Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар пешорўи имтиҳони ҷиддӣ
1 июни соли ҷорӣ, зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар шаҳри Теҳрон «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи амният» ба имзо расид.
Оё ин санади муҳим оѓози марҳилаи солими робитаҳои ду кишвар мешавад? Даври ин масъала мухбири мо мусоҳибае дошт бо омӯзгори калони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Холиқов Шералӣ, ки манзури хонандагони гиромӣ мегардад.
-Устоди муҳтарам. Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар бораи усул ва чорчўбаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният байни Тоҷикистон ва Эрон бори дигар масъалаи муносибатҳои ду кишварро ба мавзўи муҳимми рўз табдил намудааст. Мехостам суҳбатро аз ин оѓоз намоем, ки муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон бояд чӣ гуна бошанд ва кадом ҳолат метавонад манфиатҳои ду кишварро таъмин намояд?
- Эрон ва Тоҷикистон кишварҳое ҳастанд, ки умумиятҳои зиёд доранд. Эрон ҳамчун таърих, ҳамчун фарҳанг, ҳамчун забон, ҳамчун миллат ва ҳамчун давлат аслан наметавонад бо Тоҷикистон ихтилоф ва мушкилӣ дошта бошад. Зеро аз ин назар, ҳам фарҳанги ду миллат ва ҳам манфиати ду давлат бо ҳам муштараканд. Мо таърих, забон ва тамаддуни бузурги ягона дорем. Хусусан, дар раванди босуръати глобализатсия, ки фарҳангҳои миллиро бераҳмона фурў мебарад, ҳамкорӣ ва ҳамзистии кишварҳои ҳамфарҳанге чун Тоҷикистон ва Эрон як зарурати таърихӣ ва як бахши муҳимми манфиатҳои миллии онҳост. Доираҳои солимфикр, доираҳое, ки дар сатҳи тамаддунӣ ва давлатӣ меандешанд, ба чунин зарурат шакке надоранд.
Бинобар ин, мушкилоте, ки миёни ду кишвар пеш меоянд, ба масъалаҳо ва ё сиёсатҳои мушаххаси як давраи муайян дахл доранд. Ин аст, ки барқарории робитаҳои нек байни ду кишвар ва ба имзо расидани чунин Ёддошти тафоҳуми амниятӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар ҳақиқат бозгашти ду кишвар ба он манфиату ҳуввияти умумӣ мебошад. Ин созишнома ѓалабаи он умумияти зотӣ бар он ихтилофи ҷузъиро ифода мекунад. Зеро ҳолати табиии робитаҳои Тоҷикистону Эрон маҳз ҳамин ҳамкорию ҳамзистист, на ихтилофу дурӣ.
-Пас, бо чунин муштаракоти бунёдӣ, чаро робитаҳои ду кишвар дар сатҳи муносиб нестанд?
-Робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳамеша сард набудаанд, балки аксаран дар ҳолати табиӣ ва шарикӣ қарор доштаанд. Ин робитаҳо ҳеҷ гоҳ қатъ нашудаанд. Ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шўравӣ намунаҳои рўшане аз ҳамкориҳои байни аҳли фарҳангу зиёи Тоҷикистон ва Эрон дида мешаванд. Ҳама бо як эҳсосоти баланд ба ёд меоранд, ки ҳанўз соли 1958 бузургони фарҳанги эронӣ устод Саид Нафисӣ ва Нодири Нодирпур ба Тоҷикистон омада, дар ҷашни Рўдакӣ иштирок карда буданд. Умуман, мардуми тоҷик ба Эрон ва фарҳанги эронӣ ҳамеша бо як муҳаббат ва иштиёқи беназир нигоҳ мекарданд ва мекунанд.
Бо фарорасии истиқлолият низ муносибатҳои мо бо Эрон аз як нигоҳи пур аз муҳаббату эҳсосот оѓоз гашт. Мардуми мо, хусусан аҳли фарҳангу зиё бо боварии махсус ба Эрон рў оварданд, бо ашки шодӣ оѓӯши худро ба ҳамзабонон боз карданд. Ёд дорам, ки мардуми мо ташрифи ҳар як ҳайати эрониро мисли ҷашни шодӣ қабул мекарданд. Ин муҳаббати тоҷикон нисбат ба Эрону эрониён бисёр пок, самимона, дур аз сиёсат ва метавон гуфт, ки каме содалавҳона низ буд. Мо он вақт сиёсатро намедидем, фақат муҳаббатро медидем...
Дар давраи истиқлолият намунаҳои бисёр хуби ҳамкориҳои дуҷониба дорем. Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд, дар Душанбе сафорати худро кушод, то имрўз ҳам мошинҳои сафорати ҶИ Эрон дар Тоҷикистон бо рақами 001 мегарданд, ки ин як рақами ифтихорӣ дар ташрифоти дипломатӣ аст. Сипас Эрон дар раванди сулҳи Тоҷикистон бисёр фаъолона иштирок намуда, яке аз кишварҳои кафили сулҳ ба ҳисоб мерафт. Дар давраи баъдиҷангӣ низ ҳамкориҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар бисёр хуб буданд. Эрон дар Тоҷикистон сармоягузориҳои ҷиддӣ намуда, яке аз се сармоягузори асосии иқтисодиёти кишвари мо ҳисоб мешуд. Иштироки Эрон дар бунёди НБО «Сангтуда-2» ва нақби «Истиқлол» намунаҳои барҷастаи ин ҳамкориҳо мебошад. Бинобар ин, робитаҳои ду кишвар ҳамеша хуб будаанд.
