Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

«МАЗҲАКАИ ИЛОҲӢ» ва ё чанд андеша дар ҳошияи ҳамоиши САҲА

Бахтиёр Ҳамдамов, Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Минбари халқ»

Рӯзҳои нахустини баргузории нишасти САҲА мехостам чанд андешаи худро нависам, вале яке аз дӯстони огоҳ, ки аз хориҷ ин қазияро пайгирӣ мекард, маслиҳат дод, ки то анҷоми ин «мазҳака» худдорӣ кунам, то далелҳои бештаре ҷамъ шаванд.

Вале… Шумо боре ҳам филми ҳиндиро дидед? Агар алоқаманди ин навъи филмҳо бошед, хуб медонед, ки ғолибан сужаи онҳо якранг буда, бинанда анҷоми филмро аз оғозаш пай мебарад. Камина низ аз ибтидо пай бурдам, ки поёни «мазҳака»-и Варшава чӣ хоҳад буд. Чӣ гуна атрофи баҳсҳои ин нишаст шӯру мағал барпо мекунанд, худро донову «муваффақ» мегиранду намояндагони Ҳукумати Тоҷикистонро наҳ мезананд. Агар ба истилоҳи худашон аз ин «минбари баланд» як ҷумлаяки «баҷо» гуфтанд, нидоҳои «уррааа», «пирӯзӣ», «боб кардем» саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро пур мекунанд. Касе аз инҳо парво ҳам надорад, ки аслан ҳадафи САҲА танҳо фароҳам овардани майдон барои баҳс буда, ҳар нерӯи сиёсӣ ва ё гурӯҳи баҳсталаб, ки корашон аз ҷаласа ба ҷаласа гаштан аст, новобаста аз мавқеи сиёсиаш, донишу маърифаташ ва сатҳи забондониаш баромад кунад. САҲА вазифадор нест, ки аз рӯи ин «дебат»-ҳо қароре қабул кунад ва ё тасмиме бигирад. Яъне ташаккур, ки «заҳмат кашида», маблағҳои зиёд сарф кардаву ҷавонони моҷароҷӯро ба таври орият аз кишварҳои гуногун ба ҳамоиши мо ҷалб намудед, марҳамат толори баҳс барои бист дақиқа ба шумо тақдим, ҳар чи мехоҳед бигӯед. Ғолибан аз ҳамин хотир аксари «дебат»-ҳо дар толорҳои холӣ ва бидуни иштироки намояндагони ягон созмонҳои бонуфуз мегузаранд. Ин «пирӯзиҳо»-е, ки гулӯ дарронида ҷор мезананд, ҳамин қадар арзиш доранд…

Пас, зарур шуморидам, ки поёни ин «мазҳака»-ро интизор нашавам ва назару андешаҳои худро баён созам.

Бахши аввали «мазҳака»-ро, ки ғолибан бо «ҳуҷум»-и ҷонибдорони Паймони миллӣ ба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон гузашт, «хоҳар Ҳумайро», ки дар паҳлӯи «бародар» (астағфируллоҳ) Кабирӣ нишаста буд бо забони русӣ мебурд. Барои ман чанд чиз дар ин баҳс ҷолиб буд. Нахуст доду войи «хоҳар Ҳумайро», ки бо ҳар баҳона суханронии фиристодагони Ҳукуматро (аслан ба ҷуз Абдуллоҳи Раҳнамо, ки оромона ва бидуни таҳқир ҳарф мезад, каси дигаре ҳам хоҳиши бо ин лаҳн баҳс кардан надошт) бо нидоҳои «хватит», «вы уже высказались» пахш мекард. Ин бону чунон ба нақши «модератор» ворид гардида буд, ки ҳатто номи баъзе ҳаммаслаконашро фаромӯш намуда эълон мекард: «сейчас очереди просит «господин молодой человек».

Бояд ин ҷо ба як нукта таваҷҷуҳи хонандагони азизро ҷалб намоям дар тафовут аз ҳамоишҳои пешини САҲА, Паймони миллӣ (ки аслан ҳамон ҲНИ аст) имсол тактикаи дигарро пеш гирифтааст ва бештар минбари ҷаласаҳои САҲА-ро ба ихтиёри ҳамин «господин молодой человек»-ҳо гузоштааст. Чаро не? Суруде, ки инҳо мехонанд, маълум аст, матну оҳангаш аз ҷониби кӣ навишта шудааст, вале ҳароина ба ҷои «охундзода»-ҳои ришдоре, ки меҳвари ин ҳизбу паймонҳоро ташкил медиҳанд, пеши аврупоиҳо сухани ин ҷавонони гумроҳ, таъсири бештаре дорад. Вале вақте, ки ин «молодой человек» бо овози ларзону лаҳни вайрони русӣ ба намояндагони ҳукуматӣ як суоли хеле бемантиқ дод, дарк кардам ин тактикаашон ҳам кор надод ва тирашон хок хӯрд.

Дуюм чизи ҷолиб ин буд, ки Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба Абдураҳим Каримов гуфт, «ман дар умри худ як ҷиноят кардаам, ки феълан иқрор мешавам. Вақте мо шуморо аз ҷониби ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни Тоҷикистон) ба мансаби вазирӣ пешниҳод кардем, шумо ҳатто анкета ва тарҷумаи ҳоли худро ба забони тоҷикӣ навишта наметавонистед ва ман маҷбур шудам, ки ба ҷои Шумо нависам.»

Эъ, ҚОИЛ! Ҳамаро МОТ кардед, «ҷаноб»-и Кабирӣ! Ман аслан ба тарҷумаи ҳолашро навишта натавонистани Абдураҳим Каримов каме шубҳа дорам, чун устоди донишгоҳ асту гоҳҳо дар расонаҳои кишвар мақолаҳои ҷолиб ҳам аз «рӯзгор»-и шумо менависад ва ба ин далел сари ин чиз баҳс ҳам намекунам. Вале ба ин, ки қоил ҳастед аз ҷониби ИНОТ ба вазифаҳои муҳими давлатӣ (агар хонандагон дар хотир дошта бошанд, 30%- и вазифаҳои давлатӣ дар асоси созишнома аз ҷониби ИНОТ пешбарӣ мешуд) шахсони бесавод ва ғайриҳирфаиро пешбарӣ мекардед, қобили таваҷҷуҳ аст. Пас ана дар куҷост сири муваффақ нашудани аксарияти кадрҳои сифоизаи шумо дар мансабҳои давлатӣ ва беобрӯ шудани наҳзат дар ҷомеа. О, аз шумо ҳам гапи дуруст мебаромадааст-ку? Як ҷаҳон сипос, ки ҷавонмардона иқрор кардед! Беҳуда намегуфтаанд, ки «кабк аз забони (ва ё ба истилоҳи мардумӣ «қақраи») худаш тир мехӯрад».

Аслан чанд рӯзи ахир аз суханрониҳои шумо оқои Кабирӣ ба дарки хеле чизҳо рафтам. Вақте банда матни баромади шуморо дар ҷашни Паймони миллӣ хондам, яқин ҳосил кардам, ки сарпарастони шумо аз кадом дудмонанд. Дар баромади шумо ибораҳое ба назар мерасанд мисли «аълон ҳам ҳамон қиссаро доранд такрор мекунанд…», «…дар маҷмуъ дорем ҳаракати озодиву истиқлолхоҳии опозитсионии тоҷикро заиф мекунем»… Ҳар фарди забондони тоҷик бидуни заҳмат дарк мекунад, ки усули «феъл»-ро дар аввал ва мобайни ҷумла гузоштан ба кадом лаҳну шева тааллуқ дорад. Ман ба тарзи гуфтори мардуми дӯсту бародар, ки забону фарҳанги муштарак дорем ҳеҷ ғараз надорам. Вале як чиз бароям рӯшан шуд, ки ин тарз ҳарф задани шумо яқинан ба хотири хуш омадан ба баъзе «сарпарастон»-и ҳаммаақидаатон аст. Барои ин далел ҳам, «мерсӣ»…

