Хиёнат ва забондарозии Салимпураз баҳри чист?
Дар миёни мардуми тоҷик дар хусусӣ дурӯғгуфтан ва оқибатҳою зиёни он панду андарзҳое зиёде мавҷуд ҳаст.
Дини мубини ислом низ дурӯғ гуфтану фиреб карданро маҳкум менамояду дуруғгӯро душмани Худо медонанд, ки бесабаб нест. Зеро ҳамаи суханони дурӯғ дер ё зуд фош мешавад ва дурӯғгӯ бошад дар назди мардум сархаму беобрӯ мегардад.
Дар айни замон агар нафаре дуруғ ҳарф занад, ки аз ислом огоҳ набошад, на онқадар мавриди маломати халқ гирифтор шавад. Аммо агар ҳарфи дурӯғ аз забоне шунида шавад, ки худро намунаи ибрати дигарон нишон додан мехоҳаду даъвои адолат дораду касби худро барқарор намудани адолат нишон доданӣ мешавад, ҷои афсӯсу во дареғ аст. Чунин ашхос худро ҳам дар ин дӯнё ва дар охират шарманда мегардонад.
Мирзои Салимпур, собиқ корманди Радиои «Озодӣ», ки аз ҷиҳат ноуҳдабароӣ ва риоя накардани қонунҳои дохилии идораи мазкур аз онҷо ронда шуд, хеле вақт аст, ки қасди худро аз ҳукумати Тоҷикистон ситониданист. Ба хотири содиқ нишон доданӣ худаш ба хоҷагони хориҷияш худро душмани ҳукумати Тоҷикистон расман эълон намуда, бо ҳар баҳона аз ҳукумати конститутсионӣ қасос гирифтанист. Албата агар даъвоҳои онҳо агар асоси воқеӣ медоштанд, шояд ҷои баҳсу мунозира набуд. Вале, нигаронкунанда он аст, ки дар навиштаҳояшон умуман ба факту далел такя намекунанд.
Бо ташкили сомонаи интернетӣ ва пайдо намудани маблағи муфт мудом иғвоангезӣ менамояд. Дар сомонае, ки ӯ таъсис додааст, ягон маводи воқеанҳам ҷавобгӯ ба талаботи журналистика ёфтан ғайриимкон аст. Метавон навиштаҳои онҳоро танҳо сафсата номиду халос. Зеро фикре, ки дар он факту далели воқеӣ вуҷуд надораду танҳо бо овардани андешаҳои ғайриодилона қаноат кардааст, метавон танҳо сафсата номиду халос.
Маводи «Душманони миллат дар дохили ҳукумат», ки дар сомонаи ӯ ба нашр расидааст, аз қабили ҳамонҳо мебошад. Дар ин матлаб муаллиф бо иддаоҳои сохта ҳукумати кишварро гунаҳкор донистааст. Даъво пеш овардааст, ки ҳукумат ба маводҳои сомонаҳои ғаразнок ҷавоби дандоншикан медиҳанд. Ба ақидаи ӯ бояд онҳо ҳарчизе мехоҳанд, гӯянд, ҳар ҳарфе, ки нодурусташонро чун ҳақиқати кул қабул намоянд. Оре, вай гуфтанист, ки бояд танҳо наҳзат интиқод кунад, Салимпур(л) бояд ҳар нафареро хоҳад мавриди интиқод қарор диҳаду аз ҳар нафаре таърифу тавсиф намояд. Ҳар суханашонро чун ҳақиқати кул қабул намоянд. Аз «Фабрикаи ҷавоб» гила кардааст, ки ба душманони миллат маводҳои ҷавобӣ менависанд, чашми дигаронро боз карданӣ мешаванд. Бояд дар кишвар танҳо Салимпур бошаду наҳзат бошад дигар ҳеҷ расонае.
Чунин Тоҷикистон барои мирзоҳо лозим нест. Тоҷикистон бояд мисли Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон ва кишварҳои ба ҳамин монанд табдил дода шавад. Зеро маҳз дар ҳамон кишварҳо низ чунин шахсиятҳоеро дар ихтиёрашон сомона гузоштанд, ки дар натиҷа мардумон ба кӯчаҳо рехтанду аз сулҳу субот ва оромӣ дигар заррае ному нишон дида намешавад.
Ӯ иддао кардааст, ки касе дар ғами ин миллат нест. Пас саволе ба миён меояд, ки ин ҳама нақбу шоҳроҳ ва заводу фабрика ва дар маҷмӯъ ободкориҳое, ки дар замони истиқлоляит ба даст омадааст, бо саъю кӯшишҳои кӣ амалӣ гардидаанд. Мутмаинан, ки дар инҷо аз нақши дастҳои наҳзатиҳо дараке нест. Вале, дар иғво марди майдон, дар дурӯғгуфтан беҳамтоянд. Мутмаинан онҳо дар чоҳе, ки имрӯз кандаанд, пеш аз ҳама худи эшон сарозер хоҳанд шуд, зеро беҳуда нагуфтаанд:
Аз мукофоти амал гофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд ҷав зӣ ҷав.
Имрӯз ҳар қадар вазъияти ҷаҳон тағйир мехӯрад, аҳамияти сулҳи тоҷикон, ҳамон қадар аёнтар мегардад. Ба ҷои чунин сафсатахонӣ кардану санг ҷониби сулҳу ваҳдат задн, беҳтар он нест, ки ба навиштаҳои журналистони иғвогари аҷнабӣ, ки бо ҳар баҳона Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор медиҳанд, ҷавоб гӯяд? Вале ӯ доим аз масъулият, виҷдон, ахлоқ ва дигар сифатҳои касбии худ ба таври одӣ сарфи назар менамояд.
Фикр мекунам, фурсати он фаро расидааст, ки Мирзои Салимпур ва ҳаммаслаконаш барои худро дар назди аҷнабиён наздик нишон додану ё ба хотири чанд пули ваъдаи гурӯҳҳои қудратталаб дигар оромӣ, сулҳу суботи ватани азизамонро таҳти хавфу хатар нагузоранд. Зеро Ватан - нангу номус аст, Ватан - эътиқоду эътимод аст, Ватан - ормону имон аст, Ватан - падару модар аст. Ҳайфи он инсоне, ки ба ин муқаддасот хиёнат мекунад.
Баҳром Қодирӣ