БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ПАҲОГИРӮЗӢ ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани завқи мардум ба варзиш, таҳкими саломатӣ ва пешгирии бемориҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар маркази ноҳия ҳар ҳафта, рӯзи шанбе, машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор карда мешаванд.
Субҳи имрӯз дар толори варзишии Гимназияи №1-и ноҳия машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло, муовини якуми раиси ноҳия, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия доир гардид.
Иштирокчиён бо иҷрои ҳаракатҳои гуногуни варзишӣ ва машқҳои ҷисмонӣ рӯзи худро бо рӯҳияи болида ва неруи тоза оғоз намуда, аҳамияти тарбияи ҷисмонӣ ва риояи тарзи ҳаёти солимро бори дигар таъкид карданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории мунтазами чунин машқҳо дар тарғиби фарҳанги варзишӣ, таҳкими саломатии ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти корӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим нақши муҳим дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз минбаъд низ ҷиҳати ҷалби бештари аҳолӣ ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
















