Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Кӯмак дар остонаи 74-солагии иди Ғалаба

 

Дар арафаи 74-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатӣ ва идораю муассисаҳои ноҳия ба як нафар собиқадори ин ҷанг ба маблағи 650 сомонӣ, 6 нафар ҳамсарони дар қайди ҳаётбудаи иштирокчиёни ҷанг маблағи 775 сомонӣ, 3 нафар иштирокчиёни ҷанги Венгрия маблағи 200 сомони, 8 нафар ҷанговарони башардӯст Авғонистон маблағи 545 сомонӣ кӯмак расонида шуд.

 

Инчунин дар арафаи ин ҷашн аз ҳисоби истиқоматкунандаи деҳаи Ҷорф Бедимоғов Мустафо ба 30 хоҷагии камбизоати деҳа маводи ғизоӣ ба маблағи 12000 сомонӣ дастрас гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастархони идона ороста шуд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия бахшида ба ин санаи иаърихӣ, шуруъ аз санаи 02. 05. 2019 дар ноҳия байни дастаҳои ҷамоатҳои деҳот ва идораю муассисаҳо мусобиқаи футбол ташкил карда, гузаронида шуд. Рӯзи 05. 05. 2019 мусобиқаи мазкур ҷамбаст гардида ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукотӣ қадрдонӣ курда шуданд. Ҳамзамон, санаи 02. 05. 2019 ва 04. 05. 2019 мусобиқа аз намуди волейбол ва гӯштини миллӣ баргузор карда шуд.



Омори сомона

1190102
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
521
421
2352
1184761
7814
18866
1190102