Матлабе, ки дар сомонаи «Ахбор ком» оид ба қатъ кардани фаъолияти нашрияи «Озодагон»
Матлабе, ки дар сомонаи «Ахбор ком» оид ба қатъ кардани фаъолияти нашрияи «Озодагон» аз ҷониби мақомоти амниятӣ нашр гардидааст ҳангомаи навбатии сомонаи мазкур мебошад.
Тибқи маълумоти масъулини Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи «Озодагон» аз матбааи «Аниса - 95» барои чопи нашрия ба маблағи 58270, 50 сомонӣ (панҷоҳу ҳашт ҳазору дусаду ҳафтод сомониву панҷоҳ дирам) қарздор мебошад ва то кунун шаҳодатномаи бақайдгириаш дар ҳукми фаъолият қарор дорад. Барои мунташир нашудани ҳафтаноми «Озодагон» аз мақомоти дахлдор дастур нашудааст. «Айб на дар ош асту на дар мош», балки дар иттиллои бардурӯғу ғаразноки масъулини сомонаи «Ахбор ком» буда, чунин каҷназарӣ бори аввал нест. Дастандаркорони сомонаи мазкур мехоҳанд аз ҷузиёти начандон ташвишовар ҳангомаеро ба миён биёранду ҳамаро ба ҳайрат гузоранд. Эшон муътақиданд, ки бо чунин хабарҳои беасосу бепоя обруву эътиборашон миёни хонандагони шабакаҳои иҷтимоӣ коста гардидаву аз доираи бовар дар канор мемонанд, аммо масали «…муқтазои табиаташ ин аст»- ро шиори хеш қарор додаанд. Ин амали нораво ҳангомаи афандиро, ки ду маротиба аз сухтани хонааш бардурӯг ба мардум хабар медиҳад, ба ёд меорад. Вақте, ки воқеан ҳам хонааш ба доми сӯхтор меафтаду ҳарчанд доду фиғон мебардорад, касе бовараш намекунаду ғофил аз назарҳо мемонад.
Мусаллам аст, ки дар сурати қарздор будан аз матбаа фаъолияти дилхоҳ рузнома ё ҳафтанома, хоҳ мустақил бошад хоҳ давлатӣ, чоп карда намешавад.
Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.
Демократия ва озодии баён маънои онро надорад, ки касе чи иттиллое хост нашр кунаду диққати ҷомеаро бо хабарҳои иғвоангезу бардурӯғ ба худ ҷалб намояд.
Фаъолият дар чаҳорчӯбаи қонунҳои байналмилалии озодии баён ҳам бояд фориғ аз кинаву адоват адоват бошад.
Куфр аст дар тариқати мо кина доштан,
Оини мост сина чу оина доштан.
https://www.facebook.com/groups/dilshod.rahmonov.16051988/permalink/340771033196945/