ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ НАВРАСОН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Рӯзи 4-уми ноябри соли 2026 дар ноҳияи Дарвоз мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 10 дастаи наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуда, дар давоми 7 рӯз барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни ҳам рақобат карданд. Бозиҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рақобати солими варзишӣ баргузор гардида, наврасон маҳорати баланди футболбозӣ, омодагии ҷисмонӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд.
Дар маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории мусобиқа муовини раиси ноҳияи Дарвоз Қосими Диловар, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Абдулло Соқиев, директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов ва муовини якуми раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Бафоев иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо иштирокчиёнро барои иштироки фаъолона дар мусобиқа табрик намуда, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар тарбияи насли солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи футбол дар кишвар нақши муҳим дорад.
Аз рӯйи натиҷаи бозиҳо ҷойҳои ифтихорӣ ба дастаҳои зерин тақдим гардиданд:
* Ҷойи якум – дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Рузвай;
* Ҷойи дуюм – дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳаи Қалъаихум;
* Ҷойи сеюм – дастаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и деҳаи Даштак.
Дар фарҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии баргузории чунин мусобиқаҳо ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба машғул шудан бо футбол, дарёфти истеъдодҳои нав, тарбияи футболбозони ҷавон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мебошад.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар ноҳияи Дарвоз барои таҳкими дӯстиву рафоқат миёни наврасон, баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
















