Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвар мамлакати ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф гардидааст»
УШАНБЕ, 27.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зарфи ду сол охир дар Тоҷикистон 145 ширкати нави сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар маҷмӯъ, 224 ширкат вориди бозори сайёҳии мамлакат гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ аз 26 январи соли 2021 ба Парлумони Тоҷикистон зикр намуданд, ки «имрӯз дар ҷаҳон сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисодиёт ва бо суръати баланд рушдёбанда маҳсуб ёфта, бо дарки мавқеи ин соҳа дар иқтисоди миллӣ мо рушди соҳаи сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда, солҳои 2019 – 2021–ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудем».
Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат, инчунин соҳаи сайёҳӣ дигаргуниҳои куллӣ ба назар расиданд, ки инро мо бевосита дар соҳаи сайёҳӣ мушоҳида менамоем. Таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки соли 2018 бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ ба Тоҷикистон 1,2 миллион нафар сайёҳон ташриф оварданд, ки дар қиёс ба соли 2017 2,6 баробар зиёд гардидааст. Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳон буданд.
Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки дар заминаи ташаббусҳо ва имтиёзи дар бахши сайёҳӣ ироа намудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш ёфта, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд. Ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд. Зарур аст, ки ин раванд боз ҳам густариш дода шавад, таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
Дар ин раванд, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди ин ҳама ва бо дарназардошти соли ҷамъбастии ташаббуси Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ, дигар сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба афзоиш додани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус, рушди сайёҳии дохилӣ тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд.
Қобили зикр аст, ки соҳаи сайёҳӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.
Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар деҳа ва маҳали аҳолинишин арзёбӣ намуданд.
Кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ки дастаҷамъона тавассути оинаи нилгун Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ тамошо намуданд, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муаррифии имконияти сайёҳии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ аз тамоми имконоти мусоид васеъ истифода менамоянд.
Марзияи САИД,
АМИТ «Ховар»