Дигар ин ки, посухҳои Абдуллоҳи Раҳнамо ба унвони «Заифии фикрии мухолифин худ хатари бузург аст» ва ё «Ҳафт ёддошти кӯтоҳ аз ҳафт рӯзи нишасти Варшава» барои ҳизбу паймон ва алоқамандону муътақидони шумо кифоя аст, ки агар боре ҳам аз кӯчаи маърифат гузашта бошанд, мӯҳри хомушӣ ба лаб зананд. Муаллиф дар ин матолибаш «миси» шуморо баровардааст: «Аммо ҷолиб аст, ки маҷмӯи садҳо ҷавоби онҳо ва ҷонибдоронашон ин тезисро ба таври ниҳоӣ исбот намуд. Зеро ягон нафари онҳо ба худи андеша, ба худи тезис, ба худи мазмуни мусоҳиба ягон хел ҷавоб намедиҳанд. Зеро ҷавоб нест! Ҳеҷ кас аз ҷавобдиҳандаҳо исбот намекунад, ки не ин фикри гӯянда саҳеҳ нест, балки дар асл бо фалон далелҳо мухолифин зарфияти қавӣ доранд. Ба ҷои ин ҳамаи 99% ҷавобҳо дар бораи шахсияти муаллиф, шогирди кӣ будан, фақир ё ғанӣ будани муаллиф…»

Банда шояд, ки на ба ҳамаи гуфтаҳои эшон мувофиқ ҳастам (мантиқ ҳамин аст, чунки ҳеҷ гоҳ дунё якранг ва ҷомеа бар як ақида буда наметавонад), вале ба ҳарфҳои Додоҷони Атовулло, Саломуддин Мирзораҳматов, Ҳафиз Бобоёров, Абдуллои Раҳнамо ҳароина бештар эътимод дорам, на ин ки ба ҳарзаҳои бепояву мояи «господин молодой человек»- ҳои шумо. Гумон мекунам ҳар марди солимфикр низ бар ин ақида аст. Чунки аксари онҳое, ки ном гирифтам, шахсони маъруф, оқилу донишманд ва ҳатто баъзеашон «лутфу меҳрубонии» шуморо аз наздик бо ҷонашон эҳсос кардаанд, яъне дарунмояи Шуморо хуб медонанд.

Гузашта аз ин, ҳанӯз чанд сол қабл аз як нафар собиқ ҳамсафи шумо, ки баъдтар аз корномаҳоятон «димоғаш сӯхтаву» худро канор гирифта буд, сифати шуморо шунида будам. ӯ бо таассуф мегуфт, ки баъд аз «оштии миллӣ» ба ҷои ин, ки роҳбарони нерӯҳои мухолиф (ИНОТ) мавқеи худро дар ҳукумат устувор кунанд, бо якдигар барои мансабу пул даст ба гиребон мешуданд. Барои мисол моҷарои Саид Абдуллоҳи Нуриро бо Мирзо Зиёев (маъруф ба «Мирзо Ҷага») нақл мекард, ки сари маблағи шайху охундҳои сарпараст сурат гирифта буд ва дуввумӣ иддао дошт, ки «Устод» маблағи барои муқовимат ҷудо шударо ба ҷайбаш зад. Воқеъан ҳам мо шоҳид будем, ки ин ду нафар то маргашон аз якдигар домангир буданд ва сояи якдигарро аз девор метарошиданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар баромади худ, ки зикраш боло рафт, шикоят мекунад, ки «Ҳукумат намехоҳад бо мо музокира кунад, моро ҳамчун нерӯ эътироф намекунад, нодида мегирад...» Хуб, бубинем, ки худ ба даъвати сиёсатмадор ва журналисти варзида Додоҷони Атовулло, ки ӯро ба баҳси рӯ ба рӯ дар яке аз расонаҳо даъват намудааст, чӣ посух медиҳад.
Баъд аз шунидани даъвати Додоҷони Атовулло як андеша ба сарам омад. Агар ба Муҳиддин Кабирӣ мисли ин суолҳо дода шавад, ки ҳамчун мусалмон қоил ҳастед, ки бо духтари ноболиғ (дар мазҳабҳои гуногун ба таври мухталиф 9, 13, 15- сола) издивоҷ кардан мумкин аст? Қоил ҳастед, ки як марди мусалмон ҳуқуқ дорад, бо чаҳор зан издивоҷ кунад? Қоил ҳастед, ки занҳо ҳатман бояд рӯсарӣ, яъне ҳиҷоб гиранд? Қоил ҳастед, ки барои инсонро барои ҷурме ваҳшиёна сангсор кардан шариат иҷоза медиҳад (мисли ин, ки Фархундаи зиндаёдро ваҳшиёна дар Афғонистон сангсор карданд)? Қоил ҳастед, ки зану духтари ба истилоҳи шумо «муртад»-ҳоро каниз гирифтан мумкин асту моли ҳалоли эшонро ғанимат?...

