Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Нуқтаи тамат дар моҷарои наҳзат(дар ҳошияи матлаби Д. Атовуллоҳ)

Аҷаб сабки нигориши ҷолибе дорад Д. Атовуллоҳ. Бо чанд калима ва ё ҷумлаи мухтасар матолибе бузургеро ифода мекунад.

Паём мерасонад. Воқеиятро бозгӯ месозад. Бепарда душманро душман, дӯстро дӯст, хасро хас, мушкро мушк, риёро риё, найрангбозро найрангбоз, иѓвогарро иѓвогар, қаллобро қаллоб, ҳалолро ҳалол ва ҳаромро ҳаром мегӯяд. Ин ҳам бе тарсу ҳарос ва хушомаду тамаллуқ. Ӯ парвои онро надорад, ки матолибаш ба касе маъқул мешавад ё не. Аслан, фикрашро ҳам намекунад. Ин қабил шахсонро дар замони Шӯравӣ «фуртакигӯй» меномиданд. Ба назарам, фошкорӣ, бепардагӯйӣ ва ҷуръатмандӣ расму роҳи зиндагии Д. Атовуллоҳбуда ва ҳаст.

Д. Атовуллоҳ дар навишта ва матолиби хеш ҳамеша аз воқеият кор мегирад ва ин дафъа, воқеан, дар қолаби мардию мардонагӣ матлаби ахири кӯтоҳ ва пурмуҳтавояшро зери унвони «Ногуфтаҳо ё дар интизори аломати нуқта» интишор додааст. Ибтидои матлаб бо нуқтаи атф аз меҳр ва ихлосаш ба иддае аз мухолифини дастаи аввал, ки ба қавли рӯзноманигор, «ботақво ва дорои маънавиётанд» оѓоз меёбад ва дар ин замина таъкид меварзад, ки бо он тим коре надорад. Ва ангушти мухотабро тарафи тими нави наҳзатӣ, ки таҳти роҳбарии М. Кабирӣ дар Аврупо ҷавлон мекунанд, рост менамояд. Зимнан, Додоҷони Атовуллоҳ  исми нафарони сарсупурдаи наҳзатӣ ва шахси Кабириро бо характеристикаи мухтасар феҳрист мекунад, ки баъди мурури он хонанда ва корбар иттилои лозима ва дақиқро дар нисбати силсилаи муҳраҳои тахтаи бозии наҳзатӣ пайдо менамояд. Рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Д. Атовуллоҳ дар листи хидматгорони Кабирӣ ду симо – Темур Варқӣ (ба таъкиди муаллиф Темур Варақӣ) ва Ҳумайрои Бахтиёр (дар навишти муаллиф ба тарзи «кадомин Муминовае, ки бо номи "Хоҳар Ҳумайро" машҳур аст»)-ро мисол мезанад ва дигаронро ҳамчун бозигарони ҳошиявӣ ишорат менамояд, ки қобили баҳсу исмгирӣ нестанд. Ҳақиқати тими наҳзатӣҳам ҳамин аст: ду-се нафар аз номи садҳои дигар, ки аслан камтарин нуфузи иҷтимоӣ ва ҳатто хонаводагӣ надоранд, сухан мекунанд ва гурӯҳи мухолифинро бузургу боҳашамат ҷилва медиҳанд. Ин тарзи кори наҳзат аз ибтидо будааст ва то имрӯз идома дорад.

Баъдан муносиби ҳадафи матлаб ва сабки матлуби нигориш Д.  Атовуллоҳ аз 5 категорияи иҷтимоӣ - МИЁНАРАВҲО, НАСИҲАТФАРМОЁН, КОРШИНОСОН, ҲУКУМАТ,КАБИРӢ
ва МАРДУМ муаддабона хоҳиш ба амал меоварад, ки дигар ба шахси Атовуллоҳ кор нагиранд ва осудааш бигузоранд. Сари ҳар як категорияи иҷтимоӣ ба таври иҷмолӣтаваққуф мекунем:

