Номаи амирӣ ва орзуи барқарор кардани амирсолорӣ (дар ҳошияи номаи Амир Олимхон ба Ҷомеаи Милал)
Дар пойгоњи хабарию тањлилии ифротии Мирзои Салимпул номаи амир Олимхон ба Лигаи миллатњо љой дода шудааст.
Номаро амир њангоми иќомат дар Афѓонистон сентябри 1927 навишта, ба дасти намояндааш женерол Ҳоҷӣ Юсуфбӣ Муқимбӣ ба Ҷомеаи Милал («Созмони Маҷмаи Иттифоқи Милал») расондааст. Албатта, чунин навъи сарчашма дар бањсу мунозирањои ихтисосї рољеъ ба муњтавои салтанати амирї ва љойгоњи он дар низоми зиндагии иљтимої кумак мекунад. Аз сўйи дигар, интишори номаи мазкур, ки аз тарафи амир унвонии Лигаи миллатњо (имрўза Созмони Милали Муттањид) ироа гардидааст, ба пањлуњои гуногуни низоми сиёсии пўсидаи амирї ва њаракати босмачигарї равашанї меандозад.
Дар нома амир арзу доди худро аз болшевикњо, ки салтанати зиёда аз садсолаи хонадони манѓитияро барњам доданд, ба њукуматдорони болої (империалистони аврупої) мерасонад. Амир дар бахши ифтитоњияи нома аз шукўњу шањомати Бухоро, таърихи салтанати амирї, ќудрату нуфузи шањри Бухоро дар миќёси кишварњи исломї, низоми сиёсї, идорї, динї-мазњабї, молиявї ва интизомии амирсолорї сухан дар миён оварда, худро амири содиќ, ќонунї ва интихобии њукумати амирї донистааст. Зимни бечоранолї амир аз Лигаи миллатњо хостааст, ки ба њукумати болшевикї хотима бидињад ва Бухороро ба амир, ки фармонравои ќонунии он аст, баргардонад.
Амир дар нома ба дурўѓ мегўяд, ки тамоми мардуми Бухоро њавохоњи ўянд ва бозгашташро мехоњанд. Агар чунин буд ва «тамоми ањолї – аз аъло то адно» њавохоњи амир мебуданд, аскари Сурх њаргиз ѓалаба намекард. Бо он ки амир ва думраваконаш (босмачињо)-ро империализми ваќт дар симои Англия ва соири кишварњои сармоядорї љонибдорї мекарданд, натавонист дар минтаќа зиёд дошт дињад. Пуштувонаи мардумї надоштан ва аз њама муњим, пуштувонаи миллию маданї надоштани амир ва босмачиён иллати асосии шикасти онњо буд ва на чизи дигар. Вагарна сармоягузорони хориљї барои амалї гаштани наќшањои геополитикии худ сармояи њангуфтро ба дастањои босмачиён ва аксулинќилобиён ихтисос медоданд, то пирўзї насиби амир ва балегўёнаш гардад.
Дар номаи амир Олимхон нуктањои љолиб барои он нафароне дарљ гардидааст, ки аз босмачї ва амирсолорї пуштибонї мекунанд. Махсусан, нафароне, ки лофи миллият мезананд ва босмачиёнро ќањрамонони миллї меноманд. Онњо (манзур амирони манѓитї), аслан тољик набуданд ва ба заррае њам ба забон ва фарњанги миллї эњтиром ќоил набуданд. Бубинед амир дар номааш чї мегўяд: «Уламои исломии Бухоро амирро халифаи Пайғамбар ва ҳомии усул ва шариати исломӣ медонистанд. Хоноти Бухоро тамом аз тоифаи ӯзбаки манғит буданд… Подшоҳони Бухоро дар мавқеи ҷулус, бино ба одати муғул, дар рӯйи тушакчаи мутабаррика нишаста, сайидҳо ва хоҷаҳо ва муллоҳо ӯро аз замин бармедоштанд». Ваќте ки «сайидњо», «хољањо» ва «муллоњо» амирро аз замин мебардоштанд, барои миллат чї љой боќї мемонад. Титулњои мазкур ба миллї будани амирсолорї далолат намекунад, баръакс, дар хидмати кињо будани давлатро нишон медињад. Умуми ќазоия ва шаръия пурра дар дасти амир буд ва чї коре, ки мехост, анљом медод, дар ин амр ба ў кї монеъ мешуд? Шариат ва ќозиюлќуззот, ки аз љониби амир баргузида мешуд? Ба таъбири равшантар, давлат дар дасти як гурўњ хурофотиёну мутаассибон буд ва онњо парвои мардум ва халќи одиро надоштанд. Љорзанињои амир тавассути нома ба Лигаи миллатњо (имрўза СММ) танњо ба хотири баргардонидани салтанат буду халос. Амир ба тортуќу пешкашњои бекњо ва молиёти бебаркаши амирсолорї, ки њамаро якбора ихтиёрдорї мекард, пазмон шуда буд. Дар Афѓонистон, он чи ки мехост, бароварда нашуд. Бо он канизу пешхизмату надимон, ки њамроњи амир фирорї шуда буданд, нафси бебаркаши амир ќаноатманд намешуд. Ў зиёд мехост, вале мардуми Бухорои Шўравї, ки нав аз зулму бедоди ин зоти «шариф» наљот ёфта буданд, дигар салтанат ва њукумати бедоди вайро намехостанд.
Дар мавриди Иброњимбеки босмачї, ки ин шабу рўз таърифи нињоди босмачигарї мавриди васфу таърифи баъзе доирањои расонаї шудааст. Амир дар нома мегўяд, ки: «Иброҳимбеги шердил асокири зиёде ҷамъоварӣ карда, ҷангҳои хунине бо асокири сурх намуд». Дуруст, Иброњимбек барои амир шердил буд, зеро ки бањри бозпас гирифтани салтанати амирї ва дар њолати рукуду аќибмондагї ќарор додани мардум ва махсусан, мардуми тољик, ки аз одитарин њуќуќе бархўрдор набуд, муњориба кардааст.
«Милали заъифа ва њимоят аз ситамдидагон» истилоњотеанд, ки амир дар нома истифода бурда, аз Лигаи миллатњо хостори бозпас гардонидани салтанаташ шудааст. Милали амирсолориро худи амир бо сиёсатњои маърифаткуш ва зулмпарваронааш заиф сохт. Ба љойи он ки ба ситамдидагон рањм кунад (њоло дифоъ не, аќаллан рањм кунад), онњоро дар њолати тарсу њарос нигоњ дошт ва амалдорону њокимон ва рўњониёну уламо – ин тоифаи муфтхўрони худро барои ѓорату торољи милали заиф ва ситамдидаи Бухоро сафарбар намуд. Њар кї андак эњсоси инсонї дорад, аз мутолиаи номаи амир пай хоњад бурд, ки амир ба хотири чї нома навиштааст. Албатта, орзуи барќарор кардани амирсолорї ва ба кару фар идома додан хоби амирро њамеша њаром мекард, аз ин рў, бо истифода аз имкониятњои дохилию хориљї дар фикри бозпас гирифтани Бухоро буд. Дар баробари ин, мардум дар чї гуна вазъе зиндагї мекарданд ва амиру думравонаш чї касоне будаанд, ба ањли фањм маълум аст. Авлодони амир ва босмачї имрўз њам, мутаассифона, дар фазои маљозї ва зиндагии воќеї зиёданд ва барои эњёи салтанати амирї, ки ба тољик ва тољикистонї чизе надодааст, саъю талош меварзанд.
Мо њаргиз бар он нестем, ки болшевикњо бегуноњанд ва њукумати шўравї њукумати бемислу монанд буд. Аммо танњо тавассути њукумати болшевикї точик аввал соњиби Љумњурии Мухтори Шўравии Сотсиалистї ва баъдан (соли 1929) дорои Љумњурии Шўравии Сотсиалистии Тољикистон гардид. Магар ин кам буд? Ба тољике, ки ањли зиёаш дар парешонї ќарор дошт, давлат додан ва њудудеро бо исми Тољикистон ташкил кардан кори бад буд? Албатта, ба доирањое, ки аз шунидани исми шўравї ва рус њассосият доранд, ин бад ва хеле бад аст. Онњо дар њудуди аморати пўсидаи феодаолї зистан ва хидматкори амалдорону њокимону уламои мутаассиби аљнабї буданро авлотар аз давлатдории шўравї медонанд. Бигзор, вале на њама мардуми тољик хостори бозгашти босмачї ва њукумати амирї мебошад. Бинобар ин, халќро ба њоли худ бигзоред, то худаш дар интихоби таќдир ва сарнавишташ тасмим бигирад. Њатто чанбари машинаи интиќодоти худро рўйи давраи амирї гардондан намехоњанд, бо он ки њамеша аз интиќодмењвар будани худ садо баланд мекунанд, Чаро мо њаќќи интиќоди давраи амирї ва тоифаи босмачиро надошта бошем? Нуќтаи заъфи насли љавони мо њамин аст, ки бештар ќурбони афкори муѓризонаи бархе хурофотию мутаассиб (Кабирӣ, Мирзои Салимпул, Дориюши Раҷабиён ва ғ.) мешаванд ва азбаски тафаккури тањлилї надоранд, осонакак тањти таъсири онњо меафтанд ва интиќодро танњо дар доираи мавзўоти барояшон маъќул раво медонанд.
Фаридун Ориёї
21 январи соли 2019