Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Баргузории «Рӯзи оила»

oila 2Рӯзи 15 майи соли 2019 дар бинои бахши фарҳанг «Рӯзи оила» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардорони идораю муассисаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, оилаҳои бехтарин ва чаҳор оилаи намунавӣ, ки як ҷуфти он навхонадорон буданд, иштирок намуданд.

Нахуст муовини якуми раиси ноҳияи Дарвоз Давлатзод Ҳаким Алушӣ баромад намуда, иштирокдорон ва мардуми ноҳияро ба «Рӯзи оила» табрику муборакбод намуд.

oila 3Сипас, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ба чаҳор нафар оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотирмон ва аз тарафи Ҷамоати деҳоти Қалъаихум ба чаҳор нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.

Дар рафти чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз эҷодиёти шоирон дар васфи модар, падар ва Ватан шеърҳо қироат намуданд.

Инчунин, дар охир барномаи омоданамудаи кормандони бахши фарҳанг пешкаши тамошобинон карда шуд.   

Солеҳзода С



Омори сомона

2088095
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
832
1025
3291
2073546
19313
65906
2088095