1.Додоҷони Атовуллоҳ дар хоҳиш аз тими «МИЁНАРАВҲО» сареҳан иброз медорад, ки аз тамосу омадурафти ин гурӯҳ, ки бозичаҳои дасти раҳбари фирории наҳзатӣ буда, хоҳони сулҳи мо ва Кабирӣ мебошанд, ба ҷон омадааст. Аз як тараф, хоҳиши сулҳ кардан бо Кабирӣ як навъ манёври сиёсии раҳбари наҳзатӣ аст ва бо ин роҳ мехоҳад ҷонибдори қудратманде дар симои Атовуллоҳ пайдо намояд ва сарусадояшро дар Аврупо баландтар карда, аз худ ва созмони террористиаш «нофи замин» тарошад. Аз тарафи дигар, мушаххасоти инфиродӣ ва равонии Атовуллоҳ, ки бо миллиятхоҳӣ, ҳувиятсозӣ, саркашӣ, чуръату ҷасорат ва фошгӯйӣ тавъаманд, баҳеҷ ваҷҳ, иҷоза намедиҳанд, ки ӯ бо Кабирие, ки фурсатталабе беш нест, дар як сангар қарор бигирад. Ин аст, ки хитобан ба категорияи «МИЁНАРАВҲО» ошкоро ва бидуни ҳавою  риё арз медорад: «бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ин хитоб шояд ба самъи думравакони Кабирӣ, ки дар чанд категория мунсаҷим шудаанд, дуруст бирасад ва дигар аз рафтуомад ва тамосу робита бо Д. Атовуллоҳ даст бардоранд. Аммо мутмаин нестем, ки ин кор ба зудӣ анҷом шавад. Ин думравакон то дер боз Атовуллоҳ ва Атовуллоҳҳоро бо музахрафоту ваъдаҳои биҳиштии худ азият мекунанд, то бо Кабирӣ ва тими наҳзатӣ бипайванданд ва бар имиҷи фарсудаи раҳбари наҳзатӣ имиҷи нав биафзоянд.

2.Дар бахши дувум – «НАСИҲАТФАРМОЁН»  равшан таъкид мекунад, ки масире, ки Кабирӣ ва тимаш тай мекунанд, раҳ ба асри миёна – ба ҷаҳолату таассуб ва хурофот мебарад ва дунявиятро асири хостҳои як мушт рӯҳонии палид менамояд. Дар воқеъ, хамираи шахсиятии Кабирӣ ва думравакони ӯ аз ҳамин мушти хурофоту таассуби асримиёнагӣ таркиб ёфтааст. Ин дар зоҳир аст, ки онҳо «дигар аврупоӣ» (таъбири М. Кабирӣ аст, ки доимо аз он, ба хотири гул задани мардуми тоҷик ва ҷомеаи мадании аврупоӣ ёдовар  мешавад) шудем гуфта, малобиси аврупоӣ бар тан карда, дар минбарҳои фароҳамовардаи пуштибононашон ҷилванамоӣ ва фазлфурӯшӣ менамоянд. Аммо дар ботин ба одитарин талаботи давлат ва ҷомеаи дунявӣ эҳтиром намегузоранд, ва побанди хурофоту ҷаҳолати асрмиёнагианд. Ҳамин ки ба матолиби сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии наҳзатиён таваҷҷуҳ кардем, ба хубӣ дармеёбем, ки хатти машши ахбору навиштаҳо ва аксу нигораҳо ҳамагӣ ба як нуқта – бозгашт ба асри миёна ва «исломи ноб»- тамаркуз мекунанд. Аз ин ҷост, ки Д. Атовуллоҳ моҳияти тафаккур, асли мафкура ва фалсафаи қудрати сиёсии наҳзатиро хуб медонад ва дар гузашта таҷриба ҳам кардааст. Ӯро чанд иѓвогари беҳувият чӣ гуна метавонанд бифиребанд?

3.Аҷиб нукотеро Д. Атовуллоҳ дар бахши «КОРШИНОСОН» ишора мефармояд. Ба соири коршиносоне, ки аз мафкура ва хатти сиёсии наҳзатӣ пуштибонӣ мекунанд, хитоб намуда, мегӯяд, ки симои воқеии Кабириро бишиносанд. Манзури Д. Атовуллоҳ он аст, ки барои пардапӯш кардани ниятҳои султахоҳӣ, исломисозӣ, пулпарастӣ ва рифоҳталабӣ М. Кабирӣ, усулан аз василаҳои маъмули риёкории сиёсӣ ва иҷтимоӣ кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муқаддасоти динӣ ва сиёсӣ - Худо, дин, мазҳаб, Қуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорӣ, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, парламентаризм ва амсоли инҳо бозӣ карда, ҳар яки ин вожагони калидиро дар ҷояш ба ҳадафи ба даст овардани султа, қудрати сиёсӣ ва тиҷоратӣ суйистифода мекунад. Мусоҳибаҳо, суханрониҳо ва матолиби ӯ аз корбурди вожагони болоӣ моломол аст ва тавассути технологияи суханварӣҷомеаро таҳти фишори равонӣ, забонӣ, такаллумӣ ва сиёсӣқарор медиҳад.

