Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Оид ба чораҳои пешгирифтаи кишварҳои минтақа вобаста ба COVID-19

Дар Ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон расман маъракаи оммавии мубориза бо коронавирус анҷом ёфта бошад ҳам, вале мушкилоти вобаста ба пандемия ҳамчунон боқӣ мондааст.

Ҳолатҳои хуруҷи такрории бемории сироятӣ дар ҳудуди вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Навоӣ ва Қашқадарё Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо пандемияи коронавирусро водор намуданд, ки реҷаи карантиниро то 15-уми июн тамдид созад. Ҳоло дар маҷмуъ, беш аз 40 шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон дар минтақаи «сурх», яъне аз лиҳози хуруҷи коронавирус хатарнок қарор гирифта, вазъи эпидемиологӣ дар онҳо ташвишовар арзёбӣ мегардад. Мақомоти ҶӮ изҳор намуданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон тасмими сабук гардонидани меъёрҳои карантиниро нодуруст фаҳмида, фикр карданд, ки бемории сироятӣ пурра маҳв карда шудааст. Дар натиҷа аксарияти сокинон дар кӯчаҳо бе ниқоби тиббӣ мегарданд, фосилаи иҷтимоиро риоя намекунанд, баъзеҳо аллакай дар хонаҳо чорабиниҳои оммавӣ гузаронида истодаанд, ки дар ниҳоят, ҳамаи ин бепарвогиҳо ҷомеаро метавонанд ба балои азимтар гирифтор созанд.
Бино ба хулосаи намояндагони Вазорати тандурустии Казоқистон, фасли тирамоҳ бо мавҷи дуюми хуруҷи коронавирус рӯ ба рӯ мешавад. Гап сари он меравад, ки дар ҷомеа шумораи зиёди паҳнкунандагони вирус бе нишонаҳои хоси ин беморӣ (бессимптомные) зиндагӣ дошта, атрофиёнро олудаи беморӣ мегардонанд.
Айнан ҳамин гуна хулоса аз тарафи вирусологҳои Чин низ баён гардид. Ба андешаи онҳо афроди паҳнсозандаи беморӣ бе нишонаҳои хоси коронавирус, ниҳоят хатарнок мебошанд. Аз ҷумла, пас аз мусбат баромадани тести 2 нафар донишҷӯ, ки ягон аломати хоси коронавирус, яъне ҳарорати баланд, сулфаю атсазанӣ, душворӣ дар нафаскашӣ ва ғайраро надоштанд, табибон онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида ҷойгир намуданд. Баъди се соат ташхис нишон дод, ки аз 22 намунаи барои озмоиш гирифташуда (дастаи дар, пулти телевизор, мушак ва ҳарфчинаки компютер, телефони мобилӣ, ҳароратсанҷ, дастакҳои обкушоӣ дар ванна, барқхомӯшкунак ва ғайра) дар 8 адади онҳо тести коронавирус пурра мусбат баромадааст.
Аз ин лиҳоз, ба инобат гирифтани тадбирҳои андешидашудаи кишварҳои минтақа дар ин марҳила барои бартараф сохтани пайомадҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ аз аҳамият холӣ нест.

Субҳиддин Зиёев, номзади илмҳои филологӣ



Омори сомона

1162207
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
1885
1836
4743
1145985
23918
16459
1162207