Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Мусоҳибаи роҳбари наҳзатӣ – туҳматзанӣ ва худсафедкунӣ

Дар бахши англисии Радиои Озодӣ мусоҳибаи роҳбари фирории ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нашр гардидааст,

ки аз фаъолияти иғвоангезона ва ғаразноки ин расонаи хабарӣ шаҳодат медиҳад ва ин амали журналистони мазкурро як навъ ҳамдастӣ бо терроризм ҳисобидан мумкин аст. Ғайр аз ин дар аввали мусоҳиба оид ба масъалаи мазкур қасдан маълумоти хато оварда шудааст. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсии рондашуда унвон шудааст ва гӯё ҳукуматҳои кишварҳои дигар ва созмонҳои байналхалқӣ онро террористӣ эътироф накарда бошанд.

Дар асл ТТЭ ҲНИ як ташкилоти террористию экстремистиест, ки бо сабаби содир кардани ҷиноятҳои сангин мамнуъ гардидааст. Кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ онро ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф карда, ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд. 

Хандаовар аст, ки дар ин мусоҳиба вобастагии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзодаро, ки дар сентябри соли 2015 кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ карда буд, бо ТТЭ ҲНИ рад кардаанд. Назарзода маҳз бо пешниҳоди роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва аз ҳисоби квотаи сифоизаи онҳо дар вақташ ба вазифа таъйин шуда буд. Яке аз шахсони наздиктарини роҳбарияти наҳзат ва худи Кабирӣ буд. Бо шоҳидии худи наҳзатиҳои собиқ ва далелҳои аниқ исбот шудааст, ки вай маҳз бо супориш ва пули роҳбари наҳзат даст ба табаддулот зада буд. Дар ин масъала ягон ҷойи шубҳа буда наметавонад. Тамоми ҷумҳурӣ медонист, ки Назарзода яке аз қумондонҳои наҳзатиҳо буд. Баъди кӯшиши табаддулот зиндонӣ шудани 13 нафар роҳбарони наҳзатӣ дар асоси далелҳои аниқи раднопазир амалӣ гардидааст, ки ширкати онҳоро дар ин ҷинояти хиёнаткорона исбот намуда буд. Инҳо ба хотири ҷинояткорӣ муҷозот шудаанд, на барои фаъолияти сиёсиашон. Аз ин рӯ, аз тарафи Дэвид Кей неруи сиёсии мухолиф хондани онҳо мантиқ надошт. Бояд қайд кард, ки дар ҳаёти сиёсии кишвари мо фаъолияти як ташкилоти террористӣ даркор нест. Бояд намояндагони алоҳидаи созмонҳои байналхалқие, ки то ин дам бо сабаби надоштани маълумоти аниқ ҳар гуна изҳороту нуктаи назари ғалат баён мекунанд ва ҳатто озодкунии ин ё он ҷинояткори наҳзатиро талаб менамоянд, масъаларо дуруст омӯзанд ва террористу ҷинояткоронро аз сиёсатмадорон фарқ карда тавонанд.

Кабирӣ дар мавриди аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон ба ҳабс маҳкум шуданаш ибрози назар намуда, худро “мусичаи бегуноҳ” меҳисобад. Аммо шоҳидии худи аъзоёни собиқи ташкилоташ ва далелу санадҳои раднопазир исбот кардаанд, ки вай силсилаи ҷиноятҳои сангинро содир карда, аз ҷумла дар кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ ва бо зурӣ ғасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва амалҳои террористӣ даст дорад.

Роҳбари наҳзатӣ даст доштани ташкилоташро дар амали террористии моҳи июли соли гузашта, ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ анҷом ёфта буд, рад мекунад ва дар Аврупо паноҳгоҳу пуштибонӣ  ёфтанашро дар ин маврид асос меорад. Аммо шоҳидии иштирокчиёни он ҷиноят ва далелҳо собит кардаанд, ки ТТЭ ҲНИ ба хотири дар арсаи байналхалқӣ сиёҳ кардани Тоҷикистон ва зарар расондан ба рушди туризм дар кишварамон ин амали террористиро анҷом додааст. Аз ҷониби ДИИШ содир гардидани ин ҷиноят воқеият надорад. Зеро айни замон ин ташкилот имконияти амалӣ намудани чунин ҷиноятро надорад. Чӣ ҷинояте ки дар дунё вақтҳои охир ба амал омад, ДИИШ ба хотири зиёд нишон додани иқтидораш ба уҳда мегирад.    

