Раҷабиён босмачии навбаромад
Банда дар сомонаи иѓвоангези «ksaadat» матлаби «Аз замоне ки худро шинохтаам, «босмачиён»-ро мудофеъи обухоки худ медонистам»- и боз як бегонапарасти «панктуркистӣ» Дориюши Раҷабиёнро хонда нафратам ба ин разил боз зиёдтар шуд.
Магар ӯ Кури Шермат, Иброҳимбек, Фузайл Махсумро мудофеъи обу хоки худ медонад, ё ин ки Анварпошо ва Салимпошои туркро. Ба фикри банда авлоду аҷдоди Дориюши Раҷабиён аз авлодони њамон «босмачиён»-и ѓоратгари туркнажод будаанд, ки ин қадар барои тарафдории онњо ҷоѓ мезанад. Ё Анварпошою Салимпошо «язнааш» буданд.
Дар тули ин солњо олимони тоҷик исбот кардаанд, ки «босмачињо» кињо буданд, бар зидди мардуми бечора чи зулму ситамро раво дидаанд, чи қадар зиёиён ва дењқононро молу мулкашонро таллаву тороҷ намуда худашонро ба қатл расониданд. Агар ин «босмачињо»-и хунхор аз давлату мењани худ дифоъ мекарданд магар мардум бар зидди онњо бармехост?, њагиз не. Аммо ин разилон бо супориши «хоҷагони туркнажодашон» миллати худро азобу шиканҷа доданд, ба қатл расониданд то ки мардум аз ин «босмачињо» тарсида онњоро тарафдорӣ намоянд, лекин ањолӣ яқинан медонистанд, ки дар сурати ѓалаба кардани ин разилон онњо боз дар зери истисмори онњо қарор мегиранд. Аз ин рӯ, ё марг ё озодӣ гуфта ба муқобили онњо баромада дар лонаашон ин хунхоронро нету нобуд карданд.
Њамчунин барои чунин бегонапарастнони ба монанди Дориюши Раҷабиён ва роњбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи нањзатӣ устод Садриддин Айни дар асари таърихии «Дохунда» образи «босмачињо»-ро чунин нишон додааст: «ҷазои босмачӣ ањолиро сӯхтан, куштан, овехтан ва кӯбкорӣ (бузкашӣ) кардан аст, камтарин ва осонтарин ҷазояш гӯшу бинӣ буридан аст, ки танњо баъзе хушбахтон бо ин ҷазо халос мешаванд”. Барои тасдиқи ин гуфтањо устод дар дигар маврид қайд кардааст: “Туѓайсариѓ дањани халтаро кушода, гӯшу бинињои буридаи одамиро ба Иброњимбег нишон дода, гуфт њар кадоми ин гӯшу бинињо гӯшу бинии ҷадид, болшевик ва хайрхоњони онњост, ки ба нияти устувор кардани давлати амир буридаам ва баъд аз ин њам њар қадар гӯшу бинӣ, ки дар ин роњ бибурам, ҷамъ мекунам, њар вақт ҷаноби амир омаданд, ба њузури муборак пешкаш менамоям, дар он вақт амир медонанд, ки Туѓайсариѓ кӣ будааст ва марњаматњои муносиб дар њаққи ман хоњанд кард”. Ана бинед, ки ин “босмачињо”-и ба гуфтаи Д.Раҷабиён «мудофеъи обухоки мењан» ба мардуми бечора чи зулмро раво медиданд, аз рӯи мақоли халқ “Чизе ки айён аст њоҷат ба баён нест”. Лекин ин лаъини Раҷабиён бо супориши “хоҷагонаш” бе ягон далел ин хунхорони “босмачӣ”-ро “таърифу тавсиф” карда, мехоњад бо ин роњ хонанадаи закиро ба худ ҷалб кунанд, аммо таърих гувоњ аст ва дар њеҷ маврид мардум ба сафсатањои Раҷабиёну пайравонаш бовар намекунанд.
Халқи тоҷик “босмачиён”-и золим, маккор, фосиқ ва хунхорро ки монанди мор ба назар намоён буданд, нест карданд, аммо он гурӯњаке, ки бо номи “босмачиён”-и навбаромада дар мисоли Дориюши Раҷабиён ва роњбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи нањзатӣ, монанди “каждуми таги бурё” аз рӯйирост нишон додани худ тарсида, дар хориҷи кишвар садо баланд карда “зањр мезананд”, аммо яқинан онњо барои пешрафти сиёсии Ҷумњурии Тоҷикистон дигар монеъањо эҷод карда наметавонанд, “нешашон” ба зуди шикаста мегардад, дигар намегузорем, ки қадами номубораки ин бегонапарастони хоини давлату миллати тоҷик ба хоки сарзамини бињиштосои мо гузошта шавад.
Фаррухи Фаридун, рӯзноманигори масолили сиёсӣ