Маркази матбуоти СРИҶҶ ВА ҶТ хабар медиҳад
Санаи 07-уми июли соли 2019, дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи роҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
128 нафар маҳкумшуда (120 нафар мард ва 8 нафар зан) аз МИ 3/3, 3/5 ва МТ 9/2-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшани вилояти Суғд барои идомаи ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Ёвон дар 3 автомашинаи махсусгардонидашуда бояд интиқол дода мешуданд.
Қатораи автомашинаҳои мазкур бо роҳбаладии дастаи посбонон соати 12:45 аз шаҳри Хуҷанд ҳаракат карда, соати 18:20 ба шаҳри Душанбе расид.
Тибқи меъёрҳои муқарраргардида дар роҳ 6 маротиба барои ҳоҷат таваққуф карданд.
Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузўрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд.
Дар натиҷаи дидани чораҳои таъҷилӣ бо истифодаи кулли имконот, ба табибон муяссар гардид, ки танҳо ҳаёти 2 нафар аз маҳбусон наҷот дода шавад. Мутаассифона, новобаста аз дидани чораҳои таъхирнопазири тиббӣ имкони наҷоти 14 нафар аз маҳбусон муяссар нагардид. Боқимонда 114 нафар маҳбус бе нишонаи осеби ҳолати ҷисмонӣ, тибқи таъинот дар муассисаҳои ислоҳии марбут ҷобаҷо шуданд.
Оиди ҳодисаи заҳролудшавӣ, ки ба талаф ёфтани 14 нафар маҳбус оварда расонид, аз ҷониби Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, вобаста ба он гурўҳи махсуси тафтишотӣ таъсис дода шуд.
Экспертизаи тиббӣ-судӣ таъйин гардида, тафтишот оиди парвандаи мазкур таҳти назорати қатъии Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Руйхати маҳбусони фавтида:
- Абдураҳмонов Абдураҳмон Ҳасанович, с.т.10.02.1997, зодаи ноҳияи Рудакӣ, ҷ/д Чимтеппа, деҳаи Гулбутта.
- Буриев Далерҷон Бозорович, с.т.16.09.1998, зодаи шаҳри Истаравшан.
- Ватаниев Маҳмасаид Восеиевич, с.т. 20.04.1977, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳаи Ҳилолӣ.
- Манонов Раҷабмурод Алимардонович, с.т. 26.05.1979, зодаи ноҳияи Файзобод, ҷ/д Чашмасор, деҳаи Бунгакиён.
- Назруллоев Усмоналӣ Бурихонович, с.т. 21.03.1979, зодаи ноҳияи Ёвон.
- Одинаев Валиҷон Дарвешович, с.т.13.12.1976, сокини шаҳри Ҳисор, ҷ/д Деҳқонобод, деҳаи Бағалак.
- Солиҳов Некқадам Гулмуродович, с.т. 23.07.1985, зодаи ноҳияи Варзоб.
- Сунатуллои Имомалӣ, с.т. 05.06.1989, зодаи шаҳри Душанбе.
- Турдиев Ёқуб Сафармаҳмадович, с.т. 28.01.1991, сокини ноҳияи Хуросон, ҷ/д Қизил-қалъа, деҳаи Сарбанд.
- Убайдов Афзалшо Ҳабибович, с.т. 23.02.1995, зодаи шаҳри Ваҳдат.
- Ҳайдаров Некрўз Мирзоалиевич, с.т. 21.08.1999, зодаи ноҳияи Данғара, деҳаи Корез.
- Ҳакимов Ҳасан Нуралиевич, с.т. 17.01.1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, шаҳраки Сомониён.
- Юсупов Меҳроб Акбаралиевич, с.т. 07.07.1992, зодаи ноҳияи Варзоб.
- Қаюмов Абдуҷамил Халилович, с.т. 10.11.1967, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон.