Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

НОМАИ САРКУШОДАИ М.ВОҲИДОВ, УЗВИ ПУШАЙМОНШУДАИ ТТЭ ҲНИ

«ДАР БОРАИ ПОШ ХУРДАНИ САФҲОИ ОППОЗИТСИЯ ДАР ЕВРОПА ВА КИШВАРҲОИ НАЗДИ БАЛТИКА»

                            

                           ҚИСМИ 1

 

Ба мулоҳизаҳои сиёсӣ ва амнияти шахсӣ, муаллифи ин мақола, аз ифшои номаш ибо варзидааст. Бо ирсоли ин баёнот аз яке аз кишварҳои соҳили назди Балтика, зикр кардааст, ки «дарки ватандӯстӣ ва пешгирии  ҷиноятҳои ҳаракатҳои шариатмадор, ҷиноятпешаи ТТЭ ҲНИ ва қаноти ҷангии он «Ансорулло», ки дар талоши такрори ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта  мебошанд, ӯро водор кардааст, бо таҳияи ин баёнот ба шакли  «маросими савгандёдкунӣ»-и фарогир дар байни аъзоёни қатории ин ҳизб, ки бо таблиғоти  роҳбарони он, Ватанро тарк кардаанд, доман бизанад.

 

Баёноти ин шахс аз 5 қисм иборат аст ва фаъолияти иттилоотӣ, таблиғотӣ, зиддиҳукуматӣ ва ба истилоҳ «ҳуқуқи инсон»-ро фаро мегирад, ки бо маслиҳати пешакӣ бо муаллиф, ба таври тадриҷӣ ва ба маҳзи таҳрири онҳо дар ВАО чоп мешаванд. Инак, фишурдаи қисми 1-уми баёноти Воҳидовро бо матни муқаддамотӣ ва бе таҳрир ба хонандагон баён медорем:

«Бо ба сари қудрат омадани доираҳои  ростгаро дар ниҳодҳои қудратӣ дар таркиби ҳукумати нави Германия, барои аъзоёни поёнии ТТЭ ҲНИ, вазъи гирифтани мақоми паноҳҷӯӣ дар кишварҳои Европа мушкил шудааст. Ҳоло «оппозитсионерҳои исломӣ» асосан дар Германия, Полша, Словакия, Варшава, Финляндия ва дигар кишварҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки дар ҳолати аърофӣ қарор доранд, яъне хатари истирдод ва ё рондани онҳо бамаротиб афзудааст.

Дар ин ҳисоби бенавоҳо, хонаводаи Кабирӣ ва асҳоби ба ин оила ворид, шомил намешаванд. Онҳо дар ноҳияи «Старый град»-и Варшава 3 хонаи боҳашаматро харида, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ онҳоро муҷаҳҳаз кардаанд. 2 мошини БМВ –Х6 низ дар ихтиёри онҳо мебошад.  Даромади паноҳҷӯёни наҳзатӣ ба ин хонаҳо қатъиян манъ буда, фазои нороҳаткунандаи равониро дар муҳити муҳоҷирон ба вуҷуд овардааст. Даъвоҳои аъзои қатории наҳзат дар бораи беадолатиҳои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳайфу майл кардани байтулмол бе ҷавоб мондааст. Дар ин замина, 6-уми ноябри соли равон, дар дарвозаи яке аз хонаҳо, задухӯрд бо истифодаи силоҳ сар задааст, ки 2 нафар захм бардоштаанд.

Аъзоёни  қатории оппозитсия, ки аз 40 нафар зиёд нестанд,   дар замини федералии Рейни Шимоли Вестфалия, аз ҷумла дар Дюсселдорф, Дортмунд, Кёлн, Вуппертал, Билфелд, Мюнстер, истиқомат доранд ва ба мушкилоти молӣ, афсурдагии рӯҳӣ-равонӣ бинобар омилҳои таъсиррасони ғурбатнишинӣ рӯ ба рӯянд. Аз кардаашон пушаймонанд, вале ҷуръат надоранд, аз нухвату ғурури козибонаи худ фуруд оянду ба Ватан баргарданд.                       

 Аъзоёни фирории наҳзат аз низоми бераводид байни Украина ва Беларус истифода карда, бо ҳар роҳе набошад, худро ба сарҳади Полша мерасонанд ва аз минтақаи ҷанг ба таври ғайриқонунӣ тавассути қочоқбарони албанӣ убур менамоянд. Бо маҳзи расидан ба Полша, ҳуҷҷатҳоро сӯзонда, худро паноҳҷӯи сиёсӣ эълон менамоянд.  

Аъзои ин ташкилоти террористӣ бо номи наҳзат дар қарогоҳҳои «Безврла» ва «Денбак» мақоми паноҳандагӣ мепурсанд. Айни замон, 40 нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ин 2 қароргоҳ қарор доранд. Гирёву нолаву шеван, ҷузъи ҳаёти рӯзона ин паноҳҷӯёни ба ном «норозӣ» мебошад. Зодагони вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе, ҳадди аксари  ин муҳоҷиронро ташкил медиҳанд.  Дӯғу пӯписа, даъвоҳои кӯҳнаву нав ба тасмимҳои норавои роҳбарияти ТТЭ ҲНИ, мазмуни суҳбатҳои  ҳаррӯзаи ин паноҳҷӯён мебошад.    

Мушоҳидаҳои шахсии камина нишон медиҳад, ки ифротгароёни фирорӣ ва шариатмадори Тоҷикистон хилофи амалкарди табдили арзишҳои миқдорӣ ба иқтидори сифатӣ бо доман задан ба  зуҳуроти сунъии хурофотӣ, бо ангезахои хоми нимамаҳаллӣ ва васвасавӣ, ки дар кишварҳои ғарб бинобар “таҳаммулапазирӣ”-и бериёи ҳомиёни ба ном “ҳуқуқи башар”,  ҷойу макон ва луқма ноне аз қути лоямут пайдо кардаанд, ҷуръати хиёнатгунае барои такрори иштибоҳи таърихӣ –таъсиси “Паймони зиддимиллӣ” ба вуҷуд овардаанд.Ин иқдомҳои зиддимилӣ манро маҷубр ба иқрори гуноҳҳои кард. Ал-ҳазар аз ин яксӯябиниҳои ифротии “паймонаки зиддимилӣ”, ал-ҳазар. 

Яке аз таҳқиқгарони аврупоӣ, ки дар ҳамсоягии мо дар Германия зиндагӣ мекунад,изҳор медорад, ки “ ...дар масъалаи “сиёсӣ шудани баҳси ҳуқуқӣ” инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсӣ, хосатан дар хориҷи кишвар бингбар гаравишҳои танги маҳаллӣ барои сарҷамъии муҳоҷиронро надорад” ӯ меафзояд, ки “ин ташкилот аслан, субъекти сиёсӣ набуда, чун як ташкилоти террористиву экстремистӣ эътироф шудааст”. Бинобар ин, ба фикри ман, ба мавзӯъи мавҷудияти ТТЭ ҲНИ на чун як оппонент ё мухолифи сиёсӣ, балки бояд чун ташкилоти террористиву экстремистӣ бархӯрд карда шавад”.

Ин лағзишҳои рафтории муллоҳои сиёсатмаоби тоҷик дар иқдомҳои сатҳӣ ва хом ифода меёфт ва  худи шоҳидони воқеӣ-иштирокчиёни ҳодисаҳо ҷиҳати парҳез намудан аз каҷравиҳо бо пушаймонии бадтар аз гуноҳ онро борҳо бо гузашти айём иқрор шудаанд.  Аммо, бадбахтии кор он ҷо буд, ки назорати вазъиятро муллоҳо дар солҳои 90 аз даст доданд, ҷанги шаҳрвандиро таҳрик намуданд ва ҳамчун паёмади сатҳнигарӣ, худро фирорӣ дар  Эрону Афғонистон дарёфтанд.

Паёмадҳои шарикӣ бо ҲНИ бисёр хатарнок аст.             Ҳақиқати ҳол баръакси он даъвоҳое буд, ки муллоҳои сиёсатзада ҳақбаҷонибона пешгӯӣ мекарданд ва «ҷомеаи адолатпарвар ва босубот»-ро ваъда медоданд. Ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки  раванди инкишофи воқеаҳо чунон ғайриинтизор ва онҳоро ғофилгир мекунад. Якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ менамояд. 

          Оғози ҷанги шаҳрвандӣ иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони нухбаи тоҷик бинобар тафаккури ҳуҷрагӣ  ва фосила доштан аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд.

          Ал-ҳазар аз ин яксӯябиниҳои ифротии “паймонаки зиддимилӣ”, ал-ҳазар.

М.Воҳидов, аъзои пушаймоншудаи ТТЭ ҲНИ,

ш.Старогради  Варшава            

 

давом дорад



Омори сомона

1322244
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
867
476
3185
1315378
12204
23181
1322244