Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ҷавоб ба минбари ифротзадаҳо «Паём.нет»

Бигзор халқҳои хурд Истиқлолият касб кунанд ва мақомоти амният дар ин росто онҳоро ёру мададгор бошад», гуфтааст ҳакиме.

 

Дар ҳошияи ин ҳарфҳо, мунсифона агар бингарӣ наҳзат чӣ посухе ба ин миллат дорад? Бунёди Истиқлолиятро коста гардонид, тафаккури ҷангиро  дар ҷомеа пойдор кард, вилояти нозанини Хатлонро ба хароба табдил дод, мардумро гуреза кард. Парвардаҳои ин ҳизб ҳатто кӯшиши табаддулот ҳам карданд.  Ришро меъёри инсоният пиндоштанд, банди эзор, аниқтараш пирон тунбони афғониро ҷузъи фарҳанги миллӣ донистанд, мардумро бо хасму хун оғушта карданд.

КДАМ, ки пешсафи мубориза бо терроризм ҳаст, акси садои наҳзатиҳоро барои пешгирии ҷиноятҳо, амалӣ мекунад. Дурусттараш барои ҷилавгирии иштибоҳҳои такрории ҳизби наҳзат ҳамчун сипар истодааст. Фирбеи назар ва ҳилаи шаръии ин ҳизбро дигар маҷоли рӯидан намедиҳад. Тафаккури ҷангҷӯёна ва ифротии ин ҳизбро аз байн бурда истодааст. Дар партави ин ҳама ҳусн, бингарем ба тақибри ин ҳизб, ки орзуи сохтани давлати исломӣ дошт:        

Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки ҳизби террористи наҳзат дар се даҳсолаи охир анҷом дод, иборат буд аз:  дар қатори ба бероҳа кашидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.Худ қазоват кунед:

1.     ТТЭ ҲНИ дар замони ҳокимияти  Шӯро худро дар сатҳҳои поёнии ҷомеа айёрона ҷой карда, бо насиҳати таълимоти Саид Қутб ва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳои ба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Дине ки 1400 сол арзи вуҷуд дошт, ниёзу талаботи ин диндорони наҳзатиро бароварда намесохт. Онҳо корҳоеро дар чорчӯби дин анҷом медоданд, ки хилофи суннатҳои қадимии миллӣ арзёбӣ мешуданд ва ҳадаф аз ин качравиҳо ҳамоно, мубориза бар зидди асосҳои фарҳанги миллӣ буд.

2.     Чун дар шаҳрҳо низоми Ҳукумат қавӣ буд, наҳзати ифротгар дар деҳахои дурдаст ба ин корҳо даст мезад. Ба таври ҳилагарӣ, худро дар вазифаҳои паст, ки аз назорати органҳои ҳифзи ҳуқуқ дур буданд, чо ба чо мекарданд. Чунончи, раҳбарони наҳзат, то солҳои 90-ум ё ба сифати посбон, муҳофиз ё дарбони ин ё он муассиса буданд. Бо пинҳон кардани худ, амалан ин дарбонҳо пояҳои ҷомеаро тадриҷан ларзон месохтанд. Дар чомеа дар нақшҳои махуф, вале таъсиргузор ҳузур доштанд.Ҳалқаҳои динӣ ташкил карда буданд.   

3.     Аз зовияи воқеахои имрӯз ба фаъолияти ҲНИ менигарӣ, ба натиҷагирие меоӣ, ки ин ҳаракат ба куллӣ динситез буд.  Комилан, арзишҳои динии ҷомеаро чаппа ба мардум нишон медод ва медиҳад. Дар ҳалқаҳои танги ҳизбии худ, чун ёмбош мезаданд ва дар хони муфти мардум ба хилват мерафтанд, каштал мекашидан ва шиор мепартофтанд: наҳзатӣ-яъне мусулмон, ғайринаҳзатӣ яъне мулҳиду мушрик.

4.     Кор ба ҷое расид, ки барои мусулмон будан, билети ҳизбии наҳзатро шарти асосӣ мепиндоштанд.   

                Ҳамин тариқ, ин дафъа ба шарофати фарзандони ҳамин марзу бум, ки кормандони амният ҳам ҷузъи пешсафи ин родмардон мебошанд,  тири ҳилаи шаръии наҳзат ба хок хӯрд. То абад мунҳал ва хунсо гардид.

            Ин мақомот-такягоҳи боэътимоди давлату миллат маҳсуб мегарданд.

Афсари Сармад, собиқадори меҳнати зарбдор        



Омори сомона

1322232
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
855
476
3173
1315378
12192
23181
1322232