Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Неши ақраб на аз раҳи кин аст...

Тӯли  ду  рўзи охир  дар  бархе аз расонаҳо ва алалхусус дар фазои маҷозӣ  баъзе афрод ва гурӯҳҳои сиёсие, ки бо ТЭТ ҲНИ иртибот доранд,  пиромуни  қазияи марги 14 нафар зиндониёни масмумшуда ҳангома  барпо кардан мехоҳанд.

Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа  ин иғвобарангезӣ  бо мақсади  гумроҳ  кардани мардум ва коҳиш додани ҳусни таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба ниҳодҳои давлатии мо  ҳадафмандона анҷом дода мешавад.

Айни замон аъзои ТЭТ ҲНИ ва дигар бадхоҳону душманони кишварамон аз қазияи марги маҳбусон ба қавле истифодаи  абзорӣ карда, бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле сабаби марги ин зиндониёнро мустақиман ба ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон иртибот додан мехоҳанд.

Чунонки медонед, дар таърихи  7-уми июли соли 2019 аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи корӣ 128 нафар зиндониён, ки аз онҳо 120 нафар мард ва 8 нафар зан буданд, аз Муассисаҳои ислоҳотии  №№ 3/3 ва 3/5-и шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи ислоҳотии  № 9/2-и шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ интиқол дода мешуданд. Ин маҳбусон дар 3 автомашинаи махсус бо роҳбаладии дастаи посбонон аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 дақиқа ба шаҳри Душанбе расида буданд.

Тибқи иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи  Майхӯраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад нон (хлеб)-еро, ки бо худ ҳамчун дастовез оварда будаст, бо 16 нафар маҳбусони ҳамсафи худ тақсим карда додааст. Бо гузашти тақрибан ним соат  вазъи саломатии 13 нафар аз маҳбусоне, ки аз ин нон истифодаи карда будаанд, ба тадриҷ тағйир ёфта, дар онҳо ҳолати далбеҳузурӣ, сарчархзанӣ ва қайкунӣ мушоҳида шудааст. Соати 18:20 дақиқа, ҳангоме ки қатораи мошинҳо вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардида  будааст, вазъи маҳбусоне, ки аз нони заҳролуд истифода карда будаанд, ба шиддат бад мешавад. Аксари онҳо аз ҳуш рафта будаанд.  Соати 18:25 дақиқа бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ барои кӯмак  меоянд. Аммо новобаста ба чораҷӯиҳои тиббӣ табибон фақат 2 нафар маҳбусро метавонанд наҷот диҳанд. 14 нафар аз маҳбусони масмумшуда фавтиданд.

Заҳролуд кардан ва ба қатл расондани маҳбусон албатта кори дасти душманон аст, ки мехоҳанд Ҳукуматро бадном кунанд ва мардумро ба шур оранд. Барои онҳо фарқ надорад, ки киро мекушанд. Муҳимаш ба мақсадҳои ифлоси худ расанд. Амали онҳо баёнгари разолату палидии онҳост. Инҳо мисли ҳамон ақрабанд, ки муқтазои табиаташон неш задан аст.

        Мутобиқи гузориши мазкур қазияи заҳролудшавии маҳбусон ва талаф ёфтани 14 нафар маҳбус феълан аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дорад. Доир ба таҳқиқи ин масъала гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шудааст. Мутмаинем, ки дар фурсати кутоҳтарин гунаҳкорон, онҳое ки маҳбусонро бо додани нони заҳролуд ба қатл расондаанд, пайдо мегарданд ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Айни замон сабабҳои ин қазия ва омилҳои ин ҷиноят дақиқан ошкор нашудаанд, аммо тааҷҷуббарангез аст, ки бо вуҷуди  ҳанӯз норӯшан будани масъала баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ ва мухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣ мекунанд, ки гӯё маҳбусони мазкур ҳадафмандона аз тарафи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо зарби мушту лагад кушта шуда бошанд.  Бо мушоҳидаи ин гуна тавзеҳ додани қазияи ҳанӯз нокушода ва рафтори муғризонаи пайравони ТЭТ ҲНИ метавон ба чунин хулоса омад, ки онҳо аз мусибати имрӯзи ҷомеаи мо аслан ба нафъи худ ҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки сомонаҳои  интернетие чун “Ахборком”, “Паёмнет”, “Озодӣ” ва ашхосе чун Амруллои Низом  аз марги ин маҳбусон на фақат ғамгин нестанд, балки ин қазияро хурсандона ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, бар алайҳи рақибони худ истифода бурдан мехоҳанд.

Чунин ба назар мерасад, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯ ва фурсатталаб ҳастанд, ки аз ҳама чӣ ва ҳама лаҳза ба нафъи худ мехоҳанд фоида бибаранд. Ин қабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳои ҳамешагиашон дар бораи арзишҳои исломӣ наметавонанд ба ягон арзиши воло ва муқаддасоте сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар паи манфиатҷӯӣ ва ҷоҳу ҷалоли хешанд.

Бубинед, ки ин фурсатталабон мехоҳанд ҳатто аз марги маҳбусон ва мусибати хонаводагии онҳо ба нафъи худ истифода кунанд. Ба ин хотир ҳатто омодаанд, ки бидуни доштани ҳеҷ далеле як қазияи фоҷиавиро ҳамчун саҳнаи тарроҳишуда тасвир карда, аз ин фоҷеаи зиндониён  саҳнаи  сиёсӣ созанд ва ба ин васила номи Ватани худро  дар арсаи байналмиллалӣ сиёҳ намоянд. Аз рӯи инсоф бигӯед, ки оё одами боимон чунин коре метавонад анҷом диҳад?

Имрӯз баъзе аз ин ашхоси фурсатталаб бо ҳангомасозиҳои  сиёсии худ ин маҳбусони фавтидаро  ҳатто дар гўр ҳам ором гузоштан намехоҳанд.

Дар хитоб ба ин наҳзатиҳои  ҳангомаҷӯ  гуфтанӣ ҳастем, ки монед ин бечорагонро дар гӯрашон ором бихобанд. Аз мусибати онҳо манфиат наҷӯед!  Аз ҷанозаи мардум  барои худ василаи худнамоӣ насозед! 

Хусрави  Шерзод

08.07.2019



Омори сомона

1322714
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1337
476
3655
1315378
12674
23181
1322714