Ҳаракати босмачигарї чун лаккаи таърихии наҳзатӣ
Аслан пазириши арзишњо аз тарафи љомеа бо дараљаи маълумотнокї, хирад ва аќлу заковати шахсиятњои он вобаста аст.
Дар љамъияте, ки сохтори давлатдорї ва иљтимої таѓир мехўранд, њатман арзишњои нави аќидавї, муносибатњои тоза ва диди нав ба ин арзишњо арзи њастї мекунанд ва ќабули онњо то андозае боиси пайдоиши мушкилот мегардад. Агар дар пазириши онњо ба иштибоњ роњ дода шавад, он гоњ ошної ва ќабулашон љомеаро ба сўи ифрот мекашад.
Расидан ба Истиќлолияти давлатї барои тољикон имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустањками арзишњои миллии хеш, аз љумла тамаддуни куњани аљдодї, таљрибаи њазорсолаи давлатдорї, таъриху адабиёти воќеї, ки њатто душманони миллат наметавонанд онро инкор кунанд, заминањои худшиносии миллї ва рушду такомули давлати љавони худро ба роњ монанд. Аммо мутаассифона ин талошњоро шахсияту гурўњњои алоњида барои амалї намудани ниятњои муѓризона ва манфиатњои бегона истифода бурданї шуданд. Онњо арзишњои миллиро бо аќоиди динї-мазњабї махлут намуда, њатто динро аз миллат боло гузоштанд ва кўшиш карда истодаанд, ки њама њодисањои бо дин алоќамандро њамчун њуввияти миллї муаррифї намоянд. Чунончї, аз соли 1989 ба ин љониб, ин гурўњ даст ба мавзўи «Босмачї кї буд?» заданд ва талоши зиёде ба харљ медињанд, ки босмачињоро њамчун «муљоњид», «ѓозї», «муборизи роњи ислом» ва њаракати онњоро «њаракати миллї-озодихоњї» нишон дињанд. Чун нек ба эљоднома ва фарзияњои ин муаллифон менигарї, ошкоро дармеёбї, ки ѓараз аз «таърих»-нависии онњо, сафед намудани њаракати босмачигарї ва пешвоёну аъзоёни дастањои босмачї мебошад. Воридшавии амиќтар ба мавзўъ нишон медињад, ки аксарияти њомиёни ин њаракат ашхосе мебошанд, ки бевосита ва бавосита дар воќеањои хунини солњои 90-уми асри гузашта дар хоки Тољикистон даст доштанд.
Тањлили ин ду ќазия, собит месозад, ки њам воќеањои солњои 20 – 30-юми асри бист ва њам њодисањои солњои 90-уми ин аср як шабењияти хосе доранд: Якум, ин њодисањо дар арсаи аз миён рафтани як сохти давлатдорї ва ташкил шудани шеваи дигари давлатдорї рух доданд. Дуввум, дар њар ду њолат миллати тољик бозичаи дасти бегонагон ќарор гирифт ва на арзишњои миллии хеш, балки манфиати ѓайрро њимоя кард. Сеюм, дар њар ду замон, тољиконро тањти даъватњои дурўѓини «љињоди муќаддас барои дини ислом» ба майдони набарду сиёсатбозї кашиданд. Чањорум, њар ду дафъа, ин њодисањо барои миллати мо тањмилї буданд, аз хориљ тарњрезї ва маблаѓгузорї шуданд ва зимни онњо соддалавњї ва бесаводии ањолї, хусусан эътиќоди таассубомези онњо ба дини ислом, аз љониби сиёсатбозони дохилї ва хољагони хориљии онњо истифода бурда шуданд.
Нахуст мехоњем таваљљўњи хонандаро ба як нуќта аслї, ба шахсият ва њуввияти поягузорону сарварони њаракати босмачигарї, мансубияти миллї ва ќавмии онњо љалб намоем, то барои хонандаи мўњтарам аз оѓоз равшан гардад, ки то кадом њад њаракати босмачигарї бо миллати тољик њамбастагї дорад ва њаммиллатони мо дар ин њаракат дар кадом наќш ќарор доштанд ва «ќањрамонї»-њои онњо ба хотири кадом ањдоф, зери парчами кадом ќуввањо ва бањри њимояи манфиати кињо равона гардида буданд: Амир Саид Олимхон - охирин амири сулолаи манѓитињо. Дар давоми њукмронии хеш ягон амалеро дар самти пешрафту нумўи он њудуди аморат, ки имрўз ба Љумњурии Тољикистон тааллуќ дорад, анљом надодааст, ба љуз љамъоварии бољу хирољ аз мардуми нодору камбизоат тавассути беку амалдорони таъиннамудааш. 99 дар сади ањолии минтаќаи мазкур дар замони ў хату савод надошт; Анварпошшо (Исмоил Анвар) – шањрванди Олмон, сиёсатмадори мољарољў, пантуркисти ашаддї. Ният дошт, ки бо истифода аз њаракати босмачигарї инќилоби сотсиалистиро дар њудуди Осиёи Миёна сарнагун сохта, давлати Туркистони бузургро эъмор созад.
Тавре аён мегардад, дар њаракати босмачигарї мавќеи асосї ва пешоњанг ба аҷнабиён тааллуќ дошт ва онњо аз љониби амир имтиёзоти зиёдеро дар Бухорои Шарќї бархурдор буданд. Сабаби аслиаш он буд, ки дар пахш кардани эътирозу шўришњо ва норозигињои мардуми кўњистон амирони Бухоро мањз ҳамин бегонагонро њамчун дастгоњи љазодињанда истифода мебурданд.
Хулласи гап, муборизаи онњо њељ робитае бо ватанхоњї ва њимояи манофеи миллати тољик надошт. Онњо дар хизмати бегонагоне ќарор доштанд, ки бањри баргардонидани амири Бухоро Саид Олимхон ба тахти «вожгунаш» (Иброњимбек) ва ё бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд.
Ба иборати дигар босмачигарӣ, яъне ҳамин ҳизби ба ҳама маълуми террористии наҳзат мебошад. Ҳамон гароиши ба қатлу ғорат, ки хоси босмачӣ буд, ҳоло ҳамин наҳзатаки ғарбзада онро пайравӣ ва ҳукмфармо карданӣ аст.