Номи Зиндагӣ Наврӯз шуд!
(таманниёти Наврӯзӣ)
Наврӯзи фурӯзанда – ин ойини дерина,
Ҳаргиз написандида ҷаҳлу ситаму кина.
Аз матлаи устурӣ то мақтаи таърихӣ,
Ҷамшед ба Наврӯзӣ як ҳалқа, ҳаройина.
Инак, Наврӯзи Ҷамшедӣ дар ҳамбастагӣ бо баҳори Хуршедӣ ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда, фазою муҳити Наврӯзию баҳориро бароямон ҳадя месозад. Асотири кӯхани миллӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Ақвоми ориёӣ аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми манотиқи гуногуни ҷаҳон аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли офтоб, борон, оташ, хоку бод даст заданд. Дар қолаби тафаккури устурии онҳо ашёи табиӣ ё ба истилоҳ, воқеӣ ҷойгоҳи вижа дошт. Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар мабнои он, Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, воқеият бар маҷозият, табиат бар мовароуттабиат, рӯшанӣ бар зулмат ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ:
Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,
Зинда бар Нозиндагӣ пирӯз шуд.
Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хосса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар абёти 56-58-и Достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:
Чунин сол сесад ҳамерафт кор,
Надиданд марг андар он рӯзгор.
Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,
Миён баста девон ба сони раҳӣ.
Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,
Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.
Бояд тазаккур дод, ки то зуҳури Ҷамшед ҳам Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ миёни мардум мутадовил будааст, аммо ин шаҳриёри чаҳоруми пешдодӣ бо ҳузуру нуфузи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва фарҳангиаш Наврӯзро расмият, шаҳомат, иззат, қудрат ва билохира тароват бахшидааст. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро бо Ҷамшед тавъам медонанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, шартан, Наврӯзро метавон ба се давра: Наврӯзи пешазҷамшедӣ, Наврӯзи Ҷамшедӣ ва Наврӯзи пасазҷамшедӣ тақсимбандӣ кард. Ин як назари шахсист. Албатта, бо ин навъи тақсимбандӣ метавон баҳс кард ва ин тарзи андешаро нақд сохту иштибоҳӣ донист.
Наврӯзи пешазҷамшедӣ ҷашни мунҳасир ба як ҷомеа ва ё ҷомеаҳои кучак будааст, аммо Наврӯзи Ҷамшедӣ ҷашни бузурги хирадсолорӣ, фарзонагӣ, инсонмеҳварӣ ва адолатписандӣ талаққӣ мешавад. Хуб, давраи пасазҷамшедӣ марҳилаҳои зиёдеро фаро мегирад, ки маҷоли баҳси онро надорем. Ба ҳар сурат, ин давра то замони мо тӯл мекашад ва маҷмӯаи ойину маросимоти Наврӯзиро дар бар мегирад.
Зиёда аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:
Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,
Дайфасли зиндагӣ ба сар омад , баҳор расид.
Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,
К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.
Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ дар тазод аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, ки нахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуѓрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуѓрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро тасаллут мекунад(тасаллут кардан ин ҷо ба маънии мусбати калима омадааст). Ба ин мазмун:
Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст,
Умраш баробари қидами умри миллат аст,
Мероси боасолати деринаҳикмат аст,
Фарҳанги иззат аст,
Ойини ваҳдат аст,
Шаъну шарофат аст,
Бахту саодат аст,
Рамзи муҳаббат аст,
Нерую қудрат аст,
Созанда давлат аст!
Айёми Наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, ангезиши эҳсосу отифат ва таҳрики фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ гармония ё симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ (настроение) аст, ки мардум вуҷуди худро аз ѓаму ѓусса, кинаву адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва тасфияи андеша дам мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд:
Наврӯз даррасиду ѓам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бугумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
Чун дар айёми Наврӯзи фурӯзанда қарор дорем, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳии Наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду фарзонагӣ дар фазои Тоҷикистони азиз танин биандозад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи Наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки реша дар умқи таърих дорад, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад. Таманниёти худро ба сухани Фирдавсӣ хотима мебахшем:
Ҳамарӯза бахти ту пирӯз бод,
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!
Нозим Нурзода
21 марти соли 2019