Агар қоил аст, пас афсонаҳое, ки дар бораи бунёди ҷомеаи демократӣ мехонад, дурӯғи маҳз аст. Чунки принсипҳои ҷомеаи демократӣ ҳеҷ гоҳ ба нақзи ҳуқуқи зан ва кӯдак роҳ намедиҳад. Агар қоил нест, пас чаро роҳбарии ҳизби наҳзати исломро (маънии «наҳзат» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ 1. Ҳаракат кардан; 2. ҚИЁМ кардан барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ.), ки ҳадафи аслиаш бунёди ҷомеаи исломӣ аст, ба зимма гирифтааст? Пас чаро дар паси як миз бо «хоҳарон»-е мешинад, ки либоси аврупоӣ дар бар кардаанду аз «ҳафт маҳалли» ҳиҷоб безоранд? Ё ин пайравӣ ба фармудаи ҳамон охундҳост, ки «тақия» карданро дар ислом ҷоиз мешуморанд ва ба пайравони худ фатво медиҳанд, ки то ба сари қудрат омадан иҷоза ҳаст, ки «тақия кунед, (яъне дурӯғ гӯед) ва мардумро фиреб диҳед?»
Гоҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ назарам ба матлабҳое меафтанд, ки ҳизби наҳзати исломиро бо ДИИШ-у, «Ал-Қоида»-ҳо баробар мекунанд. Гумон мекунам ин иштибоҳи маҳз аст! ДИИШ-у «Ал-Қоида» ҳадди ақал рӯшод ба нияту тасмимҳояшон иқрор мешаванд. Мову шумо медонем, ки аз онҳо чӣ интизорӣ дошта бошем. Вале наҳзатиҳо бо мафкураи мардум бозӣ мекунанд. Медонанд, ки аз ҷомеъаи ифротӣ мардум безор аст, ҳадафу нияти худро пинҳон медоранд. Инҳо аз ДИИШ-у «Ал-Қоида»-ҳо ҳам хатарноктаранд! Онҳое, ки ба «лутф»-и наҳзатиҳо содалавҳона бовар доранду дунболашонро гирифтаанд, бояд бидонанд! Онҳо ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ гурӯҳ то охир «ҳампаймон» ҳам намешаванду ақидаи дигареро ҳам таҳаммул карда наметавонанд! Чунки табиаташон ин аст. Магар ҳаминҳо набуданд, ки солҳои 90-уми асри гузашта бо Ҳизби демократ, ҷунбиши «Растохез», ҳаракати «Лаъли Бадахшон» паймон баста буданд? Куҷо шуданд он ҳизбу ҳаракатҳо?

Ба он ҷавонон, ки имрӯз хориҷ аз кишвар ҳизбу ҳаракат кушодаанд, ҳайфам меояд, ки дарси солҳои навадум ба онҳо ибрат нашуд ва боз бо ин охундзодаҳо «ҳампаймон» мешаванд.

Ривояте ҳаст, ки аз ҳазрати Пайғамбар (с) мепурсанд: Нахуст кист, ки ба ҷаҳаннам ворид мешавад? Посух медиҳанд, ки мунофиқ. Мепурсанд дувум ва сеюм касе, ки ба ҷаҳаннам меравад кист? Боз посух медиҳанд, мунофиқ ва баъд кофир. Дар ҳайрат меафтанд ва суол мекунанд, мунофиқ чӣ тоифаест, ки қабл аз куффор ба ҷаҳаннам меравад? Пайғамбар посух медиҳанд;- Мунофиқ аз умматони мананд, ки аз номи ислом ҳарф мезананд, мардумро фиреб мекунанд ва ба роҳи ғалат мебаранд. Мардум гумон мекунанд, ки чун мусалмон аст ҳарфаш бовар карданист ва таъсири мунофиқин бештар аз тоифаи куффор аст, ки муслим ба ҳарфи кофир эътимод надоранд.

Бале, Мирзо Абдулқодири Бедил аз забони ин мунофиқин ҳанӯз чанд аср пеш беҳуда нагуфтааст:

Аз Худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,

Сахт кори мо бувад, к-аз мо Худо баргаштааст…

 

http://hamsafon.tj/templates/tj/images/logo.png



Омори сомона

1322879
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
108
1394
3820
1315378
12839
23181
1322879