Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР НОҲИЯИ ДАРВОЗ

IMG 7959

Имрӯз бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва баланд бардоштани маърифати экологӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.

Дар ин иқдоми созанда кормандони идораву муассисаҳои ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иштирок намуда, дар корҳои тозагӣ, рӯбучини кӯчаву роҳравҳо, ҷамъоварии партовҳо ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Зимни баргузории ҳашар иштирокчиён бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузошта, барои фароҳам овардани муҳити тозаву солим ва беҳтар намудани ҳолати санитарии маҳал талош намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷамъона на танҳо барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, балки барои баланд бардоштани маърифати экологӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон ва тарғиби фарҳанги ободкориву созандагӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз аз тамоми сокинон даъват ба амал меорад, ки дар тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист саҳм гузошта, барои ҳифзи табиат ва зебоии диёри азизамон бетараф набошанд.



Омори сомона

2201612
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
858
1063
5996
2176622
26783
58144
2201612