Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Наврӯз ва ифротгароӣ

Наврӯз оғози фасли баҳор ва соли нави миллии мардуми тоҷик мебошад. Бо фаро расидани Наврӯз тамоми наботот аз нав ҷон гирифта, рушду нумӯъ мекунанд ва табиат пас аз хоби зимистонӣ дубора эҳё машавад.

Наврӯз аз ҳар чизи сохтаву бофта, дурӯғу буҳтон ва қалбакӣ орӣ асту ҳазар дорад. Зеро медонад, ки чизҳои сохтаву бофта ва қалбакӣ дер давом намекунанд ва рӯзе ошкор шуда, соҳибашро шармсор месозанд. Ин аст, бузургии ҷашни байналхалқии Наврӯз, ки худ табиист ва табиӣ буданро ба одамон меомӯзад.

Дар баробари ин, мутаасифона имрӯз дар ҷомеа ашхоси ифротию хурофотзадае ҳам ҳастанд, ки мисли наҳзатиҳои террорист дар асоси назариёти пучу бемаънӣ ва сохтаву бофтаи худ амал карда, аз дуруғу тавтеа ахбореро байни мардум паҳн мекунанд, ки гӯё ҷашн гирифтани Наврӯз аз нигоҳи дин ҳаром бошад ва ҳар нафаре, ки Наврӯзро ҷашн мегирад, наҳзатиҳои палид кофираш мехонанд.

Аммо ҳар як монеа эҷод карданҳо ва сади роҳи ҷашни Наврӯз шуданҳои роҳбарият ва масъулони наҳзатӣ мақсад ва ҳадафе шуме дорад. Мақсад ва ҳадафи наҳзатиҳои ифротӣ аз душманӣ варзидан бар зидди ҷашнгирии Наврӯз дар он аст, ки онҳо мехоҳанд, миллати моро аз фарҳангу маданияти қадимаи худ дур созанд ва фарҳанги бегонаеро бар дӯши мо бор кунанд.

Ҳамон тавре ки, замоне ташкилоти террористии Ҳаракати Толибон  Афғонистонро тасарруф карда буду ҷашн гирифтани Наврӯзро манъ кард ва фарҳангеро бар дӯши мардуми он кишвар бор карда буд, ки то ҳол асароти даҳшат ва ваҳшонияти он дар Афғонистон боқӣ мондааст.

Ҳамон тавре ки гурӯҳи ифротгарои Толибон бо баҳонаи ҳифзи ислом ва тарғиби ғояҳои пучу бемаънӣ, ки сохта буданд, муддате дар сари қудрат буданд. Вале чун ғояҳояшон сохтаву бофта буд, онҳоро ба роҳи сарбастае бурд, ки дигар роҳи бозгашт надоштанд. Маҳз ҳамин сохтакорию бунбастӣ будани ақидаашон онҳоро аз сари қудрат барканор сохт.

Имрӯз наҳзатиҳои ифротӣ кӯшиш доранд, ки ҳамон балои хонумонсӯзро ба сари миллати тоҷик биёранд. Вале ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ ноил намешаванд. Чунки ҳадафи миллати мо нигоҳ доштани арзишҳои волои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо ҳамин кӯшиши хиёнаткоронаашонро карда буданд ва дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ карда, боиси талаф ёфтани ҳазорон нафар ва бехонумон гардидани мардуми зиёд шуда буданд. Онҳо зиёиёну фарҳангиёнро қатл мекарданд, дар кишвар тарсу даҳшатро ҷорӣ менамуданд ва бо ин амалҳои касифонаашон мехостанд, ки ҳаёти мардумро ба зулмот табдил диҳанд, аз ҷумла онҳо ният доштанд, ки Наврӯз ва дигар ҷашну анъанаҳои аҷдодии моро аз байн баранд.

Вале мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи Раҳбари давлат ҷамъ омаданд ва дар муборизаи зидди ин тудаи табоҳкор муттаҳид гардиданд. Оқибат рушноӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ғолиб омад. Айни замон мардуми кишварамон дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ дорад ва хушбахтона Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирад.

Наҳзатиҳои табоҳкор дигар ҳар қадар кӯшиш ҳам кунанд, муваффақ намегарданд. Зеро онҳо мақсади сӯзанда ва харобиовар доранд ва ба роҳи бадӣ мераванд. Ин тудаи ифротӣ дигар ҳеҷ гоҳ пеши роҳи тараққию саодати мардум ва ҷашнгирии Наврӯзро гирифта наметавонанд.

Валӣ Аҳмад 



Омори сомона

1322700
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1323
476
3641
1315378
12660
23181
1322700