Фирорие нањзатї дар пайи њавасњои тиљории хонаводагї
Чандин сол аст, ки рањбаре фирорї бо «корнома»-и сиёсї дар майдони расонаї, матбуоти мустаќил ва фазои маљозї худнамої мекунад ва баъзе пойгоњњои иттилоотию тањлилиро ба љавлонгањи њамешагии саманди тиљораташ табдил додааст.
Ањли њол даќиќ медонанд, ки ин рањбари сиёсї, ки имрўз доирањои нањзатї ўро ба унвони шахсияти харизматик васфу ситоиш мекунанд (ва чун бут ба парастиши ў машѓул шуда, бо эњтирому садоќати бепоён «Устод»-аш ном мебаранд), дар ибтидои роњи сиёсї бо тиљорат ва тафаккури тиљорї шомили ташкилаи сиёсї гардидааст. Дар зимн, тафаккури хонаводагї ва хостњои тиљорї дар таърихи сулолањои динї њодисаи наву тоза нест.
Бо таваљљуњ ба таърихи сиёсии ислом ва адабиёти марбут ба ин самти исломи сиёсї, диёнати исломї дар бистари худ хонаводагаро аст. Шаљарабандии сайидзодањо, эшонњо, махдумњо, хољањо ва амсоли инњо махсусияти хонаводагии диниро нишон медињанд ва ТТЭ ЊНИ њам, ки побанди мафкураи исломи сиёсист, наметавонад аз насабпарастии арабї-исломї људо бошад. Љангу низоъњое, ки баъди марги паёмбари ислом дар доирањои њукмрон ба вуќўъ пайваст, ин њаќиќатро бозгў мекунад, ки ѓасби ќудрат ва хонаводагї кардани он аз марљаоти усулии салатанати динї мањсуб меёбанд. Бинобар ин, љалби хонавода ба умури сиёсї, њизбї ва мафкуравї ба ТТЭ ЊНИ ва рањбари фирории он аз гузаштагон мерос монда, дар заминаи андўхтани таљрибаи пешиниён амалї гардид. Дар ќолаби дараљабандї ё ба истилоњ, иерархияи динї лидери фирории нањзатї аъзои хонаводаи худро ба мудирияти њизбї љалб намуд, то тамоми фаъолияти нињод тањти назорат ва султаи як нафар ќарор бигирад ва «бегона»-е ба арсаи мудирияти њизбї ворид нагардад. Барои пардапўш кардани ниятњои султахоњї, пулпарастї ва рифоњталабї ин марди «кабир», усулан аз василањои маъмули риёкории сиёсї ва иљтимої кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муќаддасоти динї ва сиёсї - Худо, дин, мазњаб, Ќуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорї, баробарї, бародарї, озодї ва амсоли инњо бозї карда, њар яки вожагони калидиро дар љояш ба њадафи ба даст овардани султа, ќудрати сиёсї ва рушди тиљорати хонаводагї суйистифода мекунад. Мусоњибањо, суханронињо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болої моломол аст ва тавассути технологияи суханварї љомеаро тањти фишори равонї, забонї, такаллумї ва сиёсї ќарор медињад.
Саркардаи нањзатї, ки онро шартан, тањти истилоњвожаи «фирорї» ном мебарем, дар давоми мудирияти њизбї ин нињоди динии сиёсиро ба абзори хонаводагї табдил дод. Замони дар љумњурї будан ва дар садри моликияти њизбї ќарор доштан ин «фирорї» хешу аќрабо ва наздикону пайвандонашро ба роњи рушди бизнеси хонаводагї «њидоят» намуд. Барои муште аз хирвор чанд исми пайвандон ва аќраби љаноби Фирориро ёдовар мешавем, ки таърихи њавасбозињои тиљории нањзатиро раќам задаанд: Акоша (собиќ узви Раёсати Олї ва Шўрои сиёсии ТТЭ ЊНИ—бародараш); Муњаммадсолењ (собиќ раиси ЉДММ «Бинокорсервис», узви фаъоли ТТЭ ЊНИ-бародараш); Бибисоро (собиќ љонишини мудири шуъбаи љавонон ва варзиши ТТЭ ЊНИ—хоњараш); Муњаммад Сафарзода(собиќ масъули шуъбаи робита бо љомеаи ТТЭ ЊНИ-бародарзодааш); Рањматуллоева Мастура (собиќ масъули кор бо бонувони ТТЭ ЊНИ- њамсараш); Тиллозода Рўњуллоњ (собиќ масъули таъминоти моддии ТТЭ ЊНИ-писараш); Тиллозода Муњаммад (собиќ масъули бахши молиявии ТТЭ ЊНИ-писараш); Кабиров Салимљон (собиќ масъули бахши љавонони ТТЭ ЊНИ-писараш); Сафарзода Эмомалї (муњофизи раиси ТТЭ ЊНИ-бародарзодааш); Амруллоњи Низом (рўзноманигори ифротї, масъули сомонаи «Payom.net» -домоди бародараш). Аз ин фењрист ќисме ифротитарин инсонњои нањзатї мањсуб меёбанд. Њарчанд ки ин тоифаи љаноби Фирорї дар Аврупо ба сар мебаранд, аз афкори муѓризонаи ифротии худ барнагаштаанд ва њамоно, тухми ифроту тафрити исломиро пањн мекунанд.
Нуктаи љолиб дар ќазияи Фирорї ин аст, ки ў њатто дар овони муњассил буданаш дар Донишгоњи давлатии Тољикистон (имрўза ДМТ) ба љамъоварии сармоя, махсусан сармояи бедардимиён иштиёќи вофир доштааст. Дар таъйини шахсияти ахлоќии Фирорї завќи молпарастї ва њарисї ба молу ашёи дунёї наќши калидї дорад. Талаботу ниёзњои маишии бебаркаши ў, албатта, пушти пардаи сиёсї амалї гардиданд. Њангоме ки ба майдони бизнес ва тиљорат ворид мегардад, ба василаи «дироят»-и тиљорї дармеёбад, ки расидан ба ќудрати сиёсї ва љойгоњ пайдо кардан дар њавзањои давлатї осон аст. Бо таваљљуњ ба ин, «ќањрамон»-и достони нањзатї тадриљан ба арсаи сиёсати исломї по мегузорад ва дар пайи ба даст овардани сарват иќдомоти љиддї рўйи даст мегирад. Вай, ки як дараља таљрибаи сиёсї ва њизбї касб карда буд, «риск»-и сиёсиро бо «таваккал»-и тиљорї њамсў дониста, барои андўхтани сарват кабинаи њизбиро аз њисоби аъзои хонавода пурќудрат мекунад. Агар таваљљуњ карда бошед, наздикону муќаррабони Фирорї, ки аз онњо ном бурда шуд, дар мансабњои калидии њизбї такя зада, бахшњои даромадноки нињод – молия, таъминоти моддї ва иќтисодро тањти назар ќарор доданд. То тавонистанд њизбро ѓорат карданд, сармояи аз берун ба њизб људошударо миёни худ таќсим намуданд. Њоло ки Фирорї дар хориљ ќарор дорад, сармоягузорињоро ба ташкилаи сиёсиаш комилан дар дасти худ гирифтааст.
Њазрати Фирорї њамчун тољири тамомайёр кўшиш мекунад њар вазъиятро ба нафъи молиявии худ њал намояд ва худро минњайси инсони вораста, покнињод, адолатхоњ ва бениёз ба љомеа вонамоёнад. Ў њизбро бо худ тавъам намуда, њамчун моликияти шахсию инфиродї истифода бурда ва мебарад. Хонандагони гиромї, агар дар ёд дошта бошанд, Фирорї барои гул задани мардум ва пинњон доштани ниятњои тиљориаш аз ибтидо њизбро ба сифати ташкилаи маънавигаро муаррифї мекард. Дар мусоњибањои мутааддиде, ки вай бо хабарнигорони њафтаномањои мустаќили кишвар дар нимаи дуюми солњои дуњазорум анљом додааст, таъкид намудааст, ки ТТЭ ЊНИ њизби моддигаро нест ва ба пулу молу сарват беэътиної мекунад. Њаросати сириштию зотии љаноби Фирорї нисбат ба сармояи бедардимиён дар љумлаи «њизби мо њизби моддигаро нест» моњирона хаспўш шудааст. Ва агар њизби нањзат моддигаро намебуд, чаро мансабњои калидї дар дасти аъзои хонавода ќарор доштанд? Чаро хонадони Фирорї имрўз њам дар хориљ дар рифоњи молї зиндагї мекунад? Маблаѓњои њангуфте, ки дар ќисмати молиявии њизб мављуд буданд, ба чї кор масраф гардиданд? Ќабл аз њама, ба манфиати хонавода ва хонавода асли сиёсати њизбии нањзатиро ташкил медод, медињад ва хоњад дод. Чунки талаботи мењварии исломи сиёсї дар мисоли ТТЭ ЊНИ-и Фирорї њамин будааст – хонаводагї кардани мудирияти созмони сиёсї, ба ихтиёр гирифтани буљаи нињод, ихтиёрдорї кардани сармояи њизбї, аз тариќи хешутаборчигї ва сатњу сифати манфиатрасонї таќсим намудани мансабњои њизбї ва мувофиќи хосту хоњиш масраф намудани маблаѓњои коргоњ. Ин «талабот»-ро ў њамчун мусулмон иљро кард ва дар муддати рањбарии расмии њизб бад-он кўшид, ки тамоми хонадони худро ба кори њизбї љалб созад ва аз ин тариќ раванди куллии њизбиро мадди дурбини инфиродї бигирад.
Маълум аст, ки Фирорї дар фирор њам ба тиљорати њизбї машѓул аст ва дар пушти ин тиљорат љамъоварии сармояи гарон барои ањли хонавода нињон аст. Аз ин љост, ки барои њифзи бизнес ва њизби хонаводагї, њамчунон аз шиорпароканињои миллат, давлат, озодї, Ватан, мардум, дин, мазњаб, демократия, инсонсолорї ва мардумпарастї истифода мебарад ва бозори бизнеси хонаводагиашро гарм нигањ медорад.