Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Хиёнати рўҳонӣ дар вазъи буҳронӣ

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрўз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷўёна, худбинона ва авомфиребона доранд.

Дигар ин ки судҷўйӣ ва авомили ба он иртиботдошта инсонро ба сўйи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад. Бо назардошти муҳтавиёт хиёнат ба гурўҳҳои мутафовит ҷудо мешавад: хиёнат ба миллат, мардум ва Ватан, хиёнат ба хонавода ва ќабила ва ғайра. Хатти меҳварии хиёнат ҳамон кори субъективии нодуруст, беинсофона, бешарафона ва ноҷавонмардона, бадбинона, бадкирдорона, худхоҳона, мутаккабирона, барќасдона, кинаварзона  нисбат ба объект -- муҳит ва фазои иҷтимоӣ, ки дар он, албатта, инсонҳо ба сар мебаранд, мебошад. Фаразан, агар шахс ба хонавода ва муќаддасоти хонаводагӣ хиёнат кунад, ба хиёнате, ки як шахс ё гурўҳи муайян дар баробари давлат, миллат, халќ ва ватан анҷом медиҳад, баробар аст. Бинобар ин, хиёнат дар ҳар шакле омили бесуботӣ, нооромӣ, ноамнӣ, нотифоќӣ, парешонӣ, сардаргумӣ, бунбастӣ, яъсу ноумедӣ, худфиребӣ, хушкбоварӣ ва хушкандешӣ мегардад.

Тайи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин  зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, ҷомеаро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тасаллути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму таќвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи ќаҳрамонони таърихи миллӣ Спитамон, Муќаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи  Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва тааррўзу зўриро дар минтаќа амиќ карда, тасаллути бечуну чарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст. Албатта, дар ин миён ҳамеша хиёнати рўҳонияти исломӣ дар таърихи ватанӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ин тоифа дар вазъияти ногувори сиёсию иҷтимоӣ на танҳо аз ватан, халќ, миллат ҳимоят намекарданд, балки аз ҳар ҷиҳат, тавассути приёмҳои маъмул – мавъизаю насиҳат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар  мардумро аз муборизаву муќовимат бо адувони миллӣ ва марзбумӣ дур мекарданд ва бо ин амали нангин хиёнат ба ватан менамуданд. Ногуфта намонад, ки дар пахши исёну шўришҳои мардумӣ алайҳи аҷнабиён дасти хиёнати рўҳоният басо назаррас аст. Ҳамчунин дар барандохтани давлати миллии Сомониён наќши хиёнаткорони расмӣ-давлатӣ Фоиќ ва Бектузун, ки дар хидмати рўҳонияти мутаассиб буданд, калидӣ аст. Ин аст, ки дар пардаи элитаи сиёсӣ ва давлатӣ ҳам хиёнаткорон «пинҳон» шудаанд ва замон ва пайти муносибро ҷуста, рўйи давлати миллӣ хатти бутлон мекашанд.

Миллати тоҷик тайи таърих бештар бар асари хиёнати рўҳоният осеб дидааст ва осебҳои зиёди ҷисмонию равониро ҳатто имрўз метавон дар пайкари хастаи миллати тоҷик эҳсос кард. Хиёнати ин ќишри фурсатталаб дар ҳуҷуми муғулу муғулзодаҳо ба мушоҳида мерасад. Муғулҳо тавассути найранги рўҳоният ба Бухоро ворид гардиданд ва он шаҳри бузургро таллаву тороҷ карданд. Бо бегонагон забон як кардан, ба ришва тамоюл доштан, ишќ ба сарвату шуҳрати инҷаҳонӣ онҳоро ногузир ба иҷрои наќшаи шуми бегонагон водоштааст. Шўриши Сарбадорон дар Самарќанд ҳам (соли 1365) бо мусоидати бевоситаи рўхониёни хиёнтакор пахш шуда буд. Таҷрибаи хиёнат кардан дар ҳама ҳолат, махсусан дар вазъияти буҳронӣ ба тарафи душман гузаштан ва худиро тарк намудан барномаи зистӣ, маишӣ, сиёсӣ ва идеологии рўҳоният буда ва ҳаст(ин ҷо ҳамаи рўҳониён дар назар нестанд, аммо ќисмати зиёди онҳо авзоъро ҳамеша бар нафъи худ истифода мебаранд ва боиси сар задани буҳронҳо мегарданд). Инро набояд аз ёд баровард.

Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васила ва васоити наву ҷадид корбаст мешавад.  Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халќу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ташкилоти террористии наҳазтӣ М. Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи аввали сентябри соли 2015 нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он тағйир ёфтааст. Истифодаи аслиҳаву муҳиммоти пешрафтаи ҷангӣ, сўйиистифода аз бовармандӣ ва эътиќодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурўҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иќтисодӣ ќарор додани табаќаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурўҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар ќиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё приёмҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрўзаи геосиёсии минтаќавӣ ва ҷаҳонӣ истифода мешаванд.

      Дар ду-се соли ахир баъзе расонаю сомонаҳои мустаќил ва ба доираҳои наҳзатӣ наздик маъракаи паҳну пахши навор-видеоҳои раҳбарияти созмони наҳзатиро вусъат бахшида, аз ин тариќ роҳи тасаллут бар равону зеҳни оммаро боз менамоянд. Раҳбари наҳзатӣ дар мусоҳибаи гузоришҳои худ аз калимоти сеҳрангези демократия, озодӣ, гуманизм, шоистасолорӣ ва амсоли инҳо сўйистифода карда, алайҳи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мешўрад. Иллати аслии шўришу исёни лафзию иттилоотии раҳбари наҳзатӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани ўст. Бо дур шудан аз мансаб (манзур мансаби вакилӣ дар парлумони пойинӣ аст) ва саранҷом фирор кардан аз мамлакат, ў бо чанголу дандон обрў ва нуфузашро барќарор кардан мехоҳад. Аз ин рў, тавассути сомонаҳои таъсисдодааш ба парокандани иғвою дасиса ва найрангу тавтеа машғул мешавад ва ҳар воќеа ва ҳодисаро таҳриф карда, ба шунавандагону бинандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҳар воќеа ва ҳодиса бар нафъи худ суд ҷустан ва давлатро муќассир донистан ҳадафи раҳбарияти наҳзатӣ мебошад. Бо таҳрифи ваќоеъ ва воруна нишон додани ҳаводис вай як навъ хиёнат мекунад. Гузориши ахири видеоии ў дар бораи воќеоти Ворух ќудратталабӣ ва манфиатҷўйиашро ба намоиш мегузорад. Чунон суҳбат мекунад, ки гўйӣ аз дасташ ҳар коре меояд. Агар аз дасти ин гурўҳ коре бармеомад, дар дохили Тоҷикистон анҷом медоданд ва ҳатто имрўз ҳам дар хориҷ сўйи кишвар сангандозӣ намекарданд ва ба манфиати миллат корхои шоистаеро ба сомон мерасониданд. Вале ҳайҳот, ки ба иғвогарию тавтеабофӣ ва ҳангомасозӣ машғул шуда, ба мардум ва ватан хиёнат мекунанд.

Фаридун Ориёӣ

21  марти соли 2019



Омори сомона

1322678
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1301
476
3619
1315378
12638
23181
1322678