки бар мабнои истиқлоли фикрию эҷодӣ зуҳур мекунад, ҳамвор месозад.

      Шароити муосири сиёсӣ ва геополитикӣ аз насли зиёиёни асили тољик масъулиятмандӣ ва кори фаъоли шабонарўзиро таќозо менамояд, то сатњи хатарњои минтақавӣ ва глобалие, назири  ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва даҳшатафкании динї-мазњабї, ки љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст, коњиш ёбад ва таваҳҳуми он баданањои иљтимоиро сироят накунад. Махсусан, дар шароити давлатсозии миллӣ масъулияти зиёии тоҷик бештар мегардад, чаро ки душманони мафкуравӣ ва фурсатталабони дохилию хориҷӣ бар он талош меварзанд, ки ҷомеаи тоҷикро дар ҳоли карахтии фикрӣ ва бунбастҳои ақидатӣ нигоҳ доранд. Табақаи зиёӣ бошад, дар ҳамкории пайваста бо ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва пуштибонии иҷтимоӣ ҷомеаро аз дарун тағйири сифатӣ медиҳад ва ба пеш ба сӯйи амалӣ сохтани ормонҳои миллӣ  раҳнамоӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, гузаштан аз назария ба амалия сарњадафи кори равшанфикрї дар шароити феълї мебошад. Он чи ки гуфта мешавад ва тарѓиб мегардад (манзур шиорзанї ва назарияпардозии хушку холии як идда зиёиён аст), бояд сараввал дар зиндагии шахсии худи мо, амалан татбиќ гардад. Дар њоле ки мо, аксаран аз марзи назарияпардозӣ ба сарҳадди амалиягароӣ по наниҳодаем, мароми таѓйироти сифатии љомеа зери суол мемонад. Кор кардан бо љомеа, омўзиши њаматарафаи афкори иљтимої, мушоњида, таљриба, дарёфти механизмњои фаъолсозии иљтимої, коркарди гузинањо (алтернатива)-и гуногун љињати њалли мушкилоти  иљтимої, фикрї, фарњангї, равонї, ахлоќї, сиёсї-мафкуравї силсилаи тадбирҳоеанд, ки бояд дар сархатти барномаҳои фикрӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва мадании аҳли зиё ва фарҳанги кишвар қарор дошта бошанд.

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

душанбе, 25 ноябри соли 2019, соати 17:33



Омори сомона

1175202
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
364
482
996
1170502
11780
25133
1175202