Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Навбосмачиҳои муосир (Як таҳлили сарироҳӣ)

Оянда ба ҷузъ таърихи халқ роҳнамои дигаре  надорад.

Таърихи пайдоиши ҳаракати босмачигарӣ далели бебаҳс ва омӯзандаи на танҳо замони гузашта, балки оянда низ аст. Муҳтавои дастаҷамъии асарҳои таърихӣ ва илмӣ дар бораи босмачигарӣ дар як ҷумла хулосагирӣ мешаванд, ки ин ҳаракат сирф ҳаракати тундгаро ва хилофи арзишҳои миллӣ мебошад. Сабаби дигаре ки боиси дар ҳошияи таърих қарор доштани босмачигарӣ мегардад, омили аз инкишофи 10 сола бозмондани Тоҷикистони шӯравӣ дар солҳои аввали ҳокимияти шӯро буд.      

Нишонаҳои босмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин  эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво аз қабили «қиёмат қоим шуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор Бухоро»-ро гирифт зоҳир мегардад.  Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақаро ба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад.

Шартан касоне ки дар зери бори босмачиҳои асри 21 рафтаанд ва барои асоснок кардани истилоҳи  фартути фаромӯшшуда талош мекунанд, «навбосмачиҳо» номгузорӣ кардем.  Кор то ҷое расидааст, ки баъзе афрод аз аз хабарҳои пароканда, ки гӯё аҷдодашон босмачӣ будаанд, кӯшиши ифтихоргуна ҳам мекунанд. Ҳаракати босмачигарӣ аз решаву бун, ба асолати миллии тоҷикон мухолифати шадид дорад, зеро:

1.     Ҳаракати босмачигарӣ барои ҳимояи ҳукумати манғитиҳо қад алам карда буд ва ҳеч умумияте бо  манфитҳои миллии тоҷикон надошт ва надорад.

2.     Босмачиҳо дар болои пайгирии ақидаи музахрафи манғитӣ, ба шиддат ифротӣ буданд ва эътиқоди диниро ба дараҷаи ҷанги минтақавӣ оварда расонида буданд.       

3.     Ҳаракати босмачӣ бар зидди манфиати мардуми одӣ  мубориза мебурд ва саъю талош дошт, ки низоми аморатиро бар бунёди шариати асримиёнагӣ дар Бухорои Шарқи ҳукмфармо гардонад.

4.     Босмачӣ нахустин бор шуда, бинобар заъифии донишу биниш ва вусъати андеша, пойи абарқудратҳоро ба Осиёи Марказӣ кашонид ва тавони худро дуруст наҳисобида бозандаи бозиҳои калонмиқёси геополитикӣ шуд. Мардум гуреза ва овора шуд. Қиёси ин ҳолат  бо солҳои 90-уми асри 20 бисёр омӯзанда аст. Муллоҳои ифротӣ чун ҳукуматро идора карда натавонистанд, ба мавчи фирори мардум доман заданд.

5.     Навбосмачиҳо ҳатто дар чойҳои пешинаи босмачиҳои асри 20 дар вилоятҳои Тахору Кундуз пойгоҳҳои чангии худро таъсис доданд ва низоми бар пояи таассуби сахтгирро ба роҳ монданд. Доркашӣ ва ҷазои шаръӣ яке аз навовариҳои муллоҳои наҳзатӣ буд, ки дар солҳои 1992-97 дар шароити Афғонистон татбиқ шуд.  Куштори кормандони давлатӣ, муаллимон, духтурон, гаравгон гирифтани аскарони ҳукуматӣ, такрори усули босмачӣ ба тарзи нави наҳзатӣ буд.

6.     Навбосмачиҳо дар ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистон дар солҳои 90-ум ба ҳунару мусиқӣ зарбаи ҷонкоҳ заданд ва амалан то имрӯз ин соҳаи ҳаётбахшро ба буҳрон дучор намуданд.

7.     Падидаи душманӣ бо олимон ва илм, аз чониби босмачиҳои кӯҳна оғоз ва дар дар солҳои 90-ум идома ёфт.  Онҳо ба усулҳои қуруни вустоӣ аз пешрафти илмӣ хушашон намеомад ва дар талоши  бозгашт ба «дастовардҳои»- «салафи солеҳ»-и 14 аср пешро доранд.

Ҳамин тариқ, навбосмачиҳои асри 21 дар қалби Олами Кӯхна ҷой гирифта, душмани рушду инкишофи миллат мебошанд.

Давом дорад

Каримов Диловар, омӯзгор, набераи Карим Давлат, яке аз Калтакдорони Сурх    



Омори сомона

1322350
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
973
476
3291
1315378
12310
23181
1322350