Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Нозим Нурзода, муҳаққиқ Наврўзи Ҷамшедӣ – хамирмояи фарҳанги миллӣ ва ҳукумати дунявӣ

Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврўз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврўз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмўъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрўз ҷашну маросимҳои  зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги  қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврўз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои   шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кўҳнашавиро намепазирад, дар масири  таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар маҷрои  таҷдиду таҳаввул қарор мегирад.

    Ҳар қавму милали ҷаҳон дар тўли таърихи инсонӣ бо донишу биниши илмӣ-фарҳангӣ миёни мардуми дигар маъруфият касб мекунад. Мусаллам аст, ки дар танзими зиндагии мардуми ҷаҳонӣ нақши ҷашну маросим хеле муассир буда, қавму миллиятҳои гуногун тавассути ин тарзи фаъолият ва биниш ба саҳнаи фарҳангӣ ворид мегарданд. Дар саҳнаи зиндагии фарҳангӣ мардуми форсу тоҷик бо Наврўз -- ҷашни хеле бостонӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, ба ҷаҳониён пайғоми хираду дониш, фахзилатмандию инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолорӣ додааст.

     Чун сухан аз боби биниш – тарзи дарку фаҳми ҷаҳону ҳастии инсонӣ дармеояд, қабл аз ҳама, мафҳуми огоҳию хирад пеши назар ҷилвагар мегардад. Ин огоҳию хирад аст, ки инсониятро аз кўҳнашавию фарсудагии равонию фикрӣ эмин дошта, ба сўйи таҷдиду навоварӣ раҳнамун месозад. Наврўз бо огоҳию хирад ва навию навоварӣ алоқаманд буда, метавон онро  ҷашни хирадмаоб талаққӣ кард. Дигар ин ки Наврўз бо номи шаҳриёри фарзонаи нимустуравӣ ва нимавоқеии мардуми ирониасл Ҷамшед сахт пайваст аст. Ба сухани дигар, Ҷамшед симои марказӣ дар ташкили аввалин ҷашни Наврўз мебошад (ниг.: М. Ҳазратқулов. Наврўзи оламафрўз ва дигар идҳои суннатии сол. –Душанбе: «Эр-граф», 2012. –С.28).

         Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ҷаҳони ориёист, ки мушкилоти зиндагиро дар мизони ақлу хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳим аз донишу биниши воқеӣ мадад ҷустааст (ниг.: Ҷамолӣ М. Сиёҳмашқҳои  рўзонаи як файласуф. Бахши дуввум. – Ландан: Курмалӣ, 1995. –С.15-26). Ин шаҳриёри дерин танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир дониста, ба хотири саодатманд сохтани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани инсоният аз усули биниши илмӣ кор гирифтааст. Ҷамшед – оварандаи Наврўз бо истифода аз усули корагари илму хирад дар замин сохтани биҳиштро ба нақша мегирад ва рўзи ба итмом расонидани  сохтмони биҳишти рўйи заминро Наврўз меномад (Ҷамолӣ М. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст.- Ландан, бидуни соли нашр. –С. 24).

      Дар ҳазораи Ҷамшед, ки Наврўз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аз авроқи зиндагии инсонӣ барканда шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минўи хирад» таври зайл мехонем: «Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард» (ниг.: Минўи хирад. Тарҷумаи Аҳмади Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1364. -С. 43).  Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба зиндагиномаи Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед  дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо муфтахирона мегўяд: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (ниг.: Вандидод, фаргардҳои 1-8. Ҷилди аввал. Тарҷума ва пажўҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425).

     Ҷамшед бо силоҳи илму хирад муҷаҳҳаз буда, тавассути ин силоҳи асосӣ муборизаро бо мушкилоти рўзафзуни оламу ҳастӣ оғоз менамояд ва дар пайи муборизоти шадид бо хатарату фаҷоеъ аз аслиҳаи тавонои тафаккур ва биниши илмӣ корбаст мекунад. Қудрату неруи илмию эҷодии Ҷамшедро ҳатто Аҳурамаздо – Худои тавонои ойини зардуштӣ эътироф карда, ба паёмбар Зардушт хитобан гўшзад кардааст: «Ҷамшед сахт зирак буд ва барои ҳамин ҳам рисолати пайғамбариро қабул накард ва гуфт, ки ман аз уҳдаи корҳои заминӣ бармеоям» (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Пажўҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1378. –С. 37).

     Дар оғози давраи салтанати Ҷамшед мушкилоту хатароти зиёде мардумро думболагир шуданд ва шаҳриёри хирадманд ва мутафаккир баҳри рафъи ҳаводис ва мушкилоти ҷойдошта аз бинишу тафаккури мантиқӣ истифода бурд. Тибқи таъкидоти  устурашиносон, дар айёми ҳукмронии Ҷамшед яхбандӣ ва сардӣ то 33 дараҷа расида, зиндагии мардумӣ табоҳу вайрон мегардад (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан.Теҳрон, 1386. -С.156) ва шаҳриёр бо истифода аз ақлу тафаккури созанда мардумро аз ин ҳолати ногувор наҷот мебахшад. Ҷашни Наврўз, ки реша дар поён гирифтани яхбандон ё «зимистони девофарида» (дар фаргарди нахусти «Вандидод» аз мушаххасоти он ёд шудааст) дар даврони Ҷамшед дорад. Бо поён ёфтани яхбандон ва дар ҳақиқат, даврони «варнишинӣ» - и иҷборӣ, ориёиҳо фарҷоми зимистонро ҷашн гирифтанд. Сипас, бар асари дастёбӣ ба дониши ахтаршиносӣ ва натиҷатан, илми гоҳшуморӣ, Наврўзи ҷамшедӣ дар рўзи поёни зимистон ва ё оғози баҳор қарор гирифт (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. Теҳрон, 1386. -С.161).

    Наврўзи Ҷамшедӣ ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накўӣ ва билохира бинишсозӣ буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, Ҷамшед рўзҳои моҳро бахш карда, 5 рўзи нахустро барои бузургон, 5 рўзи дувумро Наврўзи подшоҳ қарор дод, ки дар он ҳадяҳо медод ва инъомҳо мегирифт, 5 рўзи севумро барои коргузорони шоҳ ниҳод, 5 рўзи чорумро барои вижагони шоҳ гузошт, 5 рўзи панҷумро барои  сипоҳиён ниҳод ва 5 рўзи шашумро барои раъоё гузошт, ки маҷмўан, 30 рўзро ташкил медод ва муддати моҳ Наврўз таҷлил мешуд (ниг.: Ҷоҳиз Абўусмон. Наврўзи бостонӣ. – Теҳрон, 1384. -С. 14). Ба  таъбири дигар, Ҷамшед тўли як моҳ бо тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ Наврўзро таҷлил мекард.

      Дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шуда (ниг.: Ниберг С. Динҳои Ирони бостон. – Теҳрон, 1359.-С.388), ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оғоз меёбад (ниг.: Ҷомӣ Муҳаммад Маҳдӣ. Адаби паҳлавонӣ. – Теҳрон, 1379. –С.18.). Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирад ва фарҳанг аст. Маҳз ҳамин ҳазора ҳазораи Наврўз, яъне ҳазораи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва рўшангарӣ будааст.

         Ҷамшед бо замин ва зиндагии воқеӣ пайвастагӣ дошта, дар ин ҷаҳон комравоӣ ва инсонвор зистанро тарғиб кардааст. Fояи дунявият, ки ҷомеаи мутамаддини урупоӣ аз он сахт истиқбол мекунад, дар таърихи илму фарҳанги мо решаҳои амиқ дорад. Ин Ҷамшед буд, ки ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ камар баста, асос ва хишти нахустини чунин ҷомеаро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ў бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст. Файласуфи муосири тоҷик Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ пажўҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзўи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: «Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ғайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст» (ниг.: Комил Бекзода. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. – Душанбе: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М.Баҳоуддинов, 2012. –С.50-51).

         Дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кўшише, ки  бо хирадварзӣ робита дошта, бар рағми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, сутуда шуда, он пирўзиро Наврўз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рўшноӣ (хирад) рафъ мекард. Фарҳангшиноси асримиёнагии  форсу тоҷик Абўрайҳони Берунӣ нақлеро меоварад, ки тибқи он Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил мекунад, мардумро ба қашшоқӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ сохта, бад-ин тартиб дунёро нобуд кардан мехоҳад. Ҷамшед бо амри Худованд ба манзили Иблису пайравони ў меравад, зулму залолатро барҳам зада, баракату фаровониро меорад, мардум ин рўзро Наврўз мегўянд ва ҷашн мегиранд (ниг.: Берунӣ А. Осор-ул-боқия. – Душанбе: Ирфон, 1990. –С. 235-236.). Доду додгарӣ дар фарҳанги сиёсии ақвоми иронитабор аз Ҷамшед шурўъ мешавад ва аҷобат дар ин аст, ки додгарӣ ба замони зуҳури Наврўз иртибот гирифтааст. Ин аст, ки муаррихи маъруфи асримиёнагӣ Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ Наврўзро сароғози додгарии Ҷамшед донистааст (ниг.: Таърихи Табарӣ. Таълифи Муҳаммад бини Ҷарири Табарӣ. Ҷилди аввал. Тарҷумаи Абулқосими Поянда. Теҳрон: Нашри асотир, 1352. –С.21).