-Пас, сабаби тирагии муносибатҳои ду кишвари бародар дар ду-се соли охир дар чӣ будааст? Зеро дар ин давра дар фазои иттилоотии дохилию хориҷӣ чандин фарзияҳо дар бораи сабабҳои сардии ин муносибатҳо матраҳ буданд…
-Бори дигар бояд гуфт, ки дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон мушкилоти усулӣ вуҷуд дошта наметавонанд ва мушкилоти ин ду соли охир низ мушкилоти мушаххаси ҷузъӣ буданд.
Дар бораи фарзияҳои гуногуни фазои иттилоотӣ, бояд гуфт, ки аксари онҳо бофтаҳои ба истилоҳ коршиносону хабарнигорон мебошанд. Пеш омадани ҳолати рукуд дар муносибатҳо на ба «эронситезӣ», на ба «исломҳаросӣ», на ба «ихтилофи идеологӣ», на ба «дахолати кишварҳои сеюм» ва ѓайра дахл надорад. Сабаби мушаххаси ин ҳолат дар он буд, ки бахше аз роҳбарон ва фаъолони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом пас аз мамнуъ эълон шудани он дар Тоҷикистон ба Эрон паноҳ бурданд ва дар он ҷо фаъолиятҳои зиддитоҷикистонии худро идома доданд. Табиист, ки ин ҳолати мушаххас боиси сардии муносибатҳо гашт. Имрўз, ки наҳзатиён аз қаламрави Эрон берун мешаванд, дигар дар робитаҳои ду кишвар ягон мушкили ҷиддӣ боқӣ намондааст. Ман боварӣ дорам, ки бо аз миён рафтани ин сабаби ҷузъӣ, дар мудати кӯтоҳе робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон ба сатҳи сифатан нав мебароянд.
-Ин тавр бошад, ба назари Шумо чаро ҷониби Тоҷикистон ба масъалаи ҳузури ТТЭ ҲНИ дар ин ё он кишвар, аз ҷумла дар Эрон чунин муносибати қатъӣ ва ҳассос зоҳир мекунад?
-Албатта, ин савол аз мавзӯи муносибатҳои Эрон ва Тоҷикистон андаке берун аст, аммо моҳиятан, саволи бисёр муҳим ва усулист. Чунин муносибати ҳассос ва қатъии давлати Тоҷикистон дар масъалаи ТТЭ ҲНИ, пеш аз ҳама ба таълимоти идеологӣ, корномаи таърихӣ ва моҳияти геополитикии худи ҲНИ дахл дорад. Агар ин омилҳоро дар назар гирем, ТТЭ ҲНИ муҳимтарин таҳдид на танҳо ба суботу амнияти кишвари мо, балки ба худи фарҳангу ҳувияти миллии мо ва ба худи давлатдории мустақили мо мебошад. Бо назардошти ин, Тоҷикистон ҳамчун давлат, ба таври табиӣ бояд бо фаъолияти чунин ҳизбе мухолиф ва ҳассос бошад. Пас, маълум аст, ки Тоҷикистон ҳар гуна ҳамкорӣ ва ҳимоят аз ин ҳизбро хилофи манфиатҳои худ ва таҳдид ба амнияти худ ҳисоб мекунад.
-Ин тарзи гузоштани мавзўъ хеле ҷолиб аст ва моҳияти бисёр масъалаҳоро рўшан мекунад. Мешавад, ки ин масъаларо возеҳтар шарҳ диҳед?
-Мақсади ман чист? Якум, Ҳизби наҳзати ислом дар таълимоти худ бунёди як давлати идеологии иртиҷоии диниро пайравӣ мекунад. Бо вуҷуди он, ки баъзе роҳбарони наҳзат худро либералу дунявӣ нишон доданӣ мешаванд, ҷавҳари асосӣ ва идеяи пешбарандаи ин ҳизб ҳамон бунёди давлати идеологию иртиҷоии динӣ мебошад. Аз ин назар, ин ҳизб моҳиятан бо сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон, бо тарзи ҳаёти озоди миллати мо ва бо арзишҳои демократӣ мухолиф мебошад.
Сониян, фаъолияти ин ҳизб дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки аз назари тарзи амал низ он як ташкилоти воқеан экстремистӣ ва террористӣ буда, аз ташкилотҳои дигари террористии ҷаҳон, аз «Толибон»-у «ал-Қоида»-ю «ДИИШ» ягон фарқе надорад. Дар ин давра ТТЭ ҲНИ ба тамоми намуди ҷиноятҳои зиддиинсонӣ даст зад. Қатли оми мардуми бегуноҳ, амалӣ намудани шаклҳои даҳшатноки куштори одамон, истифодаи зиндонҳои оҳанин ё «бочка-зиндонҳо», қатли ҳадафноки муаллимону духтурон, таҷовуз ба занону духтарон, асиргирию ѓуломдорӣ, фурўши асирони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ, қатли чеҳраҳои бузурги аҳли фарҳангу зиёи миллат, ѓорати рўирости шаҳру деҳоти кишвар ва садҳо чунин далелҳо моҳияти асосии ин ҳизбро барои мардум ва барои таърих нишон доданд. Ҳизби наҳзат масъули бевоситаи нангинтарин ҳодиса дар таърихи миллати тоҷик, яъне ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, дар назди таъриху миллат абадан гунаҳкор мебошад. Як ҳамин силсилақатлҳои ҳадафмандонаи шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги халқи мо чун Осимӣ, Исҳоқӣ, Назаршоев, Ѓуломов, Латифӣ, Олимпур, Сайф Раҳимзод ва ѓайра кофист, ки моҳияти зиддитоҷикӣ ва зиддитамаддунии ин ташкилот маълум бошад. 150 000 кушта, 50 ҳазор кӯдаки ятим, як миллион нафар гуреза, ҳазорон хонаю дари сўхта, даҳҳо шаҳру деҳоти валангор, даҳҳо сол ақиб мондани рушди иқтисодиёти кишвар - ин буд армуѓони нангини ҳизби наҳзати ислом ба миллат. Пас, кадом давлат ё кадом миллат розӣ мешавад, ки чунин ҳизбе дар қаламраваш фаъол бошад ва чунин амалҳоро давом диҳад. Аз ин назар, ТТЭ ҲНИ таҳдиди воқеӣ ба ваҳдат ва суботу осоиштагии ҷомеаи мо мебошад.
