Баргузории мусобиқаҳо дар арафаи ҷашн
Аз рӯи нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва нақша чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия санаи 20.02.2020 байни сарбозону ҷавонони сини даъвати чорабиниҳои ҳарбӣ- варзишӣ дар қисми низомии 0409 доир гардида ҳамзамон ҷавонони сини даъватӣ бо шароити зисту зиндагӣ , яъне ҷои хоб ва ошхонаи сарбозон дидан намуданд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки байни сарбозони қисми низомии 0409 ва ҷавонону наврасон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди давидан ба масофаи 100м, вазнбардорӣ,дастхобонак,баданкаши ва бандкашӣ доир гардид, ки дар он ҷавонон ва сарбозони ноҳия фаъолона ширкат намуданд. Ғолибон аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо тӯҳфаю ифтихорномаҳои қадрдони гардиданд.
Бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия байни ҷавонон мусобиқаи футбол, байни ҷавонони ҷамоати деҳоти Вишхарф ва сарбозони дидбонгоҳи Кеврон, қисми низомии 0409 мусобиқаи волейбол ва дар Ҷамоати деҳоти Нулванд, деҳаи Ёгед мусобиқаи баскетбол доир гардида дар ин мусобиқаҳо ҷавонон маҳорати баланди варзишии худро нишон доданд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия
Иқболшозода Олимшо Иматшо