БОСМАЧИГӢ ХИЛОФИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ БУД. БОЗНАШРИ МАҚОЛАИ ПРОФЕССОР АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ АЗ РӮЗНОМАИ «ҶУМҲУРИЯТ»
Дар васоити ахбори омма — рӯзномаю ҳафтаномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ дар бораи ҳаракати босмачигӣ ва шахсияти қӯрбошиҳо фикру андешаҳои гуногун интишор меёбанд.
Ақидаҳое мавҷуданд, ки ҷанги босмачиёнро алайҳи ҳокимияти шӯравӣ ҳамчун «муборизаи мардуми Бухоро бар зидди инқилобчиён» тафсир мекунанд ва «пешвоён»-и босмачиёнро ба сифати «қаҳрамонони миллӣ» дидан мехоҳанд. Ин, албатта, нигоҳи яктарафа, ғалат ва субъективӣ ба воқеаҳои таърихӣ ва симои босмачиён аст. Ҳақиқат, ба назари камина, ин аст, ки босмачигӣ баъд аз гурехтани амир Олимхон ба Афғонистон, ҳамчун ҳаракати зиддишӯравӣ ба вуқӯъ омад. Аз ин сабаб моҳияти зиддиболшевикӣ касб кард. Босмачиён, ки ҳадафи асосиашон барқарорсозии Аморати Бухоро ва бозпас овардани амир буд, ҳар як шахси хайрхоҳ ва нерӯи тарафдори ҳукумати навро нобуд мекарданд. Дар ин талошҳо халқи ранҷбар бисёр нобуд мешуд, ки фоҷиа ҳам дар ҳамин буд. Ҳол он ки заҳматкашон бо босмачиён ҳеҷ гуна муносибат надоштанду нисбат ба онҳо дар дил тухми нафрату адоват мепарвариданд. Зеро босмачиён молу мулки онҳоро ба ғорат мебурданд, ҳар касеро, ки аз гуфтору рафтори эшон ҷонибдорӣ намекард, сар мебуриданд. Босмачиён кӣ буданд? Қабл аз ҳама онҳо амалдорони давлатии Аморати Бухоро буданд, ки манзурашон барқарор кардани мансаб ва салтанати пешина буд. Худи амир дар бораи ду нафар саркардаи босмачиҳо — Иброҳимбек ва Давлатмандбек, ки ҳамчун хизматгорони ҷонсупор барои пойдорию бақои Аморати Бухоро кӯшиш ба кор мебурданд, дар ёддоштҳои парешонаш навиштааст: «Аз вилояти Ҳисор ба вилояти мазкур Мулло Муҳаммад Иброҳимбек ва Давлатмандбек девонбегӣ сарлашкар, аз ҷамоаи ӯзбакияи Шарқии Бухоро буд, хеле ба давлати Бухоро хидматҳои лоиқ ва ҷонсипориҳои содиқ намуда, ризомандии ин бандаи оҷизро бозёфт карда буд. Лашкарбошии мавсуфҳоро ба ҳузурам восил гардонида, супориш намудам, ки ин бандаи оҷиз ба доруссалтанаи Кобул рафта тараддуди имдоду кӯмак саъй намоям. Агар аз ҷое барои ман кӯмаку ионат расад, то сарриштаи онро дида омаданам, Шумо ҳамроҳи асокирини худ пеши душманро нигоҳ дошта ба саришта истед». Падари Иброҳимбек низ яке аз амалдорони ҳукумати Аморати Бухоро буда, Чақабой ном дошт. ӯ дар паноҳи падар дар ҷавонии худ ба дуздию ғоратгарӣ ба сар мебурд. Маҳз амир Олимхон аввал ба Иброҳимбек унвони қаровулбегӣ, сипас унвони мири сардори қӯшуни тӯпзан ва сарлашкариро арзонӣ дошт. Вақте ки амир фирор кард, ӯ дар Бухорои Шарқӣ — марказ ва дар ҷануби Тоҷикистони кунунӣ ҳаракати босмачигиро ташкил намуд. Пайваста бо амири фирорӣ тавассути нома ва одамони худаш робита дошт, халқро тороҷ карда, ба амир маблағҳои зиёд мефиристод ва аз номи ӯ яроқу аслиҳа мегирифт. Азбаски Иброҳимбек сарвари қӯрбошиҳо ва дигар босмачиён буд, ҳамчун вакили амири гуреза генерали турк Анварпошо ва шарикони ӯро пешвоз гирифт. Анварпошо бошад, соли 1921 барои барқарор кардани ҳокимияти амирӣ аввал ба Бухоро