Аз тарафи дигар, дар тўли фаъолияти ин ҳизб, моҳияти зархаридӣ ва инструменти геополитикӣ будани он пурра исбот гашт. Ҳизби наҳзат дар амал ба омили татбиқи манфиатҳои кишварҳои бегонаи шарқию ѓарбӣ дар Тоҷикистон табдил шуд. Моҳияти ин лоиҳаи геополитикӣ аз ин иборат буд, ки бояд ба воситаи ин ҳизб аввал дар Тоҷикистон, сипас дар тамоми Осиёи Марказӣ нооромӣ ба вуҷуд оварда мешуд ва ба ин восита, ба манфиатҳои Россия ва Чин низ таҳдид эҷод карда мешуд. Ин ҳадаф ба маънои ба Афѓонистон, Сурия ё Ироқи дигар табдил додани Тоҷикистон буд.
Илова бар ин, ин ҳизб ҳамчун ҷузъи таркибии шабакаи террористии байналхалқӣ, тобеи вазифаҳои интернатсионализми байналхалқии террористӣ гардид. Он бо ташкилотҳои террористии «ал-Қоида», «Толибон» ва «ДИИШ» ҳамкории наздик дошта, мувофиқи гузоришҳои хадамоти ҷосусии ИМА (ЦРУ) роҳбари ҲНИ С.А.Нурӣ як муддат вазифаи робитачӣ байни онҳою «ал-Қоида» ва шахсан Бен Ладенро иҷро кардааст. ҲНИ ҷузъи раванди ҷаҳоние шуд, ки мавҷудияти давлату миллати моро ҳаргиз қабул надошта, онро тобеи хилофати хаёлии худ кардан мехоҳад. Ҳамин тавр, ТТЭ ҲНИ ба таҳдиди воқеӣ ба мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли мо табдил шуд.
Пас, бо назардошти ҳолатҳои зикршуда, оё Тоҷикистон бояд нисбат ба фаъолияти чунин ҳизби таҳдид бетараф бошад? Ба назари ман, мавқеи қатъии давлати Тоҷикистон нисбат ба ТТЭ ҲНИ на танҳо дуруст, балки табиӣ мебошад. Агар давлате нисбат ба чунин таҳдиди азим ба ҳастии худ ҳассос набошад, он моҳият ва вазифаҳои худро амалӣ накардааст. Аз ин рў, давлати Тоҷикистон дар масъалаи ТТЭ ҲНИ дуруст ва масъулона рафтор намудааст.
-Ин далелҳои Шумо дар ҳақиқат дурустанд. Аммо, пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ҲНИ иҷозати фаълияти расмӣ ёфт ва ба ҳизби сиёсии парламентӣ табдил шуд. Оё хатарҳои номбурда аз байн нарафтанд?
-Мутаассифона, не. Метавон гуфт, ки ҳамон омилҳо, яъне таълимоти ифротии идеологӣ, моҳияти террористӣ ва вобастагии геополитикӣ имкон надоданд, ки ҲНИ ба ҳизби ҳақиқии сиёсӣ табдил шавад. Ба ибораи дигар, ин ҳизб натавонист ин имконияти таърихии миллӣ шуданро истифода кунад ва амалан, ба созишномаи сулҳ хиёнат кард. Зеро моҳияти асосии созишномаи сулҳ дар ҳамин буд, ки ҲНИ аз ҳамин сифатҳои худ даст мекашад. Аммо даст накашид…
-Чи тавр?
-Таҳлили фаъолияти ин ҳизб дар солҳои пас аз созишномаи сулҳ нишон медиҳад, ки ҲНИ аз созишномаи сулҳ ҳамчун фурсат истифода бурда, фаъолияти экстремистию террористӣ ва барномаҳои зиддимиллии худро давом дод. Мувофиқи омори расмӣ, маҳз пас аз созишномаи сулҳ дар солҳои 1999-2015 то 210 нафар аз фаъолони ТТЭ ҲНИ барои иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ боздошт ва маҳкум шудаанд. Ҳодисаҳои Рашт дар солҳои 2009-2010 ва ҳодисаҳои Хоруѓ соли 2012 баръало нишон доданд, ки ТТЭ ҲНИ боз ҳам дар пайи ҳадафҳои террористии худ мебошад.
Аммо авҷи ин фаъолиятҳои зиддимиллии ҳизби наҳзат кўшиши табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии ҲНИ буд, ки 4-уми сентябри соли 2015 анҷом шуд. Ин ҳодисаи нангин низ чанд воқиятро равшан кард. Яъне, ҲНИ аз мақсади асосии худ - касби ҳокимияти сиёсӣ ҳаргиз рўй нагардондааст, қувваҳои мусаллаҳи худро дар асл пароканда накарда, онҳоро пинҳонӣ нигоҳ доштааст, робитаҳои худро бо хоҷагони хориҷӣ қатъ накарда, моҳияти зархаридии худро ҳифз намудаааст, барои расидан ба қудрат ба тамоми ҷиноятҳо, аз ҷумла табаддулоти давлатӣ тайёр аст. Пас аз яқин шудани ин ҳолат, ба назари ман, ҳатто як рўзи дигар идома ёфтани фаъолияти ҲНИ хатарнок буд.
Ин аст, ки гўё муътадил шуда, ҳизби сиёсии парламентӣ шудан, аз амалҳои хушунатомез даст кашидани ҲНИ ягон ҳақиқат надорад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон бояд фиреби таблиѓоти либералтарошию муътадилтарошии ҳизби наҳзатро нахўрда, идеяи асосӣ, корномаи ҷиноӣ ва моҳияти зархаридии ин ташкилотро фаромўш накунанд. Ҳақиқати ТТЭ ҲНИ ва ҳар ташкилоти экстремистию террористии дигар ҳамин аст.
-Ҷолиб аст, ки чаро ҲНИ ба кўшиши табаддулот рў овард?
-Ин кўшиш натиҷаи буҳрони амиқ дар ин ҳизб буд. Зеро бо вуҷуди ин, ки дар доираи созишномаи сулҳ ҲНИ 30%-и қудрати сиёсиро ба даст овард, аз тарафи ҷомеаи Тоҷикистон пазируфта нашуд. Зеро ин ҳизб на кадрҳои лоиқ дошту на барномаи комил ва на идеяи созанда. Ин буд, ки дар интихоботи соли 2015 мардуми Тоҷикистон ба ҲНИ ҷавоби қатъии худро дод ва ин ҳизб дар саҳнаи сиёсӣ шикасти мутлақ хўрд. ҲНИ поёни кори худро дарк кард. Дар айни замон, ин ҳизб ҳамчун инструменти геополитикӣ натавонист ҳадафҳои дар наздаш гузошташударо татбиқ кунад, бинобар ин зери фишори ҷиддии геополитикӣ қарор гирифта буд.
Дар чунин ҳолат, роҳбарияти ҲНИ ба чунин иқдоми ниҳоӣ, яъне ба кўшиши табаддулот даст зад. Ин охирин талоши ҲНИ барои расидан ба қудрати сиёсӣ буд. Дар айни замон, ин ҳаракати бумбастӣ поёни ҲНИ шуд.
Ҳамзамон, ин давра нишон дод, ки барои дастгирии фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар садҳо миллион доллар сармоя гузошта шудааст. Масалан, вақти имзои созишномаи сулҳ ҲНИ беш аз 10 000 нафар ҷангандаи то дандон мусаллаҳ дошт. Фақат мусаллаҳкунӣ ва нигоҳдории чунин артиши ҷангӣ худ даҳҳо миллион доллар сармоя металабад. Пас, агар ин ташкилот як ҳизби сиёсӣ бошад, чунин қудрату сармояро аз куҷо ба даст овард?
Илова бар ин, пас аз бозгашти роҳбарияти ТТЭ ҲНИ аз хориҷа, аксари онҳо дар муддати кўтоҳ даҳҳо иншоот ва молу мулкро дар Тоҷикистон харида, садҳо қасру кӯшкҳои боҳашамат сохтанд. Роҳбарони ҲНИ чандин заводи пахта, корхонаҳои калони саноатӣ, беморхона, бозорҳо, марказҳои калони савдо, биноҳои истиқоматӣ ва миқдори махсусан калони замин ва амволи дигарро харидорӣ намуданд. Аз ҷумла, саркардаи ТТЭ ҲНИ иншоотҳои зеринро харидорию хусусӣ гардонидааст, ки танҳо чанд адади онро ҳамчун далели собитшуда ин ҷо меорем:
- Маркази фарҳангии «Диалог», воқеъ дар суроѓаи шаҳри Душанбе, кўчаи Зебуниссо №7. Бинои мазкур дуошёна буда, дар он ҷо асосан чорабиниҳои таблиѓотӣ-ташвиқотии ҲНИ гузаронида мешуданд;
- ҶСП «Бинокор сервис», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Зебуниссо. Аз тарафи М. Кабирӣ бо арзиши ҳамагӣ 25 464 сомонӣ харидорӣ шудааст;
- Манзилҳои истиқоматӣ воқеъ дар суроѓаи шаҳри Душанбе, кўчаи А.Дониш, бинои 20/1: хонаи №16 –ро 28.07.2000 с. ба маблаѓи 350 000 рубли тоҷикӣ харидааст (нархи инвентариаш 113 148 рубл баҳогузорӣ шудааст); хонаи №17-ро 20.12.2000 с. ба маблаѓи 150 рубли тоҷикӣ харидааст (нархи инвентариаш 71 760 сомонӣ баҳогузорӣ шудааст); хонаи №15-ро 20.09.2004 с. ба маблаѓи 5 000 сомонӣ харидааст; манзили истиқоматии воқеъ дар суроѓаи ноҳияи Шоҳмансур, кўчаи Камола 44 «А». Ба маблаѓи 12 000 рубл харидорӣ намудааст.
