Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рафти мулоқот  масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бо  терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки кишварҳои узви СААД омодаанд, ҳамгироӣ ва муносиботи судмандро, хусусан, дар масоили амниятӣ  пурзӯр намоянд.



Омори сомона

1885470
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
440
800
6788
1867120
31266
37258
1885470