Кабирӣ аз мавзӯи ин амали террористӣ дур рафта, гуноҳро ба гардани Ҳукумат бор карданӣ шудааст. Вай бешармона дар бораи неруи сиёсии мухолиф, ки бо роҳи осоишта мубориза мебарад, сухан мегӯяд ва ташкилоти террористии худро чунин меҳисобад. Аммо ТТЭ ҲНИ дар амал нишон дод, ки як ташкилоти воқеан террористӣ ва тахрибгарест, ки бо дастури неруҳои манфиатдори хориҷӣ амал карда, мақсади ғасби ҳокимият ва бо зурӣ иваз кардани сохти конститутсиониро дорад. Дар солҳои навадуми асри гузашта ин ташкилот дар кишварамон ҷанги дохилиро роҳандозӣ карда буд. Солҳои баъди истиқрори сулҳ бошад, даст ба сислсилаи амалҳои террористӣ ва кӯшиши табаддулоти низомӣ зад. Аз ин рӯ, дар бораи муборизаи осоишта ҳарф задани саркардаи наҳзатӣ як дуруғе беш нест.   

Дуруғи дигари роҳбари наҳзат он аст, ки гӯё фаъолияти ҳазорон аъзояшро бо мақсади ҳифзи амнияти онҳо дар Тоҷикистону берун аз он бо изҳороте қатъ карда бошад. Аммо мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 2014 ва 2015 аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо дарки хатогии худ гурӯҳ гурӯҳ ихтиёрӣ аз он хориҷ мегардиданд. Дар асл шумораи аъзоёни наҳзат ҳамеша аз будаш зиёд нишон дода мешуд. Агар онҳо зиёд, масалан 40 ҳазори гуфтаи роҳбараш мебуданд, пас куҷо шуданд? Баъзе одамон,  ки пештар ҳамчун аъзои ТТЭ ҲНИ номнавис шуда будаанд, дар асл худашон хабар надоштаанд.

Роҳбари наҳзат Ҳукуматро туҳмат карда, беасос фаъолияти мақомотро танқид мекунад, ки гӯё ба аъзоёни ташкилоташ беадолатона муносибат карда бошанд ва Наимҷон Самиевро мисол меорад. Аммо агар Наимҷон Самиев аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда бошад, чи уро дастгир ва муҷозот накунанд?

Тибқи одати маъмулӣ сарвари наҳзатӣ ин дафъа ҳам ҳаммаслакони зиндониашро маҳбусони сиёсӣ номидааст. Аммо маълум аст, ки ҳар кадоми онҳо ба хотири содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба ҳабс гирифта шуда, муҷозот карда шудаанд.

Кабирӣ такрор ба такрор Ҳукуматро туҳмат мекунад ва изҳори норозигӣ менамояд. Аммо ба ёд намеорад, ки солҳои пештар вақте ки вакили Маҷлиси Намояндагон буд ва ҳамроҳонаш дар вазифаҳои баланд фаъолият доштанд, дигар хел гап мезад. Як бор ёдовар намешавад, ки дар чандин соли иштирокашон дар ҳайати Ҳукумат ва Маҷлиси Намояндагон оё ягон амали хуберо барои миллату ватан анҷом додаанд? Албатта дар ин хусус гуфтанӣ надорад, зеро он замон фақат ба ҷамъоварии сарвату ба даст овардани манфиатҳои моддӣ машғул буданд ва барои хиёнат кардану ғасби ҳокимият  фурсат меҷустанд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ аз ташкилоти дуруғини ба ном Паймони миллӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки гӯё чанд неруи сиёсии мухолифро муттаҳид карда бошад. Аммо ин амалаш як қаллобӣ асту бас. Дар асл чанд гурӯҳакеро, ки пештар худаш созмон дода буд, сентябри соли гузашта дар Варшава ҷамъ оварду гӯё ПМТ сохт. Аммо аз ҳамон аксҳои ҷаласаашон ҳам маълум аст, ки ПМТ аз чанд аъзои хонавода ва чанд нафари вобастаи вай иборатанду халос. Ин ташкилот дар байни муҳоҷирони тоҷикистонӣ ягон эътиборе надорад. Ҳатто Созмони ифротии Гурӯҳи 24 ва Додоҷон Атовуллоев ҳам, ки худро мухолиф меҳисобанд, ба он ҳамроҳ нашуданд. Мардуми кишварамон аслан ба он таваҷҷӯҳ надорад.

Дар охир бояд қайд кард, ки мусоҳибаи роҳбари наҳзатӣ саросар аз худсафедкунӣ, бечоранолӣ ва туҳмату иғвоангезӣ иборат аст. Албатта маълум аст, ки чунин тарзи рафтор хоси  роҳбарону сухангӯёни ташкилотҳои террористӣ мебошад.



Омори сомона

1322463
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1086
476
3404
1315378
12423
23181
1322463