- ҶСШК «УПТК ПТСО Монолитстрой» дар шаҳри Ваҳдат (100%-и саҳмияҳо ба М. Кабирӣ тааллуқ дошт. Айни замон корхонаи мазкур ба ширкати хусусии «Сохтмонваҳдат» табдил дода шудааст;
- ҶСШК «Сомониён-3» дар ноҳияи Файзобод дар заминаи собиқ ПМК-35 «Селстрой-3»-и ноҳияи Файзобод, бо маблаѓи ҳамагӣ 28 000 сомонӣ харидорӣ шудааст;
- ҶДММ «Саховат», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кўчаи Луначарский. Ба номи ҳамсари М.Кабирӣ - Раҳматуллоева Мастура Тешаевна, бо маблаѓи 836 000 сомонӣ фурўхта харидорӣ шудааст;
- ҶСШК «Боркаш», воқеъ дар ноҳияи Рўдакӣ, 100%-и саҳмияҳо ба М. Кабирӣ тааллуқ доштанд;
- Бинои сохтмонаш нотамом воқеъ дар маҳаллаи 194-уми шаҳри Душанбе, ки дорои 112 квартира мебошад;
- 17 адад хонаҳои истиқоматии сохтмонашон нотамом воқеъ дар ноҳияи Ҳисор;
- Бинои беморхонаи шаҳрии касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, хоҷагии деҳқонии «Истиқлол»-и ноҳияи Файзободро хусусӣ гардонидааст.
Ғайр аз ин, дар ду суратҳисобҳои бонкӣ, дар бонки марказии давлатии Яман ба номи Муҳиддин Кабирӣ, дар яке 532 000 доллари ИМА ва дар дуюмӣ 350 000 доллари ИМА гузаронида шудааст. Ҳамчунон, ба суратҳисоби бонки ӯ дар «RAKBANK»-и Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, 06-уми апрели соли 2010, аз «WORD BANK»-и шаҳри Ню-Йорк маблаѓи 1,2 млн. доллари ИМА ворид шудааст.
Ҳамаи саркардагони ҲНИ бо мошинҳои қиматбаҳо ва корвони муҳофизон мегаштанд. Фақат масъули ҳарбии ҲНИ генерали исёнгар А.Назарзода беш аз 150 номгўи молу мулки ѓайриманқул, яъне корхонаю фермаю замину хонаҳои боҳашамат дошта, қариб тамоми заминҳои кўҳистони дараи Ромитро барои раммаю подаю галлаҳои худ хусусӣ гардонида буд. Ин ҷо савол пеш меояд, ки чунин сармояи бузург ва ин ҳама молу мулкро роҳбарони ҳизби наҳзат аз куҷо ба даст овардаанд? Ягон роҳбари ин ҳизб ҷое кор накардааст ва ягон мавод истеҳсол намекунад. Ҷавоб муайян аст: ин сармоягузории ҳадафноки хориҷӣ болои ин ҳизб мебошад...
Чунин дастгирии махсусан калони хориҷии ҳизби наҳзат ҳоло ҳам идома дорад. Имрўз даҳҳо нафар фаъолони ҳизб бо аҳли оила ва хешу табори худ дар кишварҳои Аврупоӣ зиндагӣ мекунанд. Роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар ин кишварҳо дар меҳмонхонаҳои дараҷаи баланд ва хонаҳои иҷоравии қиматбаҳо сукунат доранд. Харҷи чунин зиндагӣ дар шароити аврупоӣ, ки ҳама чиз даҳҳо баробар қиматтар аз Тоҷикистон аст, аз куҷо таъмин мешавад? Албатта, аз тарафи кишварҳо ва доираҳои ҷосусие, ки ҲНИ-ро бар зидди Тоҷикистон дастгирӣ мекунанд.
Ё фаъолияти даҳҳо расонаи таблиѓотии наҳзатӣ, мисли сомонаҳои «Наҳзат», «Паём», «Ахбор», «Кимиёи саодат», «Востокнюс», «Ислоҳ», шабакаҳои радиоии «Паём» ва «Зелло», телевизони «Садои мардум» ва ѓайра аз кадом ҳисоб сармоягузорӣ мешавад? Зеро барои таъсис ва фаъолияти онҳо маблаѓҳои ниҳоят калон лозиманд. Ин ҳам намунаи идомаи маблаѓгузории калони хориҷӣ ба ТТЭ ҲНИ мебошад.
-Бисёр ташаккур, ки моҳияти ин ташкилотро чунин возеҳ шарҳ додед. Ҳатто барои худи ман, ҳамчун журналист, кушодани чунин паҳлўҳои нозуки масъала бисёр ҷолиб ва нав буд. Аммо мехостам ба масъалаи он Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Эрон баргардем. Мехостам каме рўшанӣ андозед, ки моҳияти он аз чӣ иборат аст?
-Ёддошти мазкур натиҷаи тавофуқи ду кишвар дар бораи усул ва чорчўбаи ҳамкориҳо дар соҳаи амният мебошад, ки иродаи ҳар ду тарафро дар мубориза бо экстремизм ва терроризм ифода мекунад. Он аз тарафи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳамчун намояндагони расмӣ ва ваколатдори ду давлат ба имзо расидааст. Зимни имзои он ҳар ду тараф ба таври дақиқ медонистанд, ки чи дар назар дошта шудааст ва мақсад чист. Мақсади асосии ин ҳуҷҷат аз тарафи Эрон хотима ёфтани ҳимоят аз ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва оѓози марҳилаи нави ҳамкориҳои ду кишвар мебошад. Зарурати чунин ҳамкориро ҳар ду тараф дарк мекунанд.
