Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини волоияти қонун ва некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.

 



Омори сомона

1939020
Имрӯз
Дирӯз
Ҳафтаи равон
Ҳафтаи гузашта
Моҳи равон
Моҳи гузашта
Ҳамаи рӯзҳо
70
1398
3403
1918821
32852
51964
1939020