Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Изҳорот ба изҳороти душманони сулҳу оромӣоид ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат

Гурӯҳи 24, ТЭТ ҲНИ, ҳаракати гадоманишон – Ислоҳоти рушд ва иқтисод, ҷунбиши бомжҳо – КШНГЗ оид ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат ба маълумоти зидду нақизашон ва изҳороти хиёнатгунаашон мардумро дар бораи сабабҳои ошӯб гумроҳ мекунанд.
Ин рақибони сулҳу оромӣ мехоҳанд, ки ҷинояткорони доишӣ аз зиндон бароянду бар зидди авлоди ин қувваҳои гумроҳ амали нораво анҷом диҳанд. Ин гурӯҳҳои бадахлоқи моли таърих намедонанд, ки бо тақдири ҳазорон мардум бозӣ доранд. Ҷинояткор дар куҷое набошад, бояд адои ҷазо намояд ва дар робита ба доишиҳои хунхор, гуфтан мумкин аст, ки онҳо ҳама сазовори қатланд. Онҳо ба тоҷику тоҷикистонӣ ҳеҷ умумият надоранд. ДОИШ-иҳо агар заррае худшиносӣ медоштанд, дар Ироқу Сурия ҳамтаборони худ курдҳоро намекуштанд, фарзандони худро сағераву ятим намекарданд. Ҳамин наҳзатиҳои бенанг чун диданд, ки аъзои Раёсати олии наҳзат аз ҷониби ДОИШ кушта шудааст, бояд ба ин ҳаракати малъун ва душмани башарият лаънат мефиристоданд, вале мебинем, ки наҳзат одат кардааст «Айби Исоро аз Мӯсо гирифтан».
Гурӯҳҳои исёнгари дар боло номашон зикршуда дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамеша тарафи душман мегиранд ва ба сухангӯйи онҳо табдил меёбанд. Ин ҳодиса дар ошӯби Хуҷанд, вафоти Ф.Воҳидова, воқеаҳои сарҳади қирғиз ва садҳо мавриди дигар изҳор меёбад.
Раванди ассимилятсия (ҳаммонандшавӣ)-и миллии наҳзатиҳо ва идғом шудани онҳо ба ҷомеаи ғарбӣ 5 сол шуд, ки идома дорад. Онҳо ҳоло на танҳо забон, балки бо сурати кайҳонӣ дини худро ҳам аз медиҳанд. Нимсалафӣ, нимҳанафӣ ва ниммасеҳианд. Наҳзатиҳо сарҳади ахлоқии точикро шикаста, роҳбарияти олии тоҷикон, пули сомонӣ ва ҳатто миллатро таҳқир мекунанд. Кабирии беор, дар яке аз мусоҳибаҳояш «миллати тоҷикро беғайрат хонд». Наҳзатиҳо аз дар два мушкилоти халқи тоҷик фосила гирифтаанд. Барои онҳо таркиби гамбургер аз мушкилоти рӯзмарраи миллат авлотар аст.
Вақте ки дар ҷумҳурӣ расман амал мекарданд, рӯҳу равони халқҳои бодиянишинро дар ҷомеа татбиқ менамуданд. Ин дар ҳама чиз ифода меёфт. Забони арабиро мумтоз медонистанд. Либоси ин мардумро парастиш мекарданд. Фотиҳаву хутба, ки асрҳо бо забони тоҷикӣ дар Мовороуннаҳр хонда мешуд, ҳмаро ба забони бегона мутобиқ карданд.
Ҳоло ҳомии зиндониёни доишӣ гаштаанд.
Саттор Муллоаҳмад, сокини ш.Ваҳдат


Омори сомона

1322784
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
13
1394
3725
1315378
12744
23181
1322784