омад ва аз он ҷо қадами номубораки ӯ ба Шарқи Бухоро расид. Амир Олимхон навиштааст: «Ман аз ин хабар воқиф гашта, ба Иброҳимбек фармон навиштам, ки Анварпошо дар хусуси муҳориба шахсан соҳибтадбир ва коргузор буда, лозим, ки Шумо дар иззатдорӣ дар назди худ оварда пурсед, агар хизмати миллати исломро хоҳиш дошта бошад, аз тарафи зоти олии мо ваколати хизмат ва илло, ба хубӣ аз дарё гузаронида, бо ин сурат равона намоед». Анварпошо ба ҷо овардани «хизмати миллати исломро» пазируфта, ҳамроҳи Иброҳимбек алайҳи аскарони сурх ва халқи тоҷик меҷангад. Мақсади ӯ ҳифзи ислом ва озод кардани ранҷбарон аз асорати «болшевикони кофир» набуд, балки манзури асосиаш бо кӯмаки нерӯҳои иртиҷоии мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи «Туркияи бузурги султонӣ» маҳсуб мешуд. Иброҳимбек дар шахси ҳамин моҷароҷӯи байналмилалӣ пуштибон ёфта, ба вилояти Ҳисор ҳуҷум мекунад. Баъди ғанимат гирифтани хазина ва олоти ҳарбӣ Ҳисорро ба худ марказ қарор дода, ҷониби Деҳнав, Бойсун, Ғузор, Шеробод, Қаршӣ ҳаракат карда, ғоратгарӣ, дуздӣ ва кушторро ба авҷ мерасонад. ӯ аз ин «комёбиҳояш» амирро огоҳ месозад. Анварпошо ба ҳадафи худ нарасид ва 4 — уми августи соли 1922 дар деҳаи Обдараи вилояти Хатлон бо ёрии халқ аз ҷониби аскарони сурх кушта шуд. Иброҳимбек бо дастгирии амир қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод. Аммо ба зарбаҳои аскарон ва калтакдорони сурх тоб наоварда, моҳи июни соли 1926 ба Афғонистон фирор кард. Вай дар он ҷо бо кӯмаки Олимхон ва дигар ҷонибдорони хориҷиаш қувваи нав ҷамъ оварда, соли 1931 боз ба Тоҷикистон тохтутоз кард. Вале, ин дафъа ҳам сахт шикаст хӯрд. Дастаи ихтиёриёни мардумӣ — муҳофизони Ватан бо сардории Муқим Султонов (1894-1975) нерӯҳои Иброҳимбекро торумор намуда, худи ӯро 23 июни соли 1931 дар деҳаи Хоҷабулбулон маъюб ва асир гирифтанд. Дар адабиёти таърихӣ ва бадеӣ чеҳраи босмачиён бо рангҳои гуногун инъикос ёфтааст. Дар ёддоштҳои амир Олимхон «Таърихи ҳузн — ал — милали Бухоро» (Порис,1927), ки бо саъй ва эҳтимоми вакили амир генерал Ҳоҷӣ Юсуф Муқим-бий интишор ёфта буд, сардорони босмачиён — Иброҳимбек, Давлатмандбек, Мулло Абдулқаҳҳор, Анварпошо таърифу тавсиф шудаанд. Дигар сарчашмаи пурқимати таърихӣ оид ба Инқилоби Бухоро ва босмачигӣ асари Муҳаммадалӣ ибни Муҳаммадсаиди Балҷувонӣ «Таърихи нофеъӣ» (1923-1927) ба шумор меравад. Муаллиф шоҳиди бесарусомониҳои Бухоро, гурехтани амир ва авҷи босмачигӣ буд. ӯ менависад: «Вақте ки Амир Олимхон мағлуб шуда ба сӯи Ҳисор фирор намуд, баъзе аз асокире, ки аз ҷанг гурехта буданд, дар ҳамон рӯзи мағлубияти амир тариқаи роҳзанӣ ва босмачигиро иҷро намуда буданд. Ва низ баъзе одамоне, ки бо ҳамроҳии амир рафта буданд, гашта омада, тариқи босмачигиро ташвиқ намуданд». Дар байни шарикони амир, ки баъд аз се-чор моҳ ба Ватан баргаштанд, ҳокими Ҳисор Авлиёқулбек девонбегӣ, Дониёл Иноқ, Мулло Абдулҳакими Савлат — қозии Шеробод, Абдулло бойбачаи қаровулбегии ғиҷдувонӣ, Мурод Паҳлавони Пайкандӣ ва дигарон буданд. Номбурдагон дузд ва босмачӣ шуданд, мардумро тороҷ карданд. Муҳаммадалӣ менависад, ки «онҳо ба