Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Кӯмакҳои расонидашуда дар Иди саиди Фитр


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар арафаи Иди саиди Фитр маблағи 75758 (ҳафтоду панҷ ҳазору ҳафсаду панҷоҳу ҳашт) сомонӣ фитри рӯза ворид намуда, аз шумораи маблағи дар боло зикр гардида 45515 (чилу панҷ ҳазору панҷсаду понздаҳ) сомонӣ ба оилаҳои камбизоат, 4480 (чор ҳазору чорсаду ҳаштод) сомонӣ ба шахсони маъюб, 6680 (шаш ҳазору шашсаду ҳаштод) сомонӣ ба кӯдакони ятим дастрас карда шуда, маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ дар таъмири роҳ, пулу кучаҳо истифода гардид, 10710 (даҳ ҳазору ҳафсаду даҳ) сомонии дигар барои амалҳои хайр равона карда шудаанд.

Аз ҳисоби идораю муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба 158 нафар кӯдакони ятим, шахсони маъюб, шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат маблағи 15312 (понздаҳ ҳазору сесаду дувоздаҳ) сомонӣ кӯмак расонида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби ҶДММ «Сайёд» ба 96 оила маблағи 7800 (ҳафт ҳазору ҳашсад) сомонӣ ва аз тарафи истиқоматкунандагони Кулумбаи Болои Ҷамоти деҳоти Сағирдашт Абдурахмонов Садриддин ба 10 нафар оилаи камбизот маблағи 2400 (ду ҳазору чорсад) сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Зикр менамоем, ки дар қисмҳои низомӣ ба маблағи 2210 (ду ҳазору дусаду даҳ) сомонӣ дастархони идона ороста шуд.

Дар маҷмуъ маблағҳои кӯмак расонидашуда 93307 (наваду се ҳазору сесаду даҳ) сомониро ташкил менамоянд.



Омори сомона

1322827
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
56
1394
3768
1315378
12787
23181
1322827