Дар ноҳияи Дарвоз барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд Маркази тавонбахшӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастгирии созмонҳои Иттиҳоди Аврупо ва Миссияи Шарқ яке аз биноҳои бекормонда дар маркази ноҳияи Дарвоз таъмир карда шуда, дар ихтиёри кӯдакони имконияташон маҳдуд гузошта шуд. Намояндаи созмони Миссияи Шарқ Худоназар Ҳоҷимамадов гуфт, ки «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як биноро барои Маркази тавонбахшӣ ҷудо кард ва он бо харҷи беш аз 10 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. Маркази мазкур бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда шуд. Ин нахустин Маркази тавонбахшӣ дар ин ноҳия ба шумор рафта, дар он беш аз 100 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд. Дар деҳаи Сангевни ҳамин ноҳия барои волидоне, ки кӯдаконашон имконияти маҳдуд доранд, гӯшаи волидон таъсис дода шуд. Дар оянда чунин гӯшаҳо дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ таъсис хоҳанд ёфт».
Раиси ноҳия Саидбурҳон Абдураҳмонзода ҳангоми ифтитоҳи маркази мазкур гуфт, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд набояд дар ҷомеа худро заифу танҳо эҳсос кунанд.
Дар ин марказ барои кӯдакон ҳамаи шароит омода шудааст. Дар баробари баланд бардоштани ҳунару истеъдоди худ ҳамчунин кӯдакон ба табобат фаро гирифта мешаванд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои боло бурдани сатҳи таълим ва табобати ин кӯдакон минбаъд низ ҳамкории худро бо ин марказ идома