тариқи низомию аскар шуда, ҷамоа-ҷамоа мамлакатро асири нафси шаҳвонии худ намудаанд». Соҳиби «Таърихи нофеъӣ» ду ҷиҳати фаъолияти Анварпошоро таъкид мекунад: яке муттаҳид кардани босмачиён дар атрофи худ, ки боиси ягонагии онҳо мешуд, дигаре бо яроқу аслиҳа таъмин сохтани эшон, ки боиси иқтидорашон мегардид. Ба ин маънӣ муаллиф дар бораи Анварпошо навиштааст: «Бояд донист, ки дар замони босмачӣ шудани Анвар-подшоҳ тамоми босмачиёни вилояти Туркистон дар тараққӣ шуданд. Ҳукумати Шӯро низ хавфи азим дошт ва дар вилояти Қошғару Афғонистон низ дар он ҳин босмачиён тараққӣ намуданд, зеро ки Анвар-подшоҳ аз давлатҳои беруна ба онҳо асбобу аслиҳаи ҷангро оварда ионат медодааст. Баъд аз фавти Анвар-подшоҳ ҳамаи босмачиён мағлуб шуда, рӯй ба нестӣ оварданд». Муҳаммадалӣ воқеаҳои босмачигиро бо чунин ниёиш хотима медиҳад: «Илоҳо, диёри мо Туркистонро аз балои босмачӣ ва хунрезии бағайриҳақ дар амон дор!». Арбобони давлатию ҷамъиятӣ, ки шоҳиди хунхорӣ, бадкирдорӣ, ҷабру зулми босмачиён нисбат ба аҳолии бегуноҳ буданд, дар бораи онҳо бо қаҳру ғазаб навишта, ягонагии онҳоро бо амири гуреза таъкид менамоянд. Абдуқодир Муҳиддинов, нахустин раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон, дар сарсухани худ ба асари Абдурауфи Фитрат «Давраи ҳукмронии Амир Олимхон» (1930) чунин навишта буд: «Анвар, Иброҳим, Фузайл ва дигар саромадони босмачиҳо аз номи амир кор карданд, халқро тала ва тороҷ намуданд ва аз ҳиссаҳои дуздӣ ҳамеша ҳиссаи амирро ба ӯ мерасониданд. Дар Кобул ҳам айшу ишрати амир аз молҳое, ки намояндагонаш тала ва тороҷ мекарданд, таъмин карда мешуд. Вақте ки мардуми Тоҷикистон зарарҳои босмачигӣ, хиёнат ва ҷинояти онҳоро ба чашми худ диданд, бо ёрии аскари сурх хоки Тоҷикистонро аз вуҷуди нопоки босмачиҳо покиза карданд, бозори «фаъолияти сиёсии» амир ҳам суст шуд». Дар адабиёти бадеии тоҷикӣ аз солҳои 20-уми асри ХХ то ба имрӯз тахрибкориҳои босмачиён мавзӯи тасвиру тадқиқ қарор ёфтааст. Садриддин Айнӣ дар асари худ «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (1922) ба ҳам пайвастани босмачиёни Фарғона ва Шарқи Бухороро ишора намуда, дар бораи тороҷгарии онҳо чунин навиштааст: «Аскарони амир, ғазоталабон ва босмачиёни Фарғона, ки ба нияти имдод дар рикоби амир омада буданд, аҳолии Ҳисорро тороҷ карда, ба ҷон расониданд. Бинобар ин, аксари аҳолӣ ба кӯҳҳои баланд фирор карда, шаҳр ва қишлоқҳоро холӣ гузоштанд». Устод Айнӣ бар ин аст, ки босмачиён аввалин маротиба дар Фарғона пайдо шуданд ва эшон фирқаи роҳзанон, дуздон ва ғоратгарон маҳсуб мешуданд, ки аксаран дар соатҳои намозгузории мардум молу ҳол ва дигар сарвати онҳоро ба ғорат мебурданд. ӯ дар мақолаҳои худ «Босмачиёни Фарғона кистанд?» (августи 1921), «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд кард?» (сентябри 1921) ва «Дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Самарқанд» (12 сентябри 1921), ки дар маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» чоп шудаанд, мазмун ва моҳияти зиддихалқии ҳаракати босмачиёнро ошкор намуда, башараи манфури эшонро ба халқ нишон медиҳад. «Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншивик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд, — навишта буд устод Айнӣ. — Ҳамон аст, ки эшон аз аҳди Эргаш ва Муҳаммадаминбек то имрӯз бо ҳамдигар ҳамчашмӣ ва рақобат карда, миёни худ муҳориба ва пайкор доранд. Инчунин эшон ягон амри шариатро, зоҳиран ҳам бошад, риоя накарда, ҳамеша ҷавонони амрад ва занону дӯшизаи мардумро ба зӯру тааддӣ ба атроф ҷамъ карда, ирзу номуси фуқароро помол ва сомонашонро бераҳмона тороҷ менамоянд. Пас маълум шуд, ки эшон дуздони оддӣ будаанд». Садриддин Айнӣ ҷамъияти иртиҷоии «Шӯрои ислом» -ро, ки дар Самарқанд бо саъю ҳаракати уламои мутаассиб ташкил ёфта буд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад, зеро вай ҳукумати шаҳрро ба даст гирифта, кори идораи маъмуриро ба дасти дуздон супурд. Вақте ки ин дуздон расман мусаллаҳ шуданд, ба ҳар васила дар тохту тороҷи моли мардум кӯшиданд, ҳавлиҳоро ғорат карданд, дар раставу бозори шаҳр шабона ҳуҷум оварда, дӯконҳоро якбора ба яғмо бурданд. Ҳамин дуздҳо дар Шарқи Бухоро босмачӣ шуданд. Устод Айнӣ дар романи таърихии «Дохунда» босмачиёнро ба табақаҳо ҷудо карда, чеҳраи манфури онҳоро ба риштаи тасвир кашидааст: Роҳбарони ҳамаи босмачиён Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Давлатмандбек; қӯрбошиҳо — сардорони дастаҳои босмачиён ҳамчун Қарохон-бий, Туғай-сарӣ, Абдураҳмони мингбошӣ, Кӯри Шермат, Эшони Султон, Нусратшоҳ, Абдураҳмони Парвоначӣ ва дигарон; босмачиёни оддии сершумор; Алӣ Ризо ва Дониёл, кормандони масъули Ҷумҳурии халқии Бухоро, ба босмачиён пайвастаанд; сарвари босмачиёни Шарқи Бухоро, аҷнабиёне, ки бо тоҷикон ҳеҷ робита надоштанд ва аз Туркия омадаанд — Анварпошо ва ҳамдиёрони ӯ Қаро Козимпошо, Салимпошо, Юсуф Зиё, Сурайё Афандӣ ва дигарон. Устод Айнӣ на танҳо ҷаллодпешагии босмачиёнро бо рангҳои гуногун тасвир менамояд, балки дар бораи саҳми мардуми заҳматкаш дар шикасти босмачиён ва маҷбуран гирифтори онҳо шудани ранҷбаронро низ тазаккур медиҳад. Нависанда хеле одилона ибрози андеша менамояд: «Аз як тараф фақирон даста-даста шуда худро ба дастаҳои фидоӣ менависонанд; аз тарафи дигар аз нафарони босмачӣ — онҳое, ки аз зарурат ва ё ки ба иғвои қӯрбошиён ва далолати муллоён фирефта шуда босмачӣ шуда бошанд, панҷ — панҷ, даҳ — даҳ омада ба ҳукумат яроқашонро супурда таслим мешуданд». Мавқеи Садриддин Айнӣ нисбат ба босмачиён дар романи таърихии «Ғуломон» (1934) ва дигар навиштаҳояш низ ҳамин хел холисона аст. ӯ решаи туркигароии босмачиёнро бо ҳамин ҳам ба исбот мерасонад, ки сардори аввали онҳо Саид Олим охирин амири сулолаи манғитиҳо буд. Унвонҳои низомии эшон низ туркӣ буданд. Иброҳимбек — тӯйчибошӣ ва лашкарбошӣ, Абдураҳмонпарвоначӣ — лашкарбошии ғозӣ, Анварпошо — улуғ турк генералӣ, Сомипошо — бошқумондон, дигар босмачиён — қӯрбошӣ, элликбошӣ, юзбошӣ, мингбошӣ, хулоса ҳамаи истилоҳоти босмачиён туркӣ — ӯзбекианд. Дар достонҳои шоирон Лутфӣ «Салим партизан» (1938), Ҷавҳарӣ «Зафар» (1942), драмаи Сотим Улуғзода «Калтакдорони сурх» (1940), романҳои Раҳим Ҷалил «Одамони ҷовид» (қисми якум соли 1940, қисми дувум соли 1949) ва «Шӯроб» (1956-1967) тороҷгарӣ, одамкушӣ, шарорат ва дигар аъмоли зиддихалқӣ ва зиддидавлатии қӯрбошиҳо Холбӯта, Саидмурод, Иброҳимбек, Саидаҳмад, Исломбек, Машраб ва дигарҳо, ки дар шимоли сарзамини кунунии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, ҳаққонӣ тасвир ёфтаанд. Қаламкашони мазкур низ, мисли устод Айнӣ, дар солҳое ба сар бурдаанд, ки босмачиён тохтутозҳои ғоратгарона ва ҳаракатҳои алайҳи ҳаёти навро вусъат медоданд. Меҳмон Бахтӣ дар намоишномаи «Лаҳзаи ҷовид» (1966), Ҷалол Икромӣ дар «Тахти вожгун» (1974), ки китоби сеюми романи «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» мебошад, Фотеҳ Ниёзӣ дар романи «Ҳар беша гумон мабар, ки холист…» (1975) низ аъмоли душманони халқу давлат-босмачиёнро ба риштаи тасвир кашидаанд. Баъзе қаҳрамонони романҳои Абдулҳамид Самад «Гардиши девбод», Кароматулло Мирзо «Дар орзуи падар», Шоҳмузаффар Ёдгорӣ «Васваса» дар натиҷаи ба мансаб расидан ё таъсири ашхоси бадрафтор хислатҳои босмачиёна пайдо мекунанд ва ба мардум ҷабру зулмро раво медоранд, ки нависандагон замони зуҳури ашхос ва худи онҳоро мазаммат кардаанд. Мо наметавонем дар як мақола ҳамаи осори нависандагонро, ки таърихи пайдоиши ҳаракати босмачигӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро бозгӯӣ мекунанд, аз назар гузаронем. Фақат ҳаминро таъкид карданӣ ҳастем, ки асарҳои нависандагони тоҷик ҳақиқати воқеии ҳаётро дар бар гирифтаанд. Воқеияти таърихӣ ва аъмоли босмачиён, ҳамчунин дар тадқиқоти М.Эркаев «Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон» (1966), Т.Каримов «Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва ҳаллу фасли масъалаҳои аграрӣ дар Тоҷикистон», Р. Абдулҳаев «Мустаҳкам намудани ҳокимияти шӯравӣ дар болооби Зарафшон (1818-1923)» (1972) ва дигар олимони тоҷик, рус, ӯзбек, туркман, англис бо далелҳои раднопазир баррасӣ гардидаанд. Шубҳае нест, ки нависандагони тоҷик дар тадқиқи бадеии воқеаҳои босмачигӣ аз осори муаррихон бардоштҳои муҳим ба даст меоранд. Ҳамзамон роҳу василаҳои тозаи тасвири бадеии ҳаракати босмачигӣ ва офариниши типҳои нави босмачиёнро ҷустуҷӯ менамоянд, то ки ба умқи ҳақиқат рафта расанд. Саттор Турсун дар романи «Се рӯзи як баҳор», ки дар давраи шӯравӣ таълиф ёфта буд, ба воқеияти таърихӣ назари тоза андохта, ба таҳқиқ мепардозад, ки оё ҳамаи босмачиён як хел буданд? Не, албатта. Ҳанӯз Ҳаким Карим дар ҳикояҳои худ, ки солҳои сиюми садаи бист эҷод кардааст, фиреб хӯрда ба босмачиён пайвастани ранҷбарони одиро нишон дода буд. Дар ҳикояи «Тӯҳфа» (1932) якчанд деҳқони камбағал аз ҳамроҳӣ ба босмачиён пушаймон шуда, Остонақули қӯрбошӣ ва ёрони ӯро асир мегиранд ва ба одамони ҳукумат ҳамчун тӯҳфа месупоранд. Минбаъд дар бораи босмачиён ва муборизаи халқи тоҷик алайҳи онҳо асарҳои гуногунжанр боз навишта хоҳанд шуд, чунонки дар адабиёт ва синамои рус оид ба шахсияти Колчак, Врангел, Деникин… асарҳои тоза ба тоза ба майдон меоянд. Нависандагони тоҷик ҳанӯз симои ҳақиқии Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Сайид Аҳмад ва амсоли инҳоро чунон ки бояд, ба риштаи тасвир накашидаанд. Ин