Фарқи байни “Кабирӣ ва шайкаи ӯ” аз латтаи байни по дар чист?
“Зӯр бошӣ (мард бошӣ), биё як ба як мезанем”. Ин ҷумлаест, ки аксари мо ё дар кӯдакӣ ё замони мактабхониву донишҷӯӣ шунидаем ва ё шояд худамон онро гуфтаем. Одатан ин даъват замоне сурат мегирад, ки тарафе мехоҳад қудрат ё зӯри бозуи худро ба танҳоӣ дар муқобили неруи дигар “мардак барин” намоиш диҳад.
Ва ин даъват ба навъе эътироз ба муқобили нафаре ё нафаронест, ки аз мардонагӣ чизе надоранду гуруҳи одамонро гирди худ ҷамъ оварда, ба муқобили даъваткунанда юриш кардаанд.
Мазмунан ҳамин тавр. Яъне, “мард бошӣ, биё мезанем”.
Ҳамин мазмунро дар як даъвати Додоҷон Атовуллоев дарёфтам, ки ах роҳбари наҳзатиҳо хостааст, баҳси онлайнӣ дошта бошанд, чун “Баҳси ду сиёсатмадор яке аз оинҳои фарҳанги сиёсист”.
“Ба умеди чанд фейк ва чанд гумном нашав. Аз он сафсатаҳое, ки онҳо бо супориши ту ба рағми ман менависанд, шод машав. Худат нархи онҳоро медонӣ, маҳорату манзалати онҳоро медонӣ. Зӯри беҳуда миён мешиканад. Хануз дарк накардӣ?
Аз ислом рӯ тофтӣ. Ихтиёрат. Ҳоло дигар ту ниқоби демократӣ гирифтӣ. Акнун биё мисли ман ба майдон. Саҳифаатро дар Фейсбук фаъол кун. Бас аст аз паси парда “сиёсатбозӣ” кардан. Ва ману ту баҳсе биороем”,-даъват кардааст Атовуллоев.
Дар ҳошияи ин сархати даъвати Атовуллоев мехоҳам ба чанд нукта ишора кунам.
Нахуст ин ки дарвоқеъ, якчанд нафар аз ҳамон фейкҳо худи роҳбари наҳзатиҳост. Кайҳо шунида будам, ки Кабирӣ дар чанд ноутбук бо номҳои сохтаву бофта дар Фейсбук профилҳо боз кардаву истифода мебарад. Аҷиб ин аст, ки дар байни онҳо номҳои занона ҳам ҳастанд. Яъне, аз ин ки ӯ мехоҳад ҳарфи дигарон, мавқеъгирии дигаронро нисбат ба худ фаҳмад, аз номи занона доштану пушти номи зане пинҳон шудан ор намекунад.
Таҳти ин номҳо Кабирӣ гоҳе ҷабрдида эълон мешаваду гоҳе роҳбари мухолифон, гоҳе раису ҳомии фирориён, гоҳе ким-кадом як ҳайталӣ. Хуллас, ӯ вобаста ба ҳолат нисбат ба худ тамғаҳо мегузораду аз худ шахсият сохтанӣ мешавад. Аммо як нуктаи муҳиме, ки фаромӯш кардааст, ин аст, ки ҳамаи ин фейкҳо як тарзи навишт доранд ва дасти як нафар буданашон ошкор аст.
Бо дархост, хоҳиш ва “дастур”-и Кабирӣ ҳамин гуна саҳифаҳоро “хоҳар Ҳумайро” (фаҳмида шавад – маъшуқаи Раис), Темури Варақӣ (ибораи Додоҷон), Кӯри Юнус ва чанд лесандаи дигар ҳам созмон додаанд. Ба ин васила мехоҳанд нишон диҳанд, ки “мухолифон” як ё якчанд хас неву як халтаи коҳанд.
Аз ин ки гузаштем, ба ёд меояд, ки оё ин тӯдаи хас арзише дорад, ки мардонавор ба майдон хонӣ? Ман фикр мекунам, ки не, ин тӯдаи “пайтоба” на танҳо арзиши баҳси мардонаворро надорад, балки бо онҳо сар ба сар шудан обрӯи касро мекоҳонад, вақти касро талаф медиҳад.
Ин ҳазмшудагони меъда ҳич арзиш надоранд, кас худро ба сатҳи онҳо фарорад.
Аммо аз ин ҳама “Кабирӣ ва шайкаи ӯ” фаровон ба нафъи худ истифода мебаранд. Шунидаам, ки бархе аз онҳо на танҳо бо Атовуллоев, балки ҳатто бо дигар фаъолони фейсбукӣ, ба монанди Исфандиёру Ҳафиз, Бахтиёр ҳамсуҳбат шуданро мояи ифтихор медонанд ва “як ҷаҳон лаззат мебардоранд”.
Ҳоло Додоҷон аз роҳбари наҳзатиҳо хостааст ва ошкор даъват кардааст, ки ҳамлаву ғайбатҳои занакиро бас кардаву пешорӯи ом баҳс кунад. Мегӯянд, “кофтан гирӣ, бӯяш баромадан мегирад”. Тарси Кабирӣ аз ҳамин аст, ки Додоҷон тавони фош кардани гандидаҳои ӯро дорад ва ӯро дар баҳси нахуст шармандаи байни замину осмон мекунад. Агар чунин набуд, роҳбари наҳзатиҳо кайҳо худ ташаббус ба даст гирифтаву эълон медошт, ки омодаи суҳбат бо ҳар нафарест, ки ба будану набуданаш таваҷҷуҳ доранд.
Дарвоқеъ, айни ҳамин гуна як даъват ду-се сол қабл ҳам садо дод. Он замон ҳам Додоҷон Кабириро ба баҳси ошкорои онлайнӣ даъват кард. Кабирӣ ба ҷойи қабули “даъвати мардона” сагҳояшро ба муқобили Додоҷон фас дод. Ва ин сагҳо ҳанӯз ҳам ҳав-ҳав доранд, мехоянду мехоянд, чун илоҷе дигар барои дарёфти устухонпора надоранд.
“Зӯр бошӣ (мард бошӣ), биё як ба як мезанем” – ин даъвати мардонавор аст, ин даъват мардон аст.
“Саҳфаатро дар фейсбук боз кун, ману ту баҳсе биороем” – ин даъват ба дасткашӣ аз туҳмату буҳтон аст, ин даъват ба суҳбати мардона аст.
Байни ин ду даъват тафовутеро намебинам.
Аммо як “сиёсатмадор”, “раис”, “ҳомӣ ё пешвои мухолифон”, аммо дар асл - “порӯтӯда”, вақте пушти номҳои дурӯғ ва занона пинҳон шудаву як гуруҳи аз дину миллат рӯгардонидаи майхораро “нерӯи мухолифон” медонад ва бо ҳамин тӯдаи ғайбатчӣ пушти дари сафоратҳои хориҷӣ нисбат ба давлату миллат бадгӯӣ мекунад, оё ин тавонро дорад, ки мардонавор гап занад? Оё фарқи байни ин “раис”-у тӯдааш аз рифола ё латтаи байни пойи фоҳиша дар чист?
Ман фикр мекунам, ки агар “Кабирӣ ва шайкаи ӯ” ақли солим дошта бошанд, нахустин коре, ки мекунанд, барои худ ва барои шинохти худ ба ин суол посух меҷӯянд.
Воқеан, даъвати Додоҷон “шпаргалка”-и хубест барои он ки онҳо тавонанд ба ин суол посухи дақиқ пайдо кунанд.
Довуд Исматӣ