4.Нуктаи баҳсӣ дар матлаби Д. Атовуллоҳҳамин бахши чаҳорум – «ҲУКУМАТ» аст, ки ба пиндори ӯ, Кабирӣ дастпарвари тими Ҳукуматист ва зимни ишораи масъала, аз дастгоҳҳои давлатӣ даъват ба амал меоварад, ки Кабирӣ ва мақому ҷойгоҳи қаблиашро, ҳам дар бизнес ва ҳам дар сиёсат  баргардонанд, то аз шарраш халос шавад. Аммо нуқтаи баҳсӣ ин аст, ки  Кабирӣхуд ба дасти худ муносибаташро бо давлат ва Ҳукумат тира сохт. Бозиҳои пасипардагӣ бурд, буҷаи ҳизбро аз ҳисоби сармоягузориҳои ҳадафноки хориҷӣ, ки албатта, бебозгашт набуданд, комил кард, фазои иттилоотӣ ва иҷтимоиро тариқи думравакону ҳаммаслаконаш маѓшуш сохт, дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва оммавӣ дунявиятро тадриҷан зери суол бурд ва шиорзаниҳои сунъию номутаносиби «демокросии исломӣ»-ро ҷойгузини он кард… Бар мабнои ин умур давлати дунявӣ чӣ гуна метавонист бо Кабирӣ канор биёяд. Ба Кабирӣ ва ҳизбаш имконоти фарохи фаъолият дод, вале аз ин имконот сӯйистифода шуд, бинобар ин,  дар асоси далелҳои раднопазири исботкунандаи ҷиноятҳояш фаъолияти ин ҳизб  боздошта шуд. Агар ин корро намекард, имрӯз амри маъруфи тахрибкоронаи наҳзатиҳо дар фазои Тоҷикистони озоду демократӣ танин меандохт. Ба ин мутмаин бояд буд. Таҷрибаи зиёда аз ҳазорсолаи ҳукуматҳои исломӣ ва собиқаи наздик ба чиҳилсолаи наҳзатӣ ин воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки давлати динӣ давлати мардумӣ нест ва он ҳеҷ гоҳ миллат, халқ ваҷомеаро дар авлавият қарор намедиҳад.

5.Дар бахши «Кабирӣ» раҳбари наҳзатиро ба баҳси рӯ дар рӯ даъват мекунад ва ишора мефармояд, ки тибқи ойини сиёсӣ ва фарҳанги сиёсатмадорӣ амал намояд ва дар маърази корбарони фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ дифоъ кунад. Хитобан ба Кабирӣ менависад, ки аз пуштибониҳои фейкӣ ва чанд беҳувият изҳори ризоият накунад, зеро онҳоро касе намешиносад ва дар пайи шинохти онҳо ҳам нест. Аз ин рӯ, баҳси рӯбарӯ ва ошкоро роҳи ҳалли мушкилот аст. Қаблан инро ҳам мегӯяд, ки омода аст сиёсатмадор Кабириро бишунавад ва ба ҳар нуктаи овардааш посух бидиҳад. Д. Атовуллоҳ баҳси бериё ва танҳо ба танҳоро хостор шудааст ва кашидани дигар нафаре ва ё гурӯҳеро ба ин бозии номатлуб савоб намедонад. Аҷаб пешниҳоди хубе. Акнун навбати Кабирӣ аст. Оё омода аст бо Д. Атовуллоҳрӯ дар рӯ мубориза кунадва ё боз мисли қаблӣ думравакон ва гумоштаҳояшро ба бозӣ медарорад ва худ аз пушт бозии номатлубро тамошо мекунад. Вақт довар аст, мунтазир мемонем.

6.Ва дар ниҳояти қисса-матлаб Д. Атовуллоҳ ба «МАРДУМ» - ба сарчашмаи давлат ва Ҳукумат муроҷиат карда, ҷонибдори баҳси рӯ дар рӯйи ду тарафи мутақобил будани халқро мепурсад. Ростӣ, халқ ва мардум метавонанд ба хулосаҳои баҳси наҳзатӣ ва дунявӣ нуқтаи тамат гузоранд. Фикр мекунем, рӯзноманигор ва сиёсатмадори тоҷик Д. Атовуллоҳ «ногуфтаҳо ва аломати нуқта»-ашро тавонистааст, ки бигӯяд ва дар сафҳаи моҷарои тӯлонӣ нуқта гузошта, дар ин маврид дигар интизорӣ накашад. Ҳалолаш бод. Бо он ки халқ аз ҳарфҳои музахрафи Кабирӣ ва Кабирзодаҳо то гулӯ сер шудааст, аммо имрӯз фурсате фаро расидааст, ки ҳарфи хотимавиро дар моҷарои Додоҷони Атовуллоҳ ва Муҳиддини Кабирӣ бизанад. Бовар дорем, ки ин ҳолат сурат мегирад ва ҳарфи дунявӣ (дар гуфтору навиштори Д. Атовуллоҳ) бар газофаҳои асримиёнагӣ (дар матолиби Кабирӣ ва тими наҳзатӣ)  пирӯз хоҳад шуд… 

    Фаридун Ориёӣ, таҳлилгар



Омори сомона

1322211
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
834
476
3152
1315378
12171
23181
1322211