         Наврўз чун бо хирад ва тафаккури созанда бастагӣ дорад, бегумон, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ғунҷонидааст. Меҳвари ормони мардуми ҳушманди форсу тоҷикро аз бомдоди фарҳанги миллӣ инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ ташкил медод. Ободии иҷтимоӣ ва рифоҳи зиндагӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон ҷустуҷўгар, ҳушёру зирак, меҳрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, ҷашни Наврўз ҷашни растахези табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопў ва кор аст (Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон, 1380.–С.274).

     Ҷашнҳои миллии мо (Наврўз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврўз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд (ниг.: Рўҳуламинӣ Маҳмуд. Ойинҳо ва ҷашнҳои куҳан дар Ирони имрўз. Теҳрон, чопи аввал, 1376. –С.15). Ин аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҷашнҳои миллӣ, минҷумла Наврўз зиндагӣ, шинохти мақоми инсон, сохтмони зиндагии шоиста ва арзанда барои инсоният меистад. Устураҳои куҳан аз соҳиби «фар» будани Ҷамшед дарак додаанд. «Фар» маънои дониш, биниш, рўшноӣ, шукўҳ ва қудратро дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома аз тахти бо фар сохтаи шаҳриёр ёдовар шуда(ниг.:«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1388. –С.55), аз бузургии шахсияти сиёсию фарҳангии Ҷамшед ва ҷомеаи бо хирад сохтаи ў сухан дар миён меорад. «Фар» истилоҳи фалсафиест, ки ҳам дар асотири пешин ва ҳам дар «Шоҳнома» меъёри зиндагии инсониро ташкил дода, пешрафти ҷаҳони зоҳирию ботинии инсонро ба он марбут медонанд. Ба забони имрўз, «фар» донишу биниш ва тафаккури созандаи инсон аст, ки ба василаи он зиндагии инсонӣ мураттабу  мукаммал мегардад.

     Тибқи ахбори сарчашмаҳо, дар давраи салтанати Ҷамшед дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аслан вуҷуд надоштанд ва ин нукта дар кутуби пешини динӣ-мазҳабӣ низ таъкид шудааст(ниг.: Минўи хирад. Тарҷумаи Аҳмади Тафаззулӣ. – Теҳрон, 1364. –С. 43.).

      Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирадварзию навандешӣ маҳсуб мешавад. Наврўз, ки дар худ гармию меҳрварзиро таҷассум мекунад, аз оғоз дар муқобили сардию сармо, дарду бало, ҷабру ҷафо ва ҷаҳлу хато қарор дошт. Таъкид кардан бамаврид аст, ки зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёт, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сармою сардии шадид диже месозад ва бад-ин минвол, инсониятро дар гамию нармӣ нигоҳ медорад (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Пажўҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1362. –С. 165-169).

          Маълум аст, ки ҳар ҷомеае, ки бо хирад ва тафаккури ҷадид мусаллат аст, кори хайр барои худ ва барои дигарон анҷом дода метавонад ва ҷомеаи муосири тоҷик, бо доштани савобиқи амиқи илмию фарҳангӣ дар раванди бозсозии тафаккур ва навсозии биниши миллӣ метавонад саҳми муносиб гузорад. Гузашта аз ин, хамираи Наврўзи Аҷам бо хирад ва биниши воқеӣ сиришта шудааст ва бо қидмату навпардозӣ насл ба насл, давра ба давра ва марҳила ба марҳила то замони мо расида, ба ин тарз ба оянда мунтақил гардида, дар азнавсозии тафаккур, биниш ва ҳувияти миллӣ нақши муассир  хоҳад гузошт.



Омори сомона

1322678
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1301
476
3619
1315378
12638
23181
1322678