Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастии ноҳияи Дарвоз
Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Истироҳатгоҳи «Чорчаман»- и ноҳияи Дарвоз намоишгоҳи кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои дастиро тамошо карданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуда буданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунари волои занону бонувони ин ноҳияи дурдасти мамлакатро, ки ба пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд. Занони соҳибҳунари ноҳияи Дарвоз дар намоишгоҳи кишоварзӣ ҷараёни ба даст овардани равғани маска ва дигар анвои маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю босифатро ба намоиш гузошта буданд.
Тавре зимни намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, самти асосии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз растанипарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ буда, дар ин ноҳия имрӯз 522 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 15 хоҷагии деҳқонӣ бо фарогирии 1472 хоҷагӣ ва 1 кооперативи истеҳсолӣ-зотпарварии Сағирдашт фаъолият доранд.
Як гӯшаи намоишгоҳро маҳсулоти гуногуни ширӣ, нонӣ, қаннодӣ ва дастранҷи барзгарону боғдорон ва занбӯриасалпарварон оро медод. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба ҳунару талоши заҳматкашони ноҳияи Дарвоз барои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ баҳои баланд дода, бо мақсади рушд бахшидани соҳаи кишоварзӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, махсусан ривоҷу равнақи қолинбофии дастӣ ва занбӯриасалпарварӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки обу ҳавои минтақа барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ мувофиқ буда, заҳматкашон ҳамасола бо афзун намудани шумораи оилаҳои он даҳҳо тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю серғизо ба даст меоранд.
Иттилоъ дода шуд, ки агар шумораи оилаҳои занбӯр дар соли 2016-ум дар ноҳияи Дарвоз 4018 ададро ташкил медод, пас ин нишондиҳанда дар соли равон ба 4060 оила расонида шудааст ва ба ҳолати имрӯза 35 тонна асал истеҳсол гардидааст, ки ба ҳар як оилаи занбӯри асал 12 килограмм рост меояд. Маҳсулоти тару тозаи кишоварзони ноҳияи Дарвоз, ки дар растаҳо ба намоиш гузошта шуда буд, аз рушди муттасили ин соҳа ва заҳмати шабонарӯзии аҳли заҳмати ин минтақаи дурдасти кишвар шаҳодат медод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кишоварзону хоҷагидорон барои самаранок истифода намудани ҳар як қитъа замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ҳамасола дар пайи ҳадафҳо дар самти афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар баробари бунёди боғҳои нав даҳҳо гектар боғоти кӯҳна барқарор карда мешаванд.
Зикр гардид, ки соли равон дар ноҳияи Дарвоз аз нақшаи пешбинигардида 2 гектар зиёд боғи нав бунёд гардида, 19 гектар боғоти кӯҳна барқарор карда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла «Карон мармар», «Карон гавҳарнигор» ва маҳсули дасти занону духтарони корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар», ки дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан намуда, бо ҳунари табақтарошию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои дастии мардуми ин минтақаи дурдасти мамлакат шинос гардиданд. Занону бонувони чирадасти корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» дар намоишгоҳ намунаи офаридаҳои худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд.