Наҳзатиҳои ифротӣ, то ба кай мардумфиребӣ ?!
Мутаассифона, дар шароити ҳассоси байналмилалӣ, рӯйрост шудани дахолати геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ташвиқу тарғиби нерӯҳои ифротии кишварҳо барои муташанниҷ сохтани вазъияти сиёсӣ, махсусан, дар давлатҳои тозаистиқлол, хавфи авҷ гирифтани ҳаракатҳои экстремистӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ зиёд шуда истодааст.
Дар ҳамин замина ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯйи наҳзати исломии Тоҷикистон ин хавфро густариш дода истодааст. Роҳбари ҳизби террористӣ, ки дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои содиркардааш дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дорад, ба ҳамроҳии чанде аз наҳзатиҳои дигар, нисбати ин мамлакат, ин миллат, ин давлат ва роҳбарияти он ҳамарӯза тӯхмат менамоянд.
Мақсаду нияти Кабириву ёронаш низ маҳз ҳамин аст. То иқтидор доранд ба сулҳу субот ва оромии кишвар зарба мезананд. Зеро ду даҳсола пеш маҳз бо чунин шева сари қудрат омада буданду аз пайдоиш ва фаъолияти худ дар кишвар ва минтақа дарак дода буданд. Аз байн боз бист сол сипарӣ гардиду наслҳои калонсоле, ки як маротиба фирефтаи суханони эшон гашта буданд, аз онҳо рӯ гардониданд. Вале, насли ҷавони имрӯза бинобар сабаби оташи ҷангро надидаву азобу уқубатҳои он солҳои мисли филм барояшон менамоянду аз ҳазёнхониҳои эшон воқиф нестанд, зуд фирефта мегарданду ба доми эшон меафтанд. Ин заифиро бошад, наҳзатиҳои террорист хуб эҳсос кардаанд. Аз ин ҷиҳат ҳамарӯза садо баланд мекунанду ба ин восита аз худ дифоъ кардани мешаванд.
Яке аз роҳҳои дифоъ аз кирдорҳои содиркардаашонро дар интиқоди Президенти кишвар донистаанд. Новобаста аз оне ки худ то ҳол на мактабе сохтаанду на роҳеро обод карданд, вале ҳамоно ба Президенти кишвар тавҳину тӯҳмат ва таҳқирро раво дониста, талош ба он доранд, ки нуфӯзи Роҳбари кишварро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар поин баранд.
Матлабе, ки дар сомонаи наҳзатиҳои ифротӣ вобаста ширкати «Тоҷик эйр» гуфта мешавад, далели гуфтаҳои болост. Дар он тамоми гуноҳҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти ширкати мазкур содир гардидааст, ба дӯши ҳукумат ва Президент гузоштанӣ шудаанд.
Ин даъвои наҳзатиҳо мисли ҳамон зарбулмасали «мурдаро як сӯ мондану тутхурӣ» мебошад. Зеро дар он ба ҷои таҳлил намудани сабабҳои аслии муфлисшавии ширкат, ниқоро аз ҳукумат ситониданӣ шудаанд.
Яқинан, наҳзатиҳо аз аввал душмани асосии сохти конститсионии кишвар буданд, ҳоло ҳам ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд. Аз ин ҷиҳат бояд чунин иғвогариҳои онҳоро ба шеъри шоир ҷавоб гуфт:
Асад Аҳлиддинов