Ба таври мушаххас, бар асоси ин Ёддошт тарафҳо вазифадор шудаанд, ки аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳое, ки ҳамчун ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд. Барои он, ки нофаҳмӣ пеш наояд, дар ҳуҷҷат дақиқан омадааст, ки зери мафҳуми «ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ» ташкилоте фаҳмида мешавад, ки тибқи қонунгузорӣ ва тартиботи муқарраршудаи Тарафҳо созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст. Ҳамчунин, ин ҳуҷҷат муайян кардааст, ки тарафҳо аз таҳсили ѓайриқонунии шаҳрвандони якдигар дар қаламрави худ пешгирӣ мекунанд. Албатта, шарҳи тамоми моҳият ва ҷузъиёти ин санади байнидавлатӣ салоҳ нест, аммо нуктаҳои зикршуда асоситарин бахшҳои он мебошанд.
Ҳамин тавр, агар ин санад амалӣ шавад, муҳимтарин масъалаи ихтилофии байни ду кишвар аз байн меравад. Яъне, дастгирии ТТЭ ҲНИ хотима ёфта, таҳсили ѓайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон қатъ мешавад. Бинобар ин, дар Ёддошт моҳияти асосии ихтилоф ва ирода барои ҳалли он ифода шудааст.
-Оё ин Ёддошт манъи фаъолияти ҲНИ дар қаламрави Эронро ифода мекунад?
-Албатта ифода мекунад. Тавре гуфта шуд, ҳар ду тараф ба таври возеҳ медонанд, ки мақсад аз ташкилоти экстремистию террористӣ дар ин Ёддошти тафоҳум маҳз ТТЭ ҲНИ мебошад. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар ин феҳрист ташкилотҳо маҳз дар асоси аз тарафи қонунгузории ҳамдигар экстремистӣ ва террористӣ эълон шудани ташкилотҳо ворид мешаванд. Яъне, чун ҲНИ аз назари қонунгузории Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эълон шудааст, бе ягон шубҳа, мавзўи ин қарордоди байнидавлатӣ аст.
Ба ибораи дигар, имзои ин Ёддошти тафоҳум як интихоби муҳимми Эрон аст. Ин кишвар дар байни 58 нафар фаъолони гурезаи ҲНИ ва 9 миллион аҳолии Тоҷикистон, дар байни як ҳизби бепояи вуҷуднадошта ва як давлати муҳимми минтақа интихоби худро кард. Эрон миллат, давлат ва манфиатҳои муштаракро интихоб кард. Ин нукта хело муҳим аст, он ѓалабаи ақли солим, ѓалабаи манфиатҳои миллию давлатӣ бар пиндорҳои идеологӣ мебошад.
- Чунин интихоби Эрон барои ҲНИ чӣ паём дорад?
- Ин тавофуқи Тоҷикистон бо Эрон ва тавофуқҳои дигаре, ки дар моҳҳои охир дар ин масъала бо кишварҳо ва созмонҳои дигари ҷаҳон ба даст омаданд, барои ТТЭ ҲНИ ва барои ҳамаи иштирокчиёни раванд чанд паёми муҳим дорад:
1. Дипломатияи ором, сабурона ва ҳуҷҷатию асосноки Тоҷикистон натиҷаи худро дод. Зеро давлати Тоҷикистон дар ин масъала тамоми санаду ҳуҷҷату далелҳоро ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор расонид. Мо ба айбдоркунии умумӣ машѓул нашудем, балки ҳам дар ихтиёри бародарони эронӣ, ҳам дар ихтиёри САҲА ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳам дар ихтиёри кишварҳои дигари манфиатдор баста-баста ҳуҷҷат ва санаду далелҳое гузошта шуданд, ки дар масъалаи ташкилоти экстремистию террористӣ будани ҲНИ дигар ягон шакку шубҳае ба ҷой нагузоштанд. Аз ҷумла, дар мулоқотҳои роҳбарияти кишвар бо вазири корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти босалоҳияти Эрон чунин бастаи ҳуҷҷатҳо бевосита ба онҳо тақдим шуда буданд. Ин ҳосили заҳматҳои чандсолаи мақомоти Тоҷикистон буд, то базаи устувори ҳуҷҷатии ҷиноятномаи ТТЭ ҲНИ таҳия гашта, бо забонҳои мухталифи ҷаҳон ба тамоми кишвару ташкилотҳо пешниҳод шуд. Ва он натиҷаи худро дод.
2. Дар натиҷаи ин талошҳо, дар ниҳоят, моҳияти экстремистӣ ва террористии ҲНИ барои ҳама исбот ва пазируфта шуд. Чӣ дар шарқ ва чӣ дар ѓарб ҳама диданд, ки ин ҳизб як ҳизби ҷинояткори зиддитамаддунии террористӣ мебошад. Ин хеле муҳим буд, зеро бо истифода аз фазои иттилоотӣ болои кишвраи мо ва мавқеи мо фишорҳои ҷиддӣ ҷой доштанд. Аммо Тоҷикистон бо санаду далелу ҳуҷҷат кор кард. Ин буд, ки албатта, хеле дер, вале дар ниҳоят дар масъалаи муносибат бо ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ гардиши қатъӣ ба вуҷуд омад.
3. Таҳаввулоти охир нишон дод, ки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии масъул дар ниҳоят манфиатҳои воқеии худро интихоб мекунанд. Тавре мебинед, дар чанд моҳи охир аввал САҲА аз ҳамкорӣ ва ҳимояи ТТЭ ҲНИ даст кашид ва бо давлати Тоҷикистон ҳамкории ҷиддиро оѓоз кард. Баъд аз он, Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон ба чунин тавофуқ расид ва аз ҳимояи ТТЭ ҲНИ худдорӣ кард. Дар ду моҳи охир роҳбари аввали ин ду ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом доданд, ки ба маънои пазируфтани мавқеи давлати Тоҷикистон буд. Ва ниҳоят, ин рўзҳо ҶИ Эрон худдории хешро аз ҳимояи ин ташкилоти террористӣ эълон карда, дар ин масъала чунин созишномаи муҳим ва қатъиро имзо намуд. Ҳоло чанд давлати мушаххаси ѓарбӣ боқӣ мондааст, ки ба наздикӣ мо шоҳиди таҳаввули ошкори мавқеи онҳо хоҳем шуд.
Бешубҳа, ин ҳолатҳо барои ТТЭ ҲНИ паёми ҷиддӣ доранд. Яъне, ба тадриҷ ҷаҳониён дарк карданд, ки ин ҳизб як ҳизби террористист, таблиѓоту либералтарошии наҳзатиён дигар маъное надорад, давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳаргиз манфиатҳои худро монда, ба хотири як гурўҳаки беаслу берешаю бенуфуз аз баҳри ҳамкорӣ бо як давлату бо як миллат намегузаранд. Умуман, ин шикасти ниҳоӣ ва марги сиёсии Ҳизби наҳзати ислом мебошад.
-Баъзе расонаҳо розӣ шудани Эрон ба чунин тавофуқро қадами сиёсии ин кишвар барои дарёфти розигии Тоҷикистон ба узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай медонанд. Оё чунин назар дуруст аст?
-Албатта, чунин назар ҳам метавонад мантиқан дуруст бошад, зеро дар чунин тавофуқҳо тарафҳо ҳамеша манфиатҳои калони худро дар назар мегиранд. Аммо ягон санади мушаххасе дар ин бора нест, ки мақсади Эрон маҳз ҳамин будааст. Ин суханон фақат як хулосагирии таҳлилиянд.
Аммо дар бораи узвияти Эрон ба СҲШ бояд гўем, ки маҳз Тоҷикистон аз аввалин кишварҳои аъзои ин созмон буд, ки ба таври расмӣ узвияти Эронро дар СҲШ ҷонибдорӣ намудааст. Умуман, роҳбарияти Тоҷикистон ҳамеша аз мавқеи Эрон ҳамчун шарики минтақавӣ ва байналмилалии худ ҳимоят карда буд. Агар солҳои пеш тавофуқи ҳастаии Эрон ва Ѓарбро пеши рўй орем, новобаста аз фишорҳои ҷиддии абарқудратҳо дар бораи худдорӣ аз наздикӣ бо Эрон дар он солҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бебокона дар канори Эрони аз сўи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳримшуда истод. Шумо хуб медонед, ки дар солҳое, ки аксари кишварҳои ҷаҳон аз тарси ѓазаби абарқудратҳо ҳатто аз робита бо Эрон меҳаросиданд, Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷасорати бемисл ва бо пазируфтани риски бузурги сиёсӣ аз минбари Порлумони Аврупо аз ҳуқуқи Эрон бар доштани барномаи ҳастаӣ ҳимоят намуд.
Имрўз ҳам ба назари мо, узвияти Эрон ба СҲШ хуб аст. Зеро ин созмон меъёрҳои ҷиддии худро барои мубориза бо эстремизму терроризм дорад, ки кишварҳои узв онро бояд пазиранд ва риоят кунанд. Чуноне ки медонед, ТТЭ ҲНИ аз тарафи Сохтори зиддитеррористии СҲШ ба рўйхати ташкилотҳои террористии мамнуъ дар қаламрави ин созмон дохил шудааст. Барои СҲШ ТТЭ ҲНИ аз “Алқоида”-ю “Толибон”-у “ДОИШ” ягон фарқе надорад. Узвияти Эрон ба СҲШ ба таври ҳатмӣ пазируфтани ин рўйхат ва ин воқеиятро низ дар пай хоҳад дошт. Бинобар ин, узвияти Эрон ба СҲШ бар зидди манфиатҳои Тоҷикистон нест. Баръакс, ба меъёрҳои муборизаи зиддитеррористии СҲШ мутобиқ шудани меъёрҳои ин кишвар дар ин самт бояд истиқбол шавад.
Илова бар ин, дар сурати пеш омадани ҳолати мушаххаси ҳимоят аз ташкилоти террористии ҲНИ, Тоҷикистон ҳамчун узви СҲШ метавонад дар оянда низ масъалаи хориҷ намудани ин кишвар аз ташкилотро ба миён гузорад. Вақте факту рақаму санадҳо пешниҳод шаванд, СҲШ ҳатман мавқеи Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунад. Зеро барои кишварҳои аъзои СҲШ ин ҳолат ҳаргиз қобили қабул нахоҳад буд.
-Оё чунин созишнома кафолати иҷрошавӣ дорад?
-Ин ҳуҷҷат робитаҳои Тоҷикистон ва Эронро дар рўбарўи як имтиҳони ҷиддӣ қарор додааст. Ин ҷо масъалаи қавлу амал дар миён аст. Ин як имтиҳони якрўягӣ, надоштани бозӣ ва дугонагии дипломатӣ аст. Эрон дар ниҳоят ба имзои чунин тафоҳум розӣ шуд, ин ҳолатро пазируфт, ин ҳам эътирофи ҷой доштани масъала ва ҳам як масъулияти бузург аст. Аммо вақт нишон медиҳад, ки он то чи ҳад амалӣ хоҳад шуд.
-Дар ниҳоят, агар ба масъала аз тарафи дигар нигарем, чи монеаҳое барои татбиқи дурусти ин ҳуҷҷати муҳим вуҷуд доранд?
-Албатта, монеаҳо ва эҳтимолҳо низ ҳастанд. Эрон як кишвари дорои собиқа ва таҷрибаи бисёр тўлонии дипломатияи фаъол мебошад. Дар дипломатия баъзе тафоҳумҳо бо мақсадҳои кўтоҳмуддат ё миёнамуддат низ ба имзо мерасанд. Бинобар ин, мо бисёр умед дорем, ки ин тафоҳум хосияти дарозмуддат дошта бошад ва дарки воқеии тарафҳо аз манфиатҳои муштаракро ифода кунад. Яъне, он як қадами муваққатии дипломатӣ набошад, балки як тасмими ниҳоии воқеӣ бошад.
Илова бар ин, иҷрои ин тавофуқ ба моҳияти дохилии қудрати сиёсӣ дар Эрон низ вобаста аст. Зеро, агар дар Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷӣ назари ягонаи давлатро ба таври ниҳоӣ ифода кунад, дар ҶИ Эрон сохтори қудрат каме фарқ мекунад. Баъзе доираҳои идеологӣ ва иттилоотии ин кишвар ва баъзе мақомоти қудратӣ гоҳо нисбат ба тасмимҳои вазорати хориҷии ин кишвар нигоҳи худро доранд. Ин ҳолат ҳам метавонад дар татбиқи ин Ёддошт таъсири манфӣ гузорад. Бинобар ин, дар Ёддошт махсусан таъкид шудааст, ки муқаррароти он аз тарафи ҳамаи ниҳодҳои амниятӣ, қудратӣ ва муборизабарандаи тарафҳо бо ҷинояткорӣ иҷро мегардад. Яъне, мо бо давлати Эрон тавофуқ кардем, на бо як вазорати алоҳидаи он.
Аммо, мутаассифона, дар ҳамин даҳ рўзи пас аз имзои Ёддошт, аллакай баъзе аломатҳои чунин ноҳамоҳангӣ дида мешавад. Аз ҷумла, баъзе расонаҳои тундрави эронӣ, ки ба доираҳои бонуфузи идеологӣ наздиканд, ин тафоҳумро шадидан танқид карда истодаанд. Масалан, сомонаи «Кимиёи саодат», ки дар қаламрави Эрон ҷойгир аст, то имрўз чанд мавод бар зидди ин тафоҳум ба нашр расонидааст. Худи ТТЭ ҲНИ бошад, талош дорад, ки аз ҳолати хоси таркиби қудрат дар Эрони имрўз сўиистифода намуда, ҳимояти доираҳои идеологӣ ва қудратии ин кишварро бар зидди ин тавофуқ ба даст оранд. Масалан, дар сомонаи наҳзатии «vostoknews.org» аз 8 июни соли 2019, Ҳизби наҳзат бо боварӣ эълон кардааст, ки гўё ин имзои вазорати корҳои хориҷии Эрон ягон арзише надошта, доираҳои динӣ ва сипоҳии Эрон ҳимояти худро аз ин ҳизб идома медода бошанд. Албатта, мо намедонем, ки чунин боварии қатъӣ ва эълони густохонаи ТТЭ ҲНИ аз куҷо сарчашма мегирад. Аммо, чунин эҳтимол низ метавонад як монеаи ҷиддӣ барои иҷрои ин тавофуқ бошад. Бинобар ин, дар ин самт бояд воқеънигар бошем.
Яъне, акнун навбати амал аст. Зеро беҳбуд ёфтани робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон на танҳо ба имзои Ёддошти тафоҳум, балки ба иҷрои амалии он вобаста хоҳад буд. Агар дар муддати кӯтоҳ боқимондаҳои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати ислом аз қаламрави Эрон пурра хориҷ карда шаванд ва ё ба Тоҷикистон супорида шаванд, агар рафтуомади бемонеаи онҳо ба ин кишвар пешгирӣ гардад, агар дар муддати кӯтоҳ расонаҳои наҳзатӣ, аз ҷумла сомонаи «Кимиёи саодат» фаъолияташро бар зидди миллату давлати Тоҷикистон қатъ кунад, агар хабаргузории «Тасним» дигар ҳамчун минбари таблиѓу ҳимояти ТТЭ ҲНИ баромад накунад, агар дар муддати муайян таҳсили ҳудуди 480 нафар толибилме, ки ба таври ѓайриқонунӣ дар мадрасаҳои динии ин кишвар мехонанд, қатъ карда шавад ва ѓайра, ҳама хоҳем дид, ки робитаҳо беҳбуд ёфтаанд…
Табиист, ки ҷониби Тоҷикистон аз имзои ин Ёддошти тафоҳум маҳз ҳамин қадамҳои амалии ин кишвари дўсту бародарро интизор дорад. Зеро дар сиёсат танҳо ба сухан бовар кардан дуруст нест, балки маҳз татбиқи амалии қавлу гуфтор сиёсат ба шумор меравад.
Аммо як чиз мусаллам аст, ки имзои ин Ёддошти тафоҳум як қадами бузурги таърихӣ буда, он ѓалабаи ду миллат ва бурди ду давлат аст. Он ифодакунандаи манфиатҳои воқеии ду давлат буда, ду миллати ҳамтабор ва ҳамманфиатро аз як хиҷолати таърихӣ берун мекунад. Он ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар таърихи муносибатҳои ду миллат ва ду давлат боқӣ мемонад. Ин аст назари ман.
-Ташаккур барои чунин суҳбати самимӣ ва муфассал.