босмачиён содаю беақлу аблаҳу гӯлу гумроҳ набуданд. Онҳо инсонҳои доно, зирак, маккор, ҳушёр, нотарс ва соҳибирода ба ҳисоб мерафтанд. Ҳар як саҳву хато ё нақшаҳои беҷои ҳукумати болшевикиро ба муқобили худаш истифода мебурданд. Аммо азбаски илми ҳарбиро намедонистанд, аз тактика ва стратегияи ҷанг огоҳии комил надоштанд, халқ онҳоро ҳимоя намекард, ба шикаст мувоҷеҳ мегаштанд. Худи ҳаёт ба исбот расонд, ки онҳо на дар зиндагӣ ва на дар асарҳои адабиёту санъат қаҳрамонони мусбат шуда наметавонанд. Дар ин хусус кӯшиш ба харҷ додан ҳам аҳамият надорад, балки зарар дорад. Бинобар ин, омӯзгор Ҷамолиддини Собир сари вақт бонги изтироб мезанад, ки «Қаҳрамонсозӣ аз чеҳраҳои ҳаракати босмачигӣ ба хотири чист?» («Ҷумҳурият», 30 апрели 2011). Шояд онҳое, ки босмачиёнро ба дараҷаи қаҳрамонӣ бардоштанианд, мақсад доранд, ки давомдиҳандагони аъмоли эшон — муҷоҳидони солҳои 90-уми садаи бистро низ «қаҳрамони миллӣ» эълон намоянд? Ҳол он ки «тарроҳону бозигарони аслии ин ҳодисаҳо ба даргириҳои солҳои 90-ум равиши «ҷиҳодӣ» дода, бозиҳои сиёсии худро маҳз аз талошҳои додани тобиши ватанхоҳӣ ва миллатпарастӣ ба ҳаракати босмачигӣ оғоз карданд». Дар китоби сеюми Кароматуллоҳи Мирзо «Дар орзуи падар» чеҳраи сиёсии тарҳрезони хориҷии даргириҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ва робитаи онҳо бо сиёсатбозони маҳаллӣ моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудааст. Воқеаҳои номатлуби солҳои 90-ми қарни бист, ки ба ҷанги бемаънии байни тоҷикон оварда расонданд, аз раҳпаймоии гурӯҳи норозиҳо аз сиёсати ҳукумати вақт ибтидо гирифта буд. Баъд ташкили аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои ба ном мардумӣ сар шуд. Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ҳаракати «Растохез» ба фаъолият шурӯъ карданд. Дертар аз суханронии баъзе сиёсатбозҳо фаҳмидем, ки Ҳизби наҳзати ислом махфӣ -16 сол муқаддам таъсис ёфта будааст ва дар масоҷид амал мекардааст. Ҳамаи инҳо худро ба Ҳизби коммунист ва ҳукумати вақт муқобил мегузоштанд. Вақте ки Тоҷикистон озодии сухан ва виҷдонро ҳамчун падидаҳои демократия эълон кард ва ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ иҷозат дод, рӯзномаи «Адолат», нашрияи Ҳизби наҳзати ислом, чоп шуд. Тадриҷан нерӯҳои мухолифини сиёсии тоҷик ташаккул меёфтанд. Бегонаҳо аёну ноаён ба ин қувваҳо роҳнамоӣ мекарданд. Ёд дорам, ки телевизиони Маскав «Мавқеъ» ном барнома ташкил карда буд ва намояндаи он ба Душанбе омада, суханронии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии Тоҷикистонро ба навор гирифт. Дере нагузашта сӯҳбати эшон дар бораи нақши дини ислом дар инкишофи афкори ҷамъиятиву сиёсии замон ба забони русӣ пахш гардид. Дар натиҷаи фишороварии муттафиқонаи роҳбарон ва дигар намояндагони Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ҳаракати ба ном мардумии «Растохез» нахустин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифааш истеъфо дод. Аз Русия намояндагони аҳзоби мухолифон А.Собчак ва Е. Велихов ба Душанбе омада буданд. Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон давом дошт. Аммо дар утоқи дигар Қозӣ домулло ҳамроҳи Мелихов ва Собчак вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистонро фишор оварда, ташвиқ мекарданд, ки ба нағзӣ истеъфо диҳанд. Мардумро ба майдонҳо ҷудо карда буданд. Одамони «Майдони озодӣ» ва «Майдони шаҳидон» алайҳи ҳамдигар ҳарфҳои талху тунд мегуфтанд. Дар «Майдони шаҳидон» аз назди Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ то Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В. Маяковский хиёбони марказии пойтахтро баста, ҳаракати нақлиётро боздошта, хайма заданд. Роҳбарони ин бесомониҳо хурофотпарастони мутаассибро ба муборизаи мусаллаҳона даъват намуданд, ба ҷавонони содалавҳи нодон яроқ дода гуфтанд: «Зафар биёбӣ, ғозӣ мешавӣ, бимирӣ шаҳид мешавию ба ҷаннат меравӣ!» Дар солҳои бистуми асри гузашта низ қӯрбошиҳо ва уламои иртиҷоӣ ба ҷавонони бесавод, ки ба доми босмачиён меафтоданд, ҳамин зайл мегуфтанд. Инҳо шаклҳои нави босмачигӣ дар авохири асри бист ба шумор мерафтанд. Ҳамлаи мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев аз мавзеи Бахмали ҷумҳурии ҳамсоя ба вилояти Суғд, ки маркази вилоятро ба фоҷиа гирифтор намуд, босмачигии замони нав буд. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон босмачиёни навбаромад сар карданд, беш аз 120 ҳазор одамро ба коми худ кашида, боиси мусофирати иҷбории зиёда аз як миллион нафар ба Афғонистон гардид. Зарари моддию молиявии он ба ҳашт миллиард долллари амрикоӣ баробар шуда, 35000 манзили меҳнаткашон бо молу амволашон нобуд гашт, 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Бо вуҷуди ҳамаи ин фоҷиаҳо бандаҳои ношукр то ба рӯзҳои мо даст ба куштор мезананд. Амалиёти дастаи Мулло Абдулло ва думравони ӯ дар ноҳияи Рашт дар ин бора далолат мекунад. Аз 15 нафаре, ки кушта шуд, 10 нафари ин дастаи хунхор аз 17 то 31-сола будаанд. Қариб ҳамаи онҳо дар давраи истиқлолият ба дунё омадаанд. Рӯшан аст, ки муҷоҳидон онҳоро фиреб карда, ба дасташон силоҳ додаанд. Танҳо ба шарофати талошҳои фидокоронаи Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Тоҷикистон ва ҳамдастии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари мухолифони тоҷик, дар кишвари мо сулҳ ва ризояти миллӣ барқарор гардид, баъд давраи созандагӣ оғоз ёфт. Сулҳи байни тоҷикон нодиртарин воқеаи сиёсӣ дар таърихи дипломатия аст, ки қувваю қудрати давлати хеле ҷавони соҳибистиқлоли моро нишон медиҳад. Ба имзо расидани ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зуҳуроти дурахшони тафаккури нави ҳар ду тараф буд. Дар таҷрибаи Тоҷикистон татбиқи тафаккури навро дар сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумат метавон рӯшан ба мушоҳида гирифт. Магар амалӣ сохтани сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла ба халқ барои истифодаи доимӣ додани 75000 гектар замин ва ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, ба ниёзмандон тақсим кардани қитъаҳои замини наздиҳавлӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои бозаргонӣ, рушди соҳибкорӣ далелҳои раднопазири самараи сулҳ нестанд? Агар ба ҷанг хотима дода намешуд, оё давлат метавонист масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани Тоҷикистонро ба миён гузорад ва ба ҳаллу фасли он бипардозад? Сохтмонҳои Шоҳроҳи Ваҳдат ва чаҳор пули азим дар рӯди Панҷ, ки кишвари моро ба мамолики хориҷа мепайванданд, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда- I» ва «Сангтӯда -2″, Роғун, ки мамлакатро аз ниёзмандии энергетикӣ наҷот медиҳад, арзиши сулҳ ба шумор намеоянд? Агар сулҳ фаро намерасид, оё Ҷумҳурии Тоҷикистонро 130 давлати ҷаҳон ба расмият мешинохт ва мо метавонистем бо даҳҳо кишвар ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷориро ба роҳ монем? Дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки мазмуну моҳияти сиёсати хориҷиии Тоҷикистон аст, низ аз арзишҳои бузурги сулҳ мебошанд. Мо ба ин ҳама дастовардҳо асосан пас аз фаро расидани сулҳ ва ризоияти миллӣ — нимаи дувуми соли 1997, дар давоми 13 сол муваффақ гардидем. Бинобар ин, аз анҷоми ҷанг шукр гуфта, ба қадри сулҳ, ободӣ ва осудагии ҳаёт бояд бирасем. Вале афсӯс, ношукрии доираҳои муайяни ҷомеа аз сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба гӯш мерасад. Дар мамлакат барои ба ҷо овардани тамоми талаботи дини мубини ислом шароит муҳайё бошад ҳам, ҳаракатҳои динӣ — экстремистӣ ба оромии ҷомеа халал ворид месозанд. Фаъолияти ғайриқонунии ҳизби «Таҳрир» ва ҳаракати «Салафия» ҷавонони гумроҳ ва баъзе волидайни ноогоҳро ба доми худ мекашад. Бархе падару модарон бо роҳу василаҳои гуногун фарзандони ноболиғ ё ҳанӯз хоми худро ба хориҷа — ба мактабу мадрасаҳои диние мефиристанд, ки онҳо ба ҷои аз худ кардани асосҳои дини поки ислом зери таъсири ақоиди нопоки ифротӣ ва тундрави бегона мемонанд. Мутаассифона бархе аз ҳамватанони мо дастовардҳои назарраси зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ баамаломадаро нодида гирифта, мардумро мехоҳанд ба иштибоҳ андозанд. Барои онҳо сулҳ, оштӣ, ризоят, ваҳдат чандон арзиш надоранд. Ҳадафи онҳо ноором сохтани ҷомеа ва аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон кайфу сафо карда гаштан аст. Дар сурате, ки бисёр дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон меоянд, баъзе сиёсатбозони миллӣ ҳукумати бунёдкорамонро танқид намуда, «пешвоён»-и худро тавсиф мекунанд. Ин ҳам зуҳуроти ҷоҳпарастӣ ва мансабталошӣ мебошад, ки ҷомеаро ба вартаи нооромӣ мекашад. Фикру андешаҳои шахсиятҳои бузурги гуногунмиллат ва гуногунмазҳаб, ки муродашон ободии кишвар ва осудагии рӯзгори халқ аст, ба ҳамдигар наздиканд. Дар сари қабри Ҷон Кеннедӣ, Президенти шодравони ИМА, дар санги хоро бо ҳарфҳои заррин чунин суханҳои ӯро навиштаанд: «Амрикоиҳои азиз, Шумо иддао макунед, ки Амрико барои Шумо чӣ корҳоро анҷом бидоду кадом корҳоро ба сомон нарасонд. Як маротиба аз худатон бипурсед, ки Шумо барои Амрико чӣ кор кардед?!» Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ метавонад ба худ савол бидиҳад, ки барои пешрафти Ватани худ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони он чӣ хидмате ба ҷо овард?! Атахон САЙФУЛЛОЕВ, доктори илмҳои филология, профессор (Баргирифта аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» , 07.06.2011 сол)