Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад»

ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат натиҷаҳои кори олимонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои созандаи самтҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои боровари он низ суханронӣ намуданд

 



Омори сомона

1321460
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
83
476
2401
1315378
11420
23181
1321460