БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ДАРВОЗ

Имрӯз дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло маҷлиси назоратӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, кормандони дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони идораю муассисаҳо, намояндагони сохторҳои ҳолатҳои фавқулодда ва комиссариати ҳарбии ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғози маҷлис иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвоз муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлиси назоратӣ шинос карданд.
Ба рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин пешниҳод гардиданд:
1. Тағйироти кадрӣ
2. Баррасии масъалаҳои ҷорӣ.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Ватанов Пулодҷон- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо баромад намуда, қарорҳои раиси ноҳияро қироат намуд.
Баъдан, ҷавононе, ки ба тозагӣ фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи хизмати давлатӣ оғоз намуданд, дар фазои тантанавӣ Савганди хизматчии давлатиро қабул намуданд.
Зимни ин маросим таъкид гардид, ки хизмати давлатӣ масъулияти бузург, садоқат ба давлату миллат, риояи қонунгузорӣ, поквиҷдонӣ, интизоми баланди меҳнатӣ ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматиро талаб менамояд. Ҳамзамон, аз ҷавонон даъват карда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва донишҳои муосир дар пешрафту ободонии ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар идомаи маҷлис масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, рафти иҷрои супоришҳои қаблан додашуда, иҷрои қарорҳои дахлдор, вазъи фаъолияти сохторҳои дахлдор ва камбудию норасоиҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Амирбекзода Ҳабибулло ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои мавҷуда, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳо, тақвияти назорати дохилӣ, риояи интизоми меҳнатӣ ва таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои протоколӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳар як роҳбар ва масъули соҳа бояд дар доираи ваколатҳои хизматии худ фаъолияти мунтазаму самаранокро ба роҳ монда, барои ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷуда ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Дар фарҷоми маҷлис раиси ